Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домод пеш аз тӯй худкушӣ кард. Гуфтааст, "аз баҳри нафси дунё гузаштам"


Бемористони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон
Бемористони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон

Як сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тақрибан як ҳафта пеш аз тӯяш сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Нуралӣ Раҷабови 34-сола рӯзи 11-уми март бояд арӯсӣ мекард, аммо ба ҷои хурсандӣ хонаводаро дар мотам нишонд. Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш дафн карданд.

"Мегуфт, нафси дунёро дар вуҷудаш куштааст"

Баъди 15 дақиқа худро аз даруни ҳаммом ба ҳавлӣ ҳаво дод. Фикр кардам, ки нирӯи барқ задааст. Вақте омадам, як шишаи сирко истода буд.

Додситонии ноҳияи Муъминобод иллати худкушии Нуралӣ Раҷабовро таҳқиқ дорад. Бародараш Қосим Раҷабов рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти интизомӣ шиносномаву телефони мобили Нуралиро бо худ бурдаанд.

Ӯ гуфт, худкушии додараш барои онҳо низ муаммост. Аммо гуфт, Нуралӣ Раҷабов аз аввал намехост оиладор шавад ва “ҳамеша таъкид мекард, ки нафси дунёро дар вуҷуди худ куштааст.” “Бештар ба кори деҳқониву дуредгарӣ машғул буд. Намозҳоро дар вақташ мегузошт ва бисёр камгап буд”, - нақл кард Қосим Раҷабов.

Рӯзе, ки бояд ба идораи ЗАГС мерафтанд...

Яке аз гӯшаҳои Муъминобод
Яке аз гӯшаҳои Муъминобод

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, билохира, чанде пеш додарашро розӣ карданд, ки бо як духтар оила барпо кунад. Нуралӣ Раҷабов рӯзи 5-уми марти имсол бояд ҳамроҳи номзадаш ба Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС рафта, худро сабтином мекарданд ва арӯсро ташхиси тиббӣ мегузаронданд.

“Ҳамон субҳ боми хонаро таъмир мекардам. Аз бозор бо рафиқонаш баргашт. Гуфтам, ки арӯсшаванда ҳамроҳи модараш меояд, вақт кам мондааст. Дар ҷавоб гуфт, ки як шустушӯ кунам. Ба ҳаммом даромад. Баъди 15 дақиқа худро аз даруни ҳаммом ба ҳавлӣ ҳаво дод. Фикр кардам, ки нирӯи барқ задааст. Вақте омадам, як шиша сирко истода буд. Гуфт, ки аз ҳамон чанд чакра нӯшидааст. Каме дуғ додам ва зуд ба бемористон бурдем”, - гуфт ӯ.

Ба нақли бародараш, Нуралӣ Раҷабов дар хонаводаи иборат аз 12 фарзанд писари хурдӣ буд ва ҳеч гоҳ издивоҷ накардааст.

"Дохилаш сӯхта буд"

Рустам Шарифов, сарпизишки бемористони ноҳияи Муъминобод, рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тамоми талошро кард, аммо барои наҷоти Нуралӣ Раҷабов бефоида буд. "Соати нуҳуними саҳар оварданд. Долони бемористонро бӯй гирифт. Бӯйи сирко. Дар ҳолати вазнин қарор дошт. Бисёр бетоқатӣ мекард. Дохилаш сӯхта буд. То бегоҳӣ дар наздаш истодам. Вақте ба хона рафтам, навбатдорҳо занг заданд, ки гузаштааст", - шарҳ дод ӯ.

Сарпизишки ноҳияи Муъминобод дар посух ба суоли инки оё эҳтимоли наҷоти Нуралӣ Раҷабов дар бемористонҳои дигар вуҷуд дошт ё не, гуфт, “мо метавонистем ӯро ба бемористони Кӯлоб ё Душанбе фиристем, вале сиркои тоза хӯрда будааст, дохилаш сӯхта буд ва бурданаш фоида надошт.”

Чанд ҳодисаи худкушӣ бо истифода аз сирко

Раҷаббии Хуршед
Раҷаббии Хуршед

Солҳои охир ҳодисаи худкушӣ аз тариқи сирко нӯшидан дар минтақаҳои Тоҷикистон афзудааст. Чанд ҳафта қабл як ҷуфт дар минтақаи Кӯлоб аз тариқи нӯшидани сирко даст ба худкушӣ заданд.

Аз он пеш, тобистони соли гузашта, ​Раҷаббӣ Хуршед, сокини ноҳияи Восеъ баъди туҳмат ва хушунати равонию ҷисмонии шавҳараш сирко хӯрда, баъди чанд рӯз дар бемористон ҷон дод.

XS
SM
MD
LG