Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Раққа. ДИИШ як пойгоҳи муҳими ҳавоиро аз даст дод


Ниманизомиёни курд ва арабе, ки аз сӯи Амрико дар шимоли Сурия ҳимоят мешаванд, мегӯянд, пойгоҳи муҳими ҳавоии "Табқа"-ро аз тасарруфи гурӯҳи "Давлати исломӣ" берун кардаанд. ДИИШ дар соли 2014 ин фурудгоҳи низомиро ба тасарруфи худ дароварда ва даст ба куштор зада буд.

Гурӯҳи "Нерӯҳои демократии Сурия" дар баёнияе, ки рӯзи 26 март содир кард, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир назорати комили пойгоҳи ҳавоиро дар ихтиёр дорад ва амалиёт барои амнсозии минтақаҳои атроф идома дорад. Ин пойгоҳи стратегӣ, дар наздикиҳои нерӯгоҳи муҳими "Табқа" қарор дорад ва назорати он метавонад нақши муҳиме дар пешравиҳо ба сӯи ин нерӯгоҳ ва дар ниҳоят озодсозии шаҳри Раққа аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" ифо намояд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар соли 2014 фурудгоҳи низомии "Табқа"-ро ба тасарруфи худ дароварда ва даст ба куштор зада буд.

Рӯзи 22 март як мақоми амрикоӣ гуфта буд, ниманизомиёни умдатан курди мавриди ҳимояти Амрико бо истифода аз чархболҳо ва кӯмаки сарбозони ИМА амалиёти "бесобиқае"-ро анҷом дода ва садҳо тан аз афроди "Нерӯҳои демократии Сурия" ба атрофи дарёи Фурот интиқол дода шудаанд. Рӯзи якшанбе афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" иддао карда буданд, ки дар сурати ҳамлаи ҳамоии нерӯҳои эътилоф, нерӯгоҳи барқии "Табқа"-ро мумкин аст бишкананд. Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди фоҷеаи эҳтимолӣ аз канда шудани оби нерӯгоҳи "Табақа" ҳушдор додааст.

Як зани ҷангии курд.
Як зани ҷангии курд.

Шаҳри Раққа -- маркази аслии гурӯҳи ДИИШ дар Сурия, дар 40-километрии нерӯгоҳи "Табқа" қарор дорад. Пойгоҳи ҳавоии "Табқа" дар соли 2014 ба тасарруфи афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" даромад. Он замони ДИИШ дар авҷи пешравиҳои худ дар Сурия ва Ироқ қарор дошт. Ин фурудгоҳи низомӣ дар он замон танҳо пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия дар минтақаи таҳти нуфузи "Давлати исломӣ" ба шумор мерафт. Даҳҳо адад ҳавопаймо, чархбол, тонк ва дигар таҷҳизоти ҷангӣ дар замони ҳамлаи ДИИШ, дар он қарор дошт.

Афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" пас аз тасарруфи пойгоҳи низомии "Табқа" тақрибан 200 сарбози артиши Сурияро куштанд ва сарҳои буридаи бархе аз онҳоро дар майдони марказии шаҳри Раққа намоиш доданд. Амалиёт алайҳи ДИИШ дар ҳоли ҳозир дар ду шаҳри аслӣ, ки дар тасарруф доранд -- дар Раққаи Сурия ва Мавсили Ироқ, идома дорад.

XS
SM
MD
LG