Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд тозагӣ дар интихоботи соли оянда


Мақомоти интихоботии Тоҷикистон аз бархе навгониҳои хурду реза дар корзори интихоботи порлумонии соли 2015 хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест ки таъмини як корзори дар воқеъ пуррақобат ва озод ҳамчунон як мушкили асосии интихоботҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар интихоботи ояндаи порлумонии Тоҷикистон номзадҳое, ки барои курсии вакилӣ мубориза мекунанд, агар бештар аз 10 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст оранд, гаравпулии онҳо баргардонида мешавад. Вале агар аз 10 дарсад камтар раъй ба даст орад, гаравпулӣ месӯзад.

Абдуманнон Додоев - раҳбари дафтари Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, то ҳол ҳамаи номзадҳое, ки интихоботро мебохтанд, ҳатто дар сурати соҳиб шудан ба 49 дарсади раъйи интихобкунандагон гаравпулии худро пас намегирифтанд ва он месӯхт. Ҳоло гаравпулӣ 50 дарсад камтар шудааст ва бори аввал дар интихоботи ояндаи моҳи феврал довталабони курсии порлумон на 8 ҳазор сомонӣ, балки 4 ҳазор сомонӣ гаравпулӣ пардохт хоҳанд кард.

Бар асоси қонун ҳар ҳизби сиёсӣ ҳақ дорад 22 нафар барои номзадӣ ба феҳристи ҳизбии худ ворид кунад. Пештар барои ҳар яки онҳо ҳизбҳо низ 8 ҳазор сомонӣ гаравпулӣ пардохт мекарданд. Акнун гаравпулӣ барои ҳар кадоме аз онҳо низ 4 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Масалан, агар ҳизбе 10 нафарро дар феҳристи ҳизбиаш ворид кунад, 40 ҳазор сомонӣ пардохт мекунад, вале дар сурати роҳ ёфтани 2 ё 3 нафари онҳо ба порлумон пули боқимонда ба ҳизб баргардонида намешавад, балки ба будҷаи давлат меравад. Ин меъёр аз интихоботҳои гузашта бетағир боқӣ мондааст.

Кумиссиюни интихоботӣ мегӯяд, ҳамаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар интихоботи порлумонӣ ширкат хоҳанд ҷуст. Онҳо ҳам феҳристи ҳизбии худро пешниҳод мекунанд ва ҳам аз ҳавзаҳои якмандатӣ ё инфиродӣ номзадҳояшонро вориди корзори интихоботӣ хоҳанд кард, ба шарти ин ки ҳар номзади инфиродӣ имзои 500 нафар раъйдиҳандагонро ҷамъ кунад. Агар 3 дарсади ин имзоҳо нодуруст бошад, довталаб ба унвони номзад сабти ном нахоҳад шуд.

Дар муқоиса бо интихоботҳои пешин дар интихоботи оянда ҳар номзад ҳақ дорад 7 рӯз пеш аз интихобот номзадии худро фаро хонад, яъне пас бигирад. Дар гузашта чунин меъёр вуҷуд надошт.

Дар интихоботҳои гузашта ҳизбҳои сиёсӣ талош доштанд, ки намояндагони худро ба кумиссиюнҳои ҳавзаӣ ва қитъаӣ пешбарӣ кунанд. Вале чунин кор сарфи назар мешуд. Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, тибқи тағирот дар қонун акнун чунин кор имкон дорад ва танҳо дар сурате ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд ба чунин кумиссиюнҳо намояндаи худро аъзо пешбарӣ кунанд, ки агар онҳо дар ҳамон ноҳияҳо ва шаҳрҳову деҳот созмонҳои аввалияи ҳизбӣ ё сохторҳои худро дошта бошанд. Дар гузашта дар бораи сохторҳои маҳаллии ҳизбҳо дар қонун нуктае вуҷуд надошт.

Ҳизбҳои сиёсӣ феҳристи номзадҳои ҳизбии худ ва номзадҳои инфиродиро дар анҷуманҳои пешазинтихоботии ҳизбии худ ба тасвиб мерасонанд. Қарор аст ин анҷуманҳо аз 13 то 27 декабр баргузор шавад.

