Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССКА “Помир” севумин дастаест, ки ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт


Акс аз вебсайти fft.tj
Акс аз вебсайти fft.tj

ССКА «Помир»-и Душанбе бо шикаст додани “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 ба даври ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар бозии аввали чорякниҳоӣ низ низомиён бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ҷавобии чорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Вахш” ва ССКА “Помир” 13-уми сентябр дар Душанбе, дар варзишгоҳи Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи кишвар, барпо гардид. Се голи ССКА “Помир”-ро Шамсиддин Қосимов, Билол Сулаймонов ва Орзу Додхудоев ба ҳадаф расонданд. Ду голи “Вахш”-ро Парвиз Охунов ва Наим Иброҳимзода вориди дарвоза карданд.

Рақиби ССКА “Помир” дар нимфинал дертар, замоне ки бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе барпо мегардад, маълум мешавад. Дар бозии аввали чорякниҳоӣ, ки 9-уми август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда буд, «Истиқлол» бо ҳисоби бузурги 6:0 ғолиб омадааст.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта буданд.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

XS
SM
MD
LG