Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Фирташ: Аз ҳаққи худ дар "Тоҷиказот" дифоъ мекунем


Ширкати миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ бо пахши як изҳорот даъвои мақомоти тоҷик дар мавриди "Тоҷиказот"-ро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, "аз ҳаққи худ дар тамоми додгоҳҳо, бо шумули додгоҳҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳад кард."

Ширкати Group DF, ки масъулияти идораи корхонаоҳи марбут ба миллиардери украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташро бар ӯҳда дорад, даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бар сари корхонаи «Тоҷиказот» дар шаҳри Сарбандро беасос ва муғоир ба қонунҳои Тоҷикистон хонда, гуфтааст, «мо аз ҳаққи худ дар тамоми додгоҳҳо, бо шумули додгоҳҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳем кард.»

Дар изҳороти Group DF, ки рӯзи 28 апрел ба дасти Озодӣ расид, гуфта мешавад, 75 дарсади саҳмияҳои «Тоҷиказот» ба ширкати «Ostark Ventures limited”, яке дигар аз ширкатҳои марбут ба Дмитрий Фирташ тааллуқ дорад ва ин ширкат тамоми ӯҳдадорияҳояш дар назди корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-ро то имрӯз пурра иҷро кардааст.

Дар изҳорот омодааст, ки ширкати Фирташ дар 12 сол ба «Тоҷиказот» 17 миллион доллар сармоягузорӣ карда, ин корхонаи муштарак дар ин муддат ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 45 миллион сомонӣ, муодили 9 миллион доллар супурдааст.

Group DF мегӯяд, «Тоҷиказот» аз декабри соли 2008 ба ин тараф ба далели қатъ шудани воридоти гази Узбакистон аз кор мондааст, вале «ба муҷарради аз сар гирифтани воридоти газ корхона ба кор пардохта, тавлиди нуриҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро аз сар хоҳад гирифт.»

Сарнавишти «Тоҷиказот» 23 июн маълум мешавад
Изҳороти Group DF дар ҳоле нашр шуд, ки додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон эълони ҳукми додгоҳ нисбати корхонаи «Тоҷиказот»-ро то 23-уми июн ба таъхир гузошт. Вакили дифои яке аз саҳҳомони корхонаи «Тоҷиказот» рӯзи 28-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки додраси додгоҳ баъд аз баррасии имрӯза бо иштироки ҷонибҳо эълони ҳукмро то ба рӯзи 23-юми июн монд.

Имрӯз додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон бар пояи даъвои Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон то чӣ ҳад қонунӣ будани ҷараёни хусусигардонии корхонаи «Тоҷиказот»-ро баррасӣ кард.

Баҳси «Тоҷиказот»-и Фирташ дар додгоҳи иқтисодии Хатлон

Исрофил Муҳаммадиев,
вакили дифои Хайрулло Саидов -- фарзанди Зайд Саидов рӯзи 28-уми апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки мурофиаи додгоҳии корхонаи "Тоҷиказот" оғоз шуда ва дар ин ҷо баҳси сеҷониба сурат гирифтааст.
Вай афзуд, ки дар мурофиа намояндаи сармоядори украинӣ Дмитрий Фирташ, намояндаи ҳукумати кишвар ва вакили Хайрулло Саидов, ки 5 фоизи саҳмияи ин корхонаро дар ихтиёр доранд, ҳузур доранд.

Исрофил Муҳаммадиев афзуд, ки бар асоси даъвои Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, корхонаи "Тоҷиказот" бояд ба ҳолати пешинааш, яъне ба моликияти давлатӣ баргардонида шуда ва ҳамаи қарордоду созишномаҳо бекор шаванд.

