Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби "Тоҷиказот" аз боздошт дар Австрия озод шуд


Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

Миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ рӯзи 21 март баъди пардохти 125 миллион евро гаравпулии ба сари худ бесобиқ аз боздошт дар Австрия озод шудааст. Аммо ӯ то замони баррасии парвандаи истирдодаш ҳаққи тарки қаламрави Австрияро нахоҳад дошт.

Дмитрий Фирташ баъди раҳоияш бо пахши як изҳорот тавассути дафтари матбуоти ширкати Group DF, ширкати асосии марбут ба ин миллиардер, гуфтааст, “ман ба низоми ҳуқуқии Австариву Амрико эҳтиром дорам ва ҳақ будаамро тибқи қонунҳои ин ду кишвар собит хоҳам кард." Ӯ афзудааст, ҳоло “ҳифзи ҷойҳои корӣ ва роҳ надодан ба бадтар шудани вазъи иқтисодии Укаина фавқулодда муҳим аст” ва ӯ баъди раҳоияш пеш аз ҳама ба таъмини фаъолияти мунтазами ширкатҳову корхонаҳояш дар Украина ва кишварҳои дигар машғул хоҳад шуд.

Дмитрий Фирташи 48-сола бо тақрибан 3,3 миллиард доллар дороӣ чорумин марди сарватманди Украина ба шумор меравад. Аммо маҷаллаи амрикоии Forbe’s, ки ба сохтани рейтинги миллиардерҳо машғул аст, дороии худи Фирташро 673 миллион доллар баршумурда, ӯро аз нигоҳи сарватмандӣ дар Украина дар мақоми 14-ум мегузорад. Ӯ дороиҳои худро асосан аз тиҷоратҳояш дар соҳоти саноати кимё, нафту газ, бонкдорӣ ва матбуот ҷамъ овардааст.

Дмитрий Фирташ рӯзи 13 март дар Вена, пойтахти Австрия, бо дархости Амрико дастгир шуд ва додгоҳ фардояш барои раҳоии ӯ 125 миллион евро гарав таъин кард. Бино ба гузоришҳо, FBI, Дафтари федеролии тафтишоти Амрико, Фирташро аз соли 2006 ба ин тараф бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди байналмилалӣ таъқиб мекард ва додгоҳи аёлати Иллинойси Амрико дастури боздошти ӯро ҳанӯз дар тобистони соли 2013 содир кардааст.

Фирташ ва мафия

Семён Могилёвич дар додгоҳи Маскав. Акс аз соли 2009
Семён Могилёвич дар додгоҳи Маскав. Акс аз соли 2009
Гуфта мешавад, Фирташ чанд сол пеш барои харидани мақомоти маҳаллӣ ва ба даст овардани ҳаққи истихроҷи маъдан аз як кони титан дар аёлати Андҳра- Прадеши Ҳинд 18 миллион доллар сарф кардааст. Ӯро ҳамин тавр, ба даст доштан дар шустушӯи пулҳои марбут ба олами ҷиноӣ, аз ҷумла сармояҳои ҷинояткори маъруф Семён Могилёвич айбдор мекунанд.

Аммо Фирташ ба бегуноҳиаш исрор варзида, боздошташро “нофаҳмӣ”-е номид, ки ба боввари ӯ, “бояд ба зудӣ ҳал шавад.” Ӯ қаблан таъқибу боздошташро беасос номида, Вошингтонро айбдор карда буд, ки “сирф бо мулоҳизоти сиёсӣ” чунин рафтор мекунад.

Фирташ ва Путин

Боздошти Фирташ дар рӯзҳои бӯҳрони сиёсии Украина ва тасарруфи вилояти Қрими ин кишвар аз сӯи Русия иттифоқ уфтод. Мақомоти ҳам Австрия ва ҳам Амрико ҳар навъ рабт миёни боздошти Фирташ ва ҳаводиси ахири Украинаро рад мекунанд.

Аммо бархе расонаҳои мӯътабари Ғарб ҳадс мезананд, ки азбаски Фирташ ва ширкатҳои ӯ, аз ҷумла “РосУкрЭнерго” дар схемаи харидуфурӯши газ байни Русияву Украина нақши муҳим доштанд ва Фирташ аз нафарони мӯътамад ва ба гуфте, яке аз “кассир”-ҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Украина ба ҳисоб мерафт, аҷаб нест, ки ӯро ба манзури ошкор кардани воқеъияти ин схемаҳои машкук, ки дар натиҷааш Украина барои пули газ аз Русия миллиардҳо доллар қарздор шудааст, дастгир карда бошанд. Ин расонаҳо ҳамин тавр, боздошти Фирташро як ришта дар тӯри бузурге мешуморанд, ки Ғарб бо ҳадафи сайди бузургтар, ки он шояд ҳатто сармояҳои худи Путин бошад, ба об андохтааст.

Фирташ ва Тоҷикистон

"Тоҷиказот"
"Тоҷиказот"
Дмитрий Фирташ дар оғози солҳои 2000 як муддат ба таври фаъолона ба бозори Тоҷикистон низ пой гузошт ва дар соли 2002 “Тоҷиказот” - бузургтарин корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ, воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ва соле баъд корхонаи дӯзандагии “Гулистон” дар маркази Душанбе ва корхонаи “Абрешими Хуҷанд” дар маркази вилояти Суғдро хусусӣ гардонд. Аммо тиҷоратҳои Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. “Тоҷиказот” ба далели қатъ шудани воридоти гази Узбакистон ҳанӯз дар соли 2008 аз кор монд. Ӯ умури корхонаи “Гулистон”-ро ҳам, ки барои Фирташи асосан машғули соҳоте, чун нафту газ, саноати кимё ва матбуоту бонкдорӣ як риштаи “бегона” буд, дар солҳои охир ба вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, ки соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, супурда буд.

Ба дунболи боздошти миллиардери украинӣ дар Австрия Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон эълон кард, ки тиҷоратҳои Фирташ дар Тоҷикистонро таҳқиқ карда, бо талаби бекор кардани қарордоди хусусигардонии корхонаи “Тоҷиказот” ба додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон шикоят бурдааст.

Абдукарим Зарипов, раҳбари раёсати назорати будҷа ва хазинаи давлатии Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ахиран ба Озодӣ гуфт, даъвои ин оҷонсӣ ба шартномаи таъсиси корхонаи муштараки "Тоҷиказот" рабт дорад: «Вақти таъсиси корхонаи муштарак, тамоми моликияти «Тоҷиказот»-ро ба қадри 20 дарсад сармояи оинномавӣ ташкил додаанду 80 дарсади саҳмияашро Фирташ тариқи ширкати «Хайрок холдинг лиметед» ворид кардааст. Аз ин 80 дарсади саҳмияҳояш Фирташ 5 дарсадашро ба Хайрулло Саидов додааст.»

Ҳоло 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону-Кипр ба ширкати «Хайрок холдинг лимитед»-и Дмитрий Фирташ, 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов тааллуқ дошта, 20 дарсади дигараш аз ҳукумати Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG