Ҳафтаи гузашта Ноила Мавлонова, донишҷӯи соли дуюми коллеҷи тиббии Гулистон (Қайроққуми собиқ) байни ҳамсабақанаш бори охир дарс мехонд. Баъди як ҳафта, душанбеи 22 - юми феврал акси Ноила дар толори коллеҷ аз паси чорчӯбаи лентаи сиёҳ печида ба онҳо менигарад ва ҳамсабақонау омузгоронашро дар андӯҳи амиқ ва ҳолати шок гузоштааст.
Ҳуснӣ Саидшехова, омӯзгори раҳбари гурӯҳи Ноила дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамсабақонаш бори охирин Ноиларо рӯзи сешанбеи 16 - уми феврал дидаанд. Ба гуфтаи ӯ, он рӯз падари Ноила омада, ба далели бемориаш ӯро бо иҷозати масъулони коллеҷ бо худ ба Ашт бурдааст: “Гурӯҳи Ноила, ки “тибби ташхисӣ” аст, дар маркази беҳдошти Хуҷанд дарс мехонанд. Ҳайрон шудам, ки чаро бо ман, ки раҳбари гурӯҳи духтарашон ҳастам, вонахӯрданд? Ман ба падари Ноила занг задам, фақат гуфтанд, ки духтарашон бемор аст. Баъд Ноила 3 рӯз ба дарс наомад. Боз бегоҳии рӯзи ҷумъа ба падараш занг задам. Падараш гуфтанд, ки Ноила вафот кард ва ӯро шоми ҷумъа, 19 феврал дар зодгоҳаш дафн кардаанд. Боварам наомад, сабабашро пурсидам, вале падараш чизе нагуфт.”
Бино ба иттилоъи расмӣ, Ноила Мавлонова, донишҷӯи соли дуюми коллеҷи тиббии Гулистон дар манзили зисташон дар ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт бо роҳи овехтан рӯзи 19 феврал худро ба ҳалокат расонидааст. Падари вай, Толиб Мавлонов ба раҳбари гурӯҳи Ноила гуфтааст, ки табибонро баъди марги духтараш хабардор карданд.
Рӯзи 22-юми феврал, ки ба коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон рафтам, омӯзгорону шогирдони ин коллеҷ Ноиларо як духтари хубу ором ва зиндадил ёд карданд. Омӯзгор Шоира Раҳмонова, ки ба Ноилаву ҳамсабақонаш соли дуюм забони англисӣ дарс медодааст, мегӯяд, Ноила аз шогирдони пешқадаму фаъолаш буд: “Ноила бо ҳамсабақонаш муносибати хуб дошт. Ман ягон бор надидаам, ки вай ба ягон нафари онҳо гапҳои баланд зада, ҷанҷол карда бошад.”
Раҳбари гурӯҳи Ноила, Ҳуснӣ Саидшехова меафзояд, Ноила ба сурати умум як муҳассили миёнахон ва ором буд. Ба гуфтаи муаллимону донишҷӯёни коллеҷи тиббии Гулистон, ки Ноиларо аз наздик мешинохтанд, худкушии чунин донишомӯз онҳоро дар ҳолати шок гузоштааст. Онҳо мегӯянд, вақти таҳсил Ноила солим ба назар мерасид ва боре ҳам аз саломатии худ шиква накарда буд.
Толибҷон Мавлонов, падари Ноила рӯзи 22 феврал дар посух ба саволи радиои Озодӣ, ки чӣ боиси марги духтараш шуд?, кӯтоҳ гуфт, ҳоло наметавонад дар ин бора сӯҳбат кунад, чун ба азои духтарашу қабулу гусели фотеҳакунандагон машғул аст.
Раиси ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт, Абдуҳамид Қайюмов мегӯяд, намояндаи ҷамоат вақти аз дор берун овардани ҷасади Ноила ва ташхиси аввалияи вай бо иштироки пулис ҳузур дошт. Вай афзуд, то ҷое ки аз надикони Ноила шунидаааст, вай ва ҷавоне ҳамсолаш, ки дар деҳаи дигар зиндагӣ мекардааст, ҳамдигарро дӯст медоштанд . Онҳо аҳд бастаанд, ки бо ҳамдигар хонадор мешаванд. Вале ба гуфтаи раиси ҷамоат: “Баъд гӯё ин ҷавон аз қавлаш гаштааст. Пас аз он гӯё боз розӣ шудааст. Хешони тарафи духтар, раҳматӣ – Ноила ба он ҷавон чанд рӯз вақт додаанд, ки тасмими ниҳоияшро бигӯяд.”
Худкушии Ноила Мавлонова дар байни ҳамин моҷаро иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи раиси ҷамоати Ифтихор, ҷавоне, ки ба Ноила дил баста, ваъдаи бо ӯ ҳамхона шудан додааст, ҷое таҳсил намекард ва дар сохтмонҳо мардикорӣ мекард. Ба гуфтаи вай, мақомот ҳоло он ҷавонро бозпурсӣ доранд.
Ноила Мавлонова, ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, фарзанди дуюми хонавода буда, хоҳари аз худ калон ва бародари хурде доштааст. Падари вай ба ҳайси ронандаи микробус кор мекардаст. Замони таҳсил Ноила гоҳе дар хонаи як хешашон дар Гулистон, вале асосан дар Хуҷанд, ҳамроҳи дугонаҳои донишҷӯяш дар хонаи иҷора зиндагӣ доштааст.
Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз маркази матбуоти додситонии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷузъиёти ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи худкушии Ноила Мавлонова, донишҷӯи соли дуюми коллеҷи тиббии Гулистонро пас аз қабули қарори додситонӣ дар бораи ин қазия дар рӯзҳои наздик баён хоҳанд дошт.
Бино ба маълумоти расмӣ, худкушии одамон дар вилояти Суғд назар ба манотиқи дигари кишвар зиёд ба қайд гирифта мешавад. Ба иттилои додситонии Суғд, танҳодар нимаи аввали соли 2015 дар ин вилоят 136 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки 55 нафари онҳо занон ва духтарон будаанд. Додситонӣ алайҳи 16 нафар марбут ба ҳодисаҳои то худкушӣ расонидани одамон парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст.