Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Ҷанубӣ ҳанӯз дарро ба рӯи тоҷикон боз накардааст. САДО


Куриёи Ҷанубӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки ба эълонҳои ҷои кор дар ин кишвар фирефта нашаванд. Сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар Душанбе бо пахши огоҳии расмӣ гуфт, аксари таблиғи ҷои кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон тақаллубист, “чун онҳо ҳаққи расмии кор дар Куриёро надоранд”. Мистер Бэк – як масъули сафорати Куриёи Ҷанубӣ – рӯзи 9 феврал дар шарҳи мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳанӯз миёни ду кишвар созишномаи расмии кор вуҷуд надорад.”

Куриёи Ҷанубӣ гуфт, тоҷикон ҳаққи кор дар ин кишварро надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:39 0:00
Линки мустақим

Муҳоҷирони кории тоҷик асосан ба 2 кишвар - Русия ва Қазоқистон - барои кор мераванд ва теъдоди онҳо зиёда аз 1 миллион нафар гуфта мешавад.

Ин масъули сафорат гуфт, “барои онки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Куриё кор кунанд, бояд миёни ду кишвар шартнома имзо шавад. Мутаассифона, то кунун мо чунин шартнома надорем. Ҳатто дар ин бора ягон гуфтушуниде ҳам нест.” Сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар огоҳии худ ба сокинони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз доми гузоштаи фиребкорон ҳушёр бошанд, вале аз кадом ҳодисаи мушаххасе ном набурдааст.

"Аз Русия беҳтар аст, чун милиса ғам намедиҳад"

Огоҳии расмии сафорати Куриёи Ҷанубӣ
Огоҳии расмии сафорати Куриёи Ҷанубӣ

Огоҳии сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар ҳоле пахш мешавад, ки то кунун чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи шиносномаи русӣ ва раводиди тиҷорати худро ба Куриё расондаанд. Рустам Шокиров, як сокини вилояти Суғд, тӯли ду соли охир барои кор ба Куриё меравад. “Ҳангоми дар Русия будан дар бораи кор дар Куриё шунидам. Барои рафтан ба онҷо шиносномаи русӣ низ гирифтам. Аз Русия беҳтар аст, чун милиса ҳам он қадар ғам намедиҳад”, - афзуд ӯ.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, овозаи “дар як рӯз то 100-110 доллар меёбӣ” бисёриҳоро ба ин кишвари осиёи дилгарм кардааст. Аммо чанд ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, дар ин кишвар танҳо он муҳоҷироне пули хуб кор мекунанд, ки агар бо визаи корӣ рафта ва ба таври расмӣ фаъолият кунанд. Раводид ё визаи кории Куриёи Ҷанубӣ барои 3 сол ва он ҳам ба шаҳрвандони 7 кишвар дода мешавад, ки миёнашон номи Тоҷикистон нест.

"Куриё ҷаннате нест, ки..."

Ба мо нависед

Андешаҳои худро аз тариқи Вайбер ва Вотсапп ба ин шумора ба мо фиристед: +420 724 053 959

Ба қавли Алберт Кан, ки дар атрофи шаҳри Сеул дар як корхонаи моҳитозакунӣ фаъолият дорад, гуфт, илова ба раводид, донистани забони куриёӣ ҳам яке аз шартҳои асосии пайдо кардани кору даромади хуб дар ин кишвар аст. Алберт Кан гуфт, “барои муҳоҷироне, ки бо визаи корӣ ба Куриё меоянд, шароити хуб муҳайёст. Онҳо дар корхонаҳо қариб баробар бо аҳолии маҳаллӣ маош мегиранд. Инҷо аз рӯи муқаррарот одатан барои як соати кор 5-6 доллар медиҳанд ва агар дар як шабонарӯз 8 соат кор кунед, пас, соҳиби 40 доллар мешавед. Агар баъди соати 17 низ кор кардан хоҳед, маблағи иловагӣ мегиред.”

Вале Алберт мегӯяд, Куриё “ҷаннат”-е нест, ки муҳоҷирон тасаввур мекунанд, чунки, ба қавли ӯ, кор дар корхонаҳо ҳамеша сахту сангин аст ва пардохти пули иҷораи манзил ҳам – гарон. Сиёвуш Мирзоев, раиси ширкати байналмилалии “Аdvexon” дар Куриёи Ҷанубӣ теъдоди тоҷикони дар ин кишварро то тирамоҳи соли 2016 ҳудуди 40 нафар арзёбӣ кард, ки ба қавли ӯ 80 дарсадашон тариқи шиносномаи русӣ вориди Куриё шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикони боқимонда бо раводиди тиҷоратӣ ба ин кишвар рафта ва то омода шудани молашон 3 моҳ кор мекунанд.

Аз кор дар замин то Самсунг

Сиёвуш Мирзоев бо президент Эмомалӣ Раҳмон
Сиёвуш Мирзоев бо президент Эмомалӣ Раҳмон

Ба қавли Сиёвуш, “тоҷикон дар Куриё ба корҳои заминдорӣ ва дар заводҳо кор мекунанд. Инчунин, тоҷиконе ҳастанд, ки дар ширкатҳои Ҳундай ва Самсунг фаъолият доранд. То ҷое медонам шароиташон хуб аст. Барои онки ҷойи хоб ва ғизоашон аз ҷониби корхона дода мешавад. Дар як моҳ тақрибан 2 то 2,5 ҳазор доллар маош мегиранд.”

Аммо на ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон муваффақ шудаанд, ки ба Куриёи Ҷанубӣ барои кор раванд. Аз ҷумла, Шодӣ Қозиев, як сокини ноҳияи Мастчоҳро ҳаваси дар як моҳ ба даст овардани дуним ҳазор доллар водор кард, то таҳсил дар донишгоҳро тарк карда, бо заҳмати зиёд шиносномаи Русияро ба даст оварад. Аммо ду моҳ боз дар як нуқтаи мошиншӯӣ дар Русия кор мекунад ва интизори даъватнома аст, то далели сафараш ба Куриёро ба даст орад. “Аммо чанде аз дӯстонам дар Куриё гуфтанд, ки ба ин кишвар низ муҳоҷирон зиёд меоянд ва онҳоро аз фурудгоҳ бармегардонанд”, - гуфт ӯ.

Роҳи дигаре ба ҷуз Русияву Қазоқистон нест?

Сумангул Тағойзода
Сумангул Тағойзода

Талоши муҳоҷирони тоҷик барои кор дар Куриёи Ҷанубӣ дар пайи он сурат мегирад, ки давоми 8 соли ахир мақомоти тоҷик натавонистанд дар ин самт роҳи ҳал пайдо кунанд. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш дар моҳи январ гуфт, раҳбарияти кишвар низ машғули эҷоди масирҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик аст. Вай афзуд, дар ин замина бо Куриёи Ҷанубӣ музокирот анҷом шуда ва мунтазири ҷудо кардани саҳмия ё квотаи ҳукумати он кишвар ҳастанд.

Муҳоҷирони кории тоҷик асосан ба 2 кишвар Русия ва Қазоқистон барои кор мераванд ва теъдоди онҳо аз 1 миллион нафар бештар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG