Мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки мавориди худкушӣ миёни занон кам шудааст. Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 14-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки "дар як соли ахир 497 зан дар Тоҷикистон худкушӣ кардааст, ки нисбати соли қабл 99 маврид кам будааст."
Хонум Қосимзода дар идома гуфт, ки мавориди бештари худкушӣ миёни занон дар қисмати шимолу ҷануби кишвар ба мушоҳида расидааст. Вай, яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани занонро ба бемори равонӣ ва мушкили оилавии онҳо рабт дод.
Изҳороти Идигул Қосимзода, дар робита ба кам шудани мавориди худкушӣ миёни занон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки муддати ду моҳи ахир чандин маврид аз худкушиҳо миёни занону духтарон дар ҷануби Тоҷикистон сабт гардид. Охирин маврид, худкушии зану шавҳар дар шаҳри Кӯлоб аст, ки дар ҳафтаи гузашта бо истеъмоли сирко ба зиндагии худ поён доданд.
Сабоҳат Саъдулоеваи 35-сола, сокини шаҳри Кулоб рӯзи душанбе ба сешанбеи ҳафтаи гузашта, сирко нушида ва рӯзи панҷшанбе дар бемористон ҷон дод. Аммо пас аз ду рӯз ҷасади шавҳари ӯ – Бегиҷон Қурбоновро аз теппаҳои ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ дарёфт карданд. Ба иттилои пулис Қурбонов Бегиҷон Қазоқович низ, соли тавалудаш 1966 дар пайи истифодаи сирко ҷон додааст.