Дар баргаи раъй низ ҳангоми раъйдиҳӣ мисли ҳар интихоботи пешин раъйдиҳандагон номи номзадҳои дигарро хат намезананд, балки дар рӯ ба рӯи номи намояндаи мавриди назари худ дар дохили хонача аломати ҷамъ мегузоранд.

Интихоботи гузаштаи порлумонӣ дар моҳи феврали соли 2010 баргузор шуд. Баъд аз ин интихобот дар аввали соли 2011 раҳбари КМИР ва ҳайати он нав шуд ва акнун ин ҳайат бори аввал интихоботи порлумониро баргузор мекунад.

Абдуғанӣ Мамадазимов - коршиноси умури интихоботӣ ва раиси Анҷумани сисёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ҳайати нави КМИР бо пешниҳоди Кумиссиюни дафтари ҳуқуқи башар ва институтҳои демократӣ, аз ҷумла САҲА меъёрҳои баргузории як интихоботи демократиро меомӯзанд ва марҳила ба марҳила низоми интихоботи миллии Тоҷикистонро бо меъёрҳои байналмиллалӣ наздик мекунанд. Ба ин далел дар баъзе моддаҳои қонун дар муқоиса бо интихоботи гузашта тағироти ёдшуда ворид шудааст.

Вале мушкилиҳо ҳамоно боқӣ мондааст. Ҳизбҳои сиёсӣ мехоҳанд дар маҳалҳо дар кумиссиюни ҳавзаҳо ва қитъаҳо намояндагони худро чун нозир ворид кунанд. Ин масъала ҳамчунон бидуни ҳал боқӣ мондааст ва баҳси ҳизбҳои сиёсӣ бо КМИР ҳамчунон дар ин замина давом дорад.

Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ тақрибан 3400 қитъа ва ҳавзаҳои раъйдиҳӣ вуҷуд дошт. Ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи моҳи феврали соли 2015 низ ин шумора ҳифз хоҳад шуд. Бо назардошти ин миқдор қитъаи интихоботӣ на ҳар ҳизб метавонад дар ҳамаи ин қитъаҳо аъзои худро чун нозир пешниҳод кунад. Абдуғанӣ Мамадазимов мегӯяд, танҳо ду ҳизб метавонанд аз 80 то 90 дарсади қиъаҳои интихоботиро бо нозирони худ таъмин кунанд.

Вале ҳизбҳои сиёсӣ роҳи дигари ҳали масъаларо дар назар доранд. Онҳо мегӯянд, ки дар маҳалҳо ҳизбҳои камнуфус метавонанд байни худ эътлоф ташкил кунанд ва бо кӯмаки якдигар чун нозир ба кумиссиюн ворид шаванд. Ин масъала дар қонун пешбинӣ нашудаст ва КМИРТ низ то ҳол дар ин бора ба ҳизбҳо посухи мушаххас надодааст.

Моҳи феврали соли 2011 Шермуҳаммади Шоҳиён баъд аз расидан ба мақоми раёсати КМИРТ изҳор дошт, ки дар интихоботи соли 2015 имкони ҷорӣ кардани низоми электронии ҳисоби орои интихобкунандагон вуҷуд дорад. Вале бо наздик шудани интихобот дида мешавад, ки будҷаи кунунии Тоҷикистон ба танҳоӣ ин “борро намебардорад” ва ҷорӣ кардани чунин низом дар интихоботи ояндаи порлумонӣ аз имкон дур аст.

Оқои Мамадазимов ба шаффофият дар интихоботи оянда хушбин нест ва мегӯяд, ки Тоҷикистон ва умуман кишварҳои шӯравии пешин бо назардошти фарҳанги сисёсии худ ва хислатҳои миллии худ аз меъёрҳои ғарбии баргузор кардани интихоботи демократӣ ақиб мондаанд ва чунин меъёрҳо марҳидла ба марҳида бо кӯмаки созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ба ин кишварҳо роҳ хоҳанд ёфт.

То ҳол рӯзи баргузории интихоботи ояндаи порлумонӣ маълум нашудааст, вале тибқи қонун 75 рӯз пеш аз хатми салоҳияти намояндагони кунунии порлумон раиси ҷумҳур дар бораи баргузории интихоботи навин фармон содир ва санаи интихоботро эълон мекунад.

XS
SM
MD
LG