Оҷонсии мубориза бо коррупсия моҳи марти соли равон ба унвонии додгоҳи иқтисодии Хатлон шикоят бурд, ки дар соли 2002 ширкати мустақар дар Қибрис (Кипр)-и сармоядори украинӣ Дмитрий Фирташ зимни харидорӣ ва ташкили ҷамъияти саҳомии «Тоҷиказот» арзиши ин корхонаро ҳамагӣ ба қадри 20 дарсади саҳмияҳои он арзёбӣ карда, ҳамчун саҳми давлати Тоҷикистон шинохтаанд, ки ба гуфтаи мақомдорони ин оҷонсӣ, хеле кам аст. Аз ин рӯ, Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз додгоҳ талаб кардааст, то ин корхона дубора давлатӣ карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҳирхон Ғозиев роҳбари кунунии корхонаи «Тоҷиказот» дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт вақте ки, корхона хусусӣ гардонида шуд, дар ҳолате қарор дошт, ки он арзиши ҳамон 20 дарсади саҳмияҳоро ҳам надошт: «ин гуна корхонаҳо тибқи арзёбии мутахасисон муҳлати корашон 25 сол аст. Агар зиёд хуб нигоҳубин шавад шавад, як ду сол аз ин бештар шояд кор кунад. Аммо аз замони сохта шудани ин корхона беш аз 40 сол сипарӣ шуд. Шумо як маротиба сурати корхонаро пеш аз хусусишавӣ ва баъд аз он бубинед, ки чӣ қадар фарқият аст. Фирташ дар ин ҷо зиёд сармоягузорӣ кард ва ҳоло корхонаро агар бубинед мисли «лухтак» барин зебову коршоям аст».

Ин Оҷонсӣ бо айни чунин даъво ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе низ муроҷиат карда хоста буд, корхонаи «Гулистон», ки 5 дарсади саҳмияҳош ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов таалуқ дошт, дубора давлатӣ кунад. Дархосте ки додгоҳи иқтисодии Душанбе онро бо баргузории як мурофеаи нимсоата онро қонеъ сохт.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ва таҳлилгарони украинӣ мегӯянд, Дмитрий Фирташ бо вуҷуди вазъи ногувораш дар Австрия ва баҳсҳои додгоҳӣ дар он кишвар ба осонӣ аз моликияташ дар Тоҷикистон даст нахоҳад кашид.

Сармояҳои Фирташ: Баъди "Гулистон" навбати "Тоҷиказот" аст?

Хадамоти матбуоти холдинги Group DF, марбут ба сармоядори украинӣ Дмитрий Фирташ мегӯяд, дар мурофиаи додгоҳии марбут ба корхонаи «Тоҷиказот» дар вилояти Хатлон намояндаи онҳо ширкат хоҳад кард. Олег Арестархов, сухангӯи холдинги Group DF дар Киев дар як мусоҳибаи катбӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, корхонаи дӯзандагии «Гулистон», ки расонаҳои хабарии Тоҷикистон онро ба Фирташ марбут медонистанд, рабте ба вай надорад. Аммо ҷаноби Арестархов дар идомаи посухаш навишт, ки дар мурофиаи додгоҳии марбут ба «Тоҷиказот», ки қарор аст, рӯзи 28-уми апрел дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон оғоз шавад, ширкат хоҳанд кард. Арестархов аз додани шарҳи бештар дар мавриди иттиҳомҳои эълондоштаи мақомоти Тоҷикистон алайҳи сармоядори украинӣ Дмитрий Фирташ худдорӣ варзид, вале гуфт, ҳолдинги Group DF назари худро дар ин маврид баъд аз мурофиа баён хоҳад кард.
"Тоҷиказот"-ро аз Фирташ мегиранд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00
Линки мустақим

Оҷонсии мубориза бо коррупсия моҳи марти соли равон ба унвонии додгоҳи иқтисодии Хатлон шикоят бурд, ки дар соли 2002 ширкати мустақар дар Қибрис (Кипр)-и сармоядори украинӣ Дмитрий Фирташ зимни харидорӣ ва ташкили ҷамъияти саҳомии «Тоҷиказот» арзиши ин корхонаро ҳамагӣ ба қадри 20 дарсади саҳмияҳои он арзёбӣ карда, ҳамчун саҳми давлати Тоҷикистон шинохтаанд, ки ба гуфтаи мақомдорони ин оҷонсӣ, хеле кам аст. Аз ин рӯ, Оҷонсии мубориза бо коррупсия аз додгоҳ талаб кардааст, то ин корхона дубора давлатӣ карда шавад.

