Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Нашри навори сӯхтори бозори "Панҷшанбе" (ВИДЕО)


Дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки лаҳзаҳои ба оташ печидани қисматҳое аз бозори машҳури “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷандро намоиш медиҳад.

Дар сомонаи Ютюб дар Интернет бо номи “Пожар дар Хуҷанд” навори видеоие нашр шуд, ки лаҳзаҳои ба коми оташ рафтани чанд фурӯшгоҳи атрофи бозори машҳури “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷандро намоиш медиҳад.

Дар ин навори тӯлаш беш аз ду дақиқа, ки аз сӯи Рустам Ҳоҷибоев ҳамчун моли телевизиони “Танин” ва бо як титри кӯтоҳи “навори бешарҳ” нашр шудааст, лаҳзаҳое тасвир шудаанд, ки мошинҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса мерасанд ва тоҷирони даступохӯрда бо шитоб молу колои боқимондаи худро аз чанги оташ наҷот доданӣ мешаванд.

Аммо дар идомаи навор мебинем, ки забонаи оташ хеле баланд шуда ва издиҳом дигар ба ҷуз аз дар гӯшае истодану тамошои сӯхтани моли худ чорае надоранд.

​Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар нахустин мулоқоти худ бо тоҷирони аз сӯхтор зарардидаи бозори "Панҷшанбе" гуфтаанд, ки ҷиҳати ба роҳ андохтани тиҷорат, ба онҳо қарзҳои боимтиёз пардохт хоҳад шуд ва онҳоро бо ҷои нав таъмин хоҳанд кард. Дар қадами аввал бахшҳои ҳунарҳои халқӣ, ки растаи он дар фурӯшгоҳи “Баҳор” бо чизҳояшон пурра сӯхтааст, ба қисмати дигари бозори “Панҷшанбе” ва бахши иттифоқи рассомон ба “Арт – галерея” кӯч дода шудаанд.

Субҳи рӯзи 19 - уми ноябр як гурӯҳ занонеро, ки дар бахши ҳунарҳои халқӣ кору тиҷорат мекарданд, дар ҷои навашон вохӯрдам. Марҳабо Искандарова, яке аз онҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Раҳмат, ки ба мо дасти ёрӣ дароз карданд ва калидҳои 15 дӯконро ба мо доданд. То аз нав сохта шудани коргоҳамон ин ҷо кор кардан мегирем. Дар бораи пули иҷораву андоз чизе нагуфтанд. Ҳоло омадем корамонро аз нав сар кунем. ”

Марҳабо Искандарова мегӯяд, баъди сӯхтор ҳатто як сӯзанашон намондааст, онҳо дастгоҳҳои шахсии дӯзандагиашонро аз хонаашон оварда, корро аз сифр сар мекунанд. Вай, ки дар мулоқоти мақомот бо зарардидагони сӯхтор иштирок доштааст, мегӯяд, мақомот онҳоро дилпур карданд, ки пардохти қарзҳои бонкии онҳо ба таъхир андохта хоҳад шуд ва дар он муддат ба он суд ё сарборӣ афзуда нахоҳад шуд. Ҳамчунин мақомот ваъда кардаанд, бо масъулони бонкҳо масъалаи ироаи қарзҳои бесуд ё боимтиёзи дарозмуддат ба зарардидагон аз сӯхторро баррасӣ хоҳанд кард.

Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, таҳқиқоти муқаддамотӣ маълум кардааст, ки аз 84 тоҷир ва соҳибкори маҳали сӯхтор, ҳадди аксар 65 нафар зиёнҳои молӣ дидаанд. Бархе аз ин афрод бо вомҳои бузурги бонкӣ бар ивази манзил ё игар дороии худ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд ва онҳоро тақдири вомҳояшон бештар нигарон медорад. Дар сӯҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ Матлуба Толибоева ва Мадина Олтмишова, тоҷирони маркази савдои “Баҳор” ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки моли онҳо ба маблағҳои 32 ва 50 ҳазор доллар ба коми оташ рафт.

Додоҷон Абдуллоев, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло гурӯҳи вижа ба муайян намудани ҳаҷми зиёни тоҷирон машғул аст. Вай афзуд, баъд аз анҷоми ин таҳқиқ пешниҳодҳои мушаххаси ёрӣ ба тоҷирони зиёндида дар ҳузури худи онҳо ироа хоҳад шуд: “Мо дар вохӯрии аввалин бо соҳибкорони зиёндида пешниҳодҳои онҳоро шунидем. Ҳоло бо бонкҳо якҷоя кор карда истодаем, ки чӣ гуна имконоти додани қарзҳои боимтиёз доранд. Боз бо соҳибкорон ду - се бор вохӯрда, ҳамроҳашон чанд тарзи пешниҳоди ёриву дастгирӣ ба онҳоро маслиҳат мекунем.”

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд афзуд, ба тоҷирони дӯконҳояшон сӯхта аз ду бозори нави канори дигари бозори “Панҷшанбе” ҷойҳои навро барои аз саргирии тиҷорат пешниҳод хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, дар бозорҳои нав, аз ҷумла дар бозори “20 солагии Истиқлолият” ҷойҳои холӣ бисёр аст ва меъморон сари вусъати тарҳи он кор мебаранд.

Сӯхтори шаби шанбе ба якшанбеи 15 - ум ба 16 – ми ноябр дар бозори “Панҷшанбе” марказҳои савдои “Баҳор“, «Сино», ва «Тоҷир», дар маҷмӯъ 800 метри мураббаъ ва беш аз 80 дӯкону фурӯшгоҳҳоро ба вайронаву хокистар табдил дод. Мақомот зиёни сӯхторро наздики 1 миллион сомонӣ ҳисоб карданд, вале мегӯянд, ин рақами ниҳоӣ нест ва ҳаҷми ниҳоии зарар баъди бозшумории зиёни тоҷирон дақиқтар хоҳад шуд.

Мулоқот ва ваъдаи мақомот ба тоҷирони зиёндида ҷиҳати дастгирии онҳо баъди шоми пуртаҳлукаи сӯхтор онҳоро барои аз саргирии кору соф шудан аз зери бори қарз хушбинтар кардааст. Нимарӯзи чоршанбеи 19 - уми ноябр, ки ба маҳали сӯхтор рафтам, он ҷо аз тоҷирони зиёндида касе набуд. Гурӯҳи коргарон ҷойи сӯхторро аз шикастапораҳо тоза мекарданд.

XS
SM
MD
LG