Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммои худкушии Зӯҳро ва 4 фарзандаш


Чаро Зӯҳро худ ва 4 фарзандашро ба дарё андохт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Барои хонаводаи Зӯҳро Маҳмуродова, як сокини шаҳри Норак, ки ду ҳафта қабл худ ва чаҳор фарзандашро ба дарё андохт, ангезаҳои даст ба чунин кор задани ӯ то ба ҳол муаммо боқӣ мондааст.

Ҳам хонаводаи шавҳари Зӯҳро Маҳмуродова ва ҳам волидону пайвандони худи ӯ то ба ҳол дар посух ба чанд суол оҷиз мондаанд, ки чаро Зӯҳро ба ҷони худ ва 4 тифлаш раҳм накард ва даст ба худкушӣ зад? Зӯҳро Маҳмуродова рӯзи ҷумъаи панҷуми феврал худ ва чаҳор фарзандаш --Хадичаву Кибириё ва Рафоату Маърифатро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Ӯ бо чаҳор тифл худро аз болои пуле, ки деҳаи Кибилро бо шаҳри Норак мепайвандад, ба дарё андохт.

Сайфулло Холов, хусури Зӯҳро мегӯяд, ки зиндагии баде надоштанд ва яке аз писарҳояш ҳам аз Русия ба онҳо кӯмак мекард. Вай мегӯяд, ки то ба ҳол ҳайрон ҳастанд, ки келини хонадон чаро даст ба чунин кор зад. Ба гуфтаи вай, духтарони Зӯҳро ва Азиз - писарашро дар хонадон ҳама дӯст медоштанд: "Кӯдакон ҳама боигарии ман буданд."

Сайфулло Холов дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, ки Зӯҳро он рӯз дар хонаи шавҳар дар шаҳри Норак бо кӯдакон ва ҳамсараш Азиз Холов танҳо будааст. Ба гуфтаи вай, ҳамсараш он рӯз барвақттар ба кор рафт ва келинаш барои ӯ ва духтарчаҳояш субҳона омода кард. Ду то аз духтарчаҳо аз тарафи росташ ва ду тои дигар аз чап нишастанд. Якҷоя ҳама хӯрок хӯрданд. Вай мегӯяд, ки баъди он вай ба кор рафт. Зӯҳро чун рӯзҳои маъмулӣ корҳои анҷом додааст ва шавҳараш ҳам ба намози ҷумъа рафтааст ва баъдан ин ҳодиса рух додаст.

Ба дунболи ин ҳодиса, Додситонии шаҳри Норак ба мушаххас кардани сабабҳои ба дарё партофтани Зӯҳро Маҳмуродова ва чор фарзандаш шурӯъ кард. Ҳоло дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ – ба худкушӣ расондан – парванда боз шудааст.

ГУЗОРИШИ АНӮШЕРВОН ОРИФОВ

Чаро Зӯҳро худ ва 4 фарзандашро ба дарё андохт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

XS
SM
MD
LG