Ростислав Белий, хабарнигори бахши украинии маҷаллаи «Forbs» мегӯяд, бо вуҷуди он ки Фирташ гирифтори кашмакашҳои додгоҳӣ дар Австрия аст, ӯ ва командааш аз ҳолдинги Group DF қодиранд, дар ҳар гӯшаи дунё аз моликияташон дифоъ кунанд. Вай мегӯяд: «Шояд додгоҳи Тоҷикистон ба сӯди давлати худаш ҳукм барорад ва ин корхонаро дубора давлатӣ кунад. Аммо Фирташ ба сосонӣ метавонад ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят барад ва дар он ҷо дасти ҳукумати Тоҷикистон кӯтоҳ аст. Дар додгоҳҳои байналмиллалӣ Фирташ ба осонӣ метавонад аз худ дифоъ кунад.»
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, додгоҳи Тоҷикистон набояд ин дафъа ба осонӣ корхонаи Фирташро дубора давлатӣ кунад. Чунки давлатмардони Тоҷикистон эҳтимол медонанд ки ин сармоядаор дар фазои пасошӯравӣ чи қадар қурб ва робитаҳои наздик бо сиёсатмадорони сатҳи аввал дорад.

Ҷаноби Белий, ки аз наздик бо бизнес-имперяи Фирташ ошност, меафзояд, вай воқеан корхонаи «Гулистон»-ро таввасути ширкати қибрисиаш – «Хайрок ҳолдинг» - харидорӣ карда буд ва ҳамаи корхонаи ин соҳибкор дар Тоҷикистон тавассути ҳамин ширкат идора мешуд. Аммо Белий мегӯяд, Фирташ дар соли 2007 гирифтори як баҳси додгоҳӣ бо завҷаи қаблиаш Марина Фирташ – Калиновская шуда буд, ки вай аз додгоҳ 50 дарсади дороии шавҳарашро талаб дошт. Аз ин рӯ, ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати ман, Фирташ корхонаву дороиҳои ширкати «Хайрок ҳолдинг»-ро, ки дар замони зиндагии муштаракаш бо Марина таъсис дода буд, ба ширкатҳои дигар табдил дод ва бархе аз корхонаҳои хурду реза, назири «Гулистон»-ро ба дигарон фурӯхт.

Вай афзуд: «Фирташ дар Австрия ҳолдинги Ostchem-ро таъсис дод ва «Тоҷикаазот»-ро низ шомили он кард. Вай тавассути ин ҳолдинг ҳамаи корхонаҳои кимиёвиашро дар кишварҳои ҷаҳон контрол мекунад. Корхонаи «Гулистон»-ро бошад Фирташ ҳамон сол ба ширкати «Кейтли венчурис» фурӯхта буд.»
Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ, ки ҷамъи дороиҳояш, бино ба бархе ҳисобҳо, беш аз 600 миллиону бино ба ҳисобҳои дигар, беш аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, дар авоили солҳои 2000 талош карда буд, то дар Тоҷикистон низ барои тиҷоратҳояш ҷои по биёбад. Фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш - "Тоҷиказот"- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, корхонаи "Абрешими Хуҷанд" дар шимол ва корхонаи дӯзандагии "Гулистон" дар Душанберо хусусӣ гардонда буд. Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки соли гузашта боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, равобити хеле наздик дошт ва аз ҷумла идораи умури корхонаи "Гулистон"-ро дар солҳои охир ба Саидов супурда буд.

Аммо ба сурати умум кори Дмитрий Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. "Тоҷиказот" - бузургтарин корхонаи марбут ба ин миллиардер дар Тоҷикистон - ба далели қатъ шудани воридоти гази Узбакистон 6 сол боз аз кор мондааст.

Худи Фирташ дар моҳи март дар Австрия бо дархости ФБР – Созмони федеролии тафтишоти Амрико – бо гумони даст доштан дар таахаллуфоти молӣ ҳангоми харидани як корхонаи кимиёвӣ дар Ҳинд дастгир шуд. Ӯ баъди чанд рӯзи боздошт дар ивази 125 миллион евро пули гарав раҳо ёфт ва ҳоло дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш ҳаққи тарки қаламрави Австрияро надорад.
XS
SM
MD
LG