Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда дар робита ба худкушии Зӯҳро бо 4 фарзандаш


Додситонии шаҳри Норак дар робита ба қазияи худкушии Зӯҳро Маҳмуродова ва чор фарзандаш парвандаи ҷиноӣ боз карда, омилҳои ба ин кор даст задани ӯро мушаххас мекунад.

Додситонии шаҳри Норак ба мушаххас кардани сабабҳои ба дарё партофтани Зӯҳро Маҳмуродова ва чор фарзандаш шурӯъ кардааст. Намояндагони додситонӣ рӯзи 9 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ – ба худкушӣ расондан – парванда боз шудааст.

Ҷалолиддин Раҷабзода, муовини додситони шаҳри Норак гуфт, ки муфаттишон сабабҳои худро ҳамроҳ бо 4 фарзандаш ба дарё андохтани Зӯҳро Маҳмуродоваро таҳқиқ доранд. Ба қавли ӯ, агарчӣ аз ин ҳодиса панҷ рӯз мегузарад, вале то ҳол тафтишот маълум накардааст, ки сабаби аслии ин фоҷиа чӣ буд?

Пайвандони Зӯҳро Маҳмуродова, як сокини шаҳри Норак, низ ҳоло дар посух ба чанд суол оҷиз мондаанд, ки чаро ӯ ба ҷони худ ва чор тифлаш раҳм накард ва бо кадом фикр ва кадом дарду мушкил, қасди ҷони худу ҷигарбандонаш кард?

Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-сола аз деҳаи Дӯстии шаҳри Норак баъд аз зуҳри рӯзи 5-уми феврал бо фарзандони хурдсоли худ - Хадиҷаву Кибириёи 2 -сола, Рафоати 4-сола ва Маърифати 6-сола - худро аз болои як пул дар маркази Норак, ба дарёи Вахш партофт.

Ба гуфтаи масъулони ҳукумати шаҳри Норак, ҳарчанд модар ва кӯдаконро аз дарё ба зудӣ берун оварданд, аммо бинобар сардии оби дарё, ҳама дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ин модар ва чаҳор фарзандаш рӯзи 6-уми феврал ба хок супурда шуданд.

Худкушии Зӯҳро Маҳмуродова бо чаҳор тифлаш сеюмин чунин ҳодиса дар вилояти Хатлон дар давоми як соли охир аст. Дар ду ҳодисаи дигар, кӯшиши худкушии модарон Парвина Абдуллоева ва Саломат Пирова бо фавти фарзандонашон анҷом ёфтаву худи онҳоро зинда аз об берун оварданд. Баъдан онҳо аз сӯи аксарият дар кишвар барои ин кирдорашон маҳкум шудаву нафрат шуниданд.

Агарчӣ ҳоло ин ду модари акнун бефарзанд, зиндаанд, яке бемори рӯҳӣ эълон шуда, дигарӣ 18 сол маҳкум ба зиндон шуд. Омилҳои ба ин кор даст задани онҳо то ба охир таҳлил ва мушаххас нашуд. Ҳадсу гумонҳоеянд, ки якеро рашку муноқиша ва дигариро эҳтимол шароити бади зиндагӣ ва афсурдагӣ ба ин роҳ бурдааст.

Ахиран вакили дифои яке аз ин модарон -- Парвина Абдуллоева, ки бо дасти худ, сабабгори марги 3 тифлаш шуд, барои бозбинии парвандаи ӯ ба додситони кулл ва президенти кишвар муроҷиат кардааст. Ба иддаои вакил, вазъияти Парвина ва ҳолати рӯҳии ӯ зимни қасди худкушӣ ба пуррагӣ бояд таҳлил ва ҷазои сабуктар нисбаташ таъин шавад.

Бетаваҷҷӯҳӣ ба ҳодисаҳои худкушии модарон бо фарзандони худ ба гуфтаи таҳлилгарон, боис ба такрори чунин як ҳодиса дар кишвар шудааст. Фақат бо як фарқ, ин бор модар ҳам зинда намонд. Танҳо нишоне, ки ӯ аз худ ва фарзандон гузошт, панҷ қабри паҳлӯ ба паҳлӯ дар оромгоҳи Норак аст.

XS
SM
MD
LG