Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдонҳои сабзи футбол -- дар ивази масҷиду аҳзоб?


Футбол ба ҷои масҷид?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим

Ба қавли бархе аз таҳлилгарон, таваҷҷӯҳи зиёди мақомоти тоҷик ба варзиш ва саломатӣ як ҷанбаи нонамоён ҳам дорад.

Никола Кавазович акнун сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон аст. Мутахассиси серб, ки пештар дастаи “Истиқлол”-и Душанберо машқ медод, шаш моҳи оянда бо тамрини дастаи мунтахаб машғул хоҳад буд. Аз мураббии хориҷӣ натиҷаҳои олиро интизоранд. Ба камияш бояд “Ҷоми Даъват” ба даст ояд, вале мақсади асосӣ ба сабқати осиёии соли 2015 роҳ ёфтани Тоҷикистон аст.

Охири солҳои 2000-ум давраи эҳёи футболи тоҷик ба шумор меравад. Соли 2007 бо рӯйи майдони сабз омадани дастаи "Истиқлол" муносибати мақомот ба футбол аз реша иваз шуд. Сафари раҳбарони созмонҳои байналмилалии варзишӣ ба Тоҷикистон ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои кор дар кишвар ба маротиб бештар шуд. Ба ибораи дигар, пешрафти футбол ба бахше аз сиёсати давлатии оммавӣ кардани варзиш табдил ёфт.

Ҳоло ҳукумат барои сохтмони иншооти варзишӣ маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Дар ду сол дар кишвар 15 мактаби варзиш, 13 варзишгоҳ, 5 ҳавзи бузурги шиноварӣ ва 8 маркази умумии варзишӣ сохта шуд. Барои барқарорсозии иншооти пешина ва бунёди марказҳои нав аз сармояи хусусӣ низ истифода мешавад. Мақсад аз ин ҳама маърака ҷалби шумораи зиёди ҷавонону наврасон ба варзиш аст.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, таваҷҷӯҳи зиёди мақомоти Тоҷикистон ба варзиш ва саломатӣ як ҷанбаи нонамоён ҳам дорад. Бо ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш мақомот мехоҳанд, онҳоро аз таъсири рӯҳониён ва ҳизбҳои сиёсӣ дур нигоҳ доранд. Солҳои охир ҷомеаи Тоҷикистон мазҳабитар мешавад ва барои пешгирӣ аз ин раванд чанд қонуне қабул шуд, ки ҷалби ҷавонону наврасонро ба дин маҳдуд мекунад.

Бино ба навиштаҳои матбуоти Тоҷикистон, масъалаи тамаркуз рӯи варзиш дар "Протоколи 32-20", ки гӯиё пайнавишти як ҷаласаи махсуси ҳукумат аст, низ қайд шудааст. Ҳарчанд мақомот ин санадро, ки ғавғое барпо кард, қалбакӣ мешуморанд, дар амал маъракаи ҷалби наврасон ба варзиш рӯшан ба мушоҳида мерасад. Аммо ташнагии бозӣ дар майдони сабзи футбол ҷои намоз дар масҷидро хоҳад гирифт ё на, вақт нишон медиҳад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG