Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳизби дигар ҳам мехоҳанд дар порлумон фраксия дошта бошанд


Ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон эълом доштаанд, ки бо муваффақияти бештар дар интихоботи оянда мехоҳанд, дар ҳайати ояндаи порлумон ҷиноҳҳои худро таъсис диҳанд.

Ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон гуфтаанд, ки мехоҳанд, дар ҳайати нави порлумон ҷиноҳҳои худро дошта бошанд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бар ин аст, ки дар интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 на камтар аз панҷ курсӣ ба даст хоҳад овард ва масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯянд, бо 6 вакил хоҳанд тавонист ҷиноҳи порлумонии худро ба вуҷуд оранд. Алҳол танҳо ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар порлумон фраксияи худро дорад.55 узви порлумон аз 63 аъзои ин ҳизбанд ва танҳо ҳизбҳое, ки беш аз 5 узв доранд, метавонанд, ҷиноҳи худро дар порлумон таъсис диҳанд. Умедвории ду ҳизби дигар барои ташкили фраксия дар порлумон ба ҷараёни интихоботи оянда, стратегияи интихоботӣ ва озоду одилона гузаштани раъйдиҳӣ ва шумориши оро бастагӣ дорад.

Ноиби раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло феҳрасти ҳизбии номзадҳои оянда омода шуда, дар он 20 нафар пешниҳод хоҳанд шуд. Вай афзуд ҳамин теъдод номзадро ҳизб дар ҳавзаҳои якмандатӣ вориди корзор хоҳад кард.

Пештар, рӯзи 23 октябр ноиби раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди пешбарии шумораи камтарии номзадҳо ин ҳизб ба комёбӣ дар интихоботи оянда умедвор аст. Ин дар ҳолест, ки ҳарду ҳизб дар ҳайати феълии порлумон ҳамагӣ 2 номзадӣ доранд. Ҷаноби Талбаков афзуд: “Албатта, анҷумани ҳизби коммунист дар таърихи 27 декабр дар шаҳри Душанбе рӯйхати ниҳоии номзадҳои ин ҳизб ба интихоботи порлумонии моҳи февралро мушаххас хоҳад кард, аммо мо ният дорем, ки ба ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ 10 номзад ва ба ҳавзаҳои якмандатӣ 7 номзади дигарро аз ҳизби коммунист пешбарӣ кунем.”

Ҷаноби Талбаков сабаби аслии пешбарии шумори камтари номзадҳо аз ҳизби коммунистро ба ҳаҷми, ба ақидаи онҳо, гарони гаравпулӣ, ки 4 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, марбут донист ва гуфт, ки ҳизб дар шароити феълӣ имкони таъмини молӣ барои муаррифии 22 нафари имконпазир аз рӯйхати ягонаи ҳизбӣ ва ҳамин тавр, дар ҳамаи 41 ҳавзаи якмандатиро надорад.

Аммо бо ин ҳам, муовини раҳбари ҳизби коммунист ибрози умедворӣ кард, ки ин ҳизб дар ҳайати ояндаи порлумони Тоҷикистон бо дастикам 6 вакил, фраксияи худро ташкил хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки таҷрибаи интихоботҳои қаблии порлумонӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки теъдоди намояндагони ҳизби коммунист рӯ ба коҳиш дорад.

Агар дар интихоботи порлумонии 2000 9 номзади ҳизби коммунист вориди порлумон шуда бошад, дар интихоботи соли 2005 шумораи вакилони коммунист дар Маҷлиси намояндагон ба 7 нафар расид.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов

Аммо дар интихоботи охирини порлумонӣ дар соли 2010 ин ҳизб барои бори аввал дар интихобот аз ҳизби наҳзати исломӣ ҳам ақиб монд ва танҳо ду номзад - Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, раҳбар ва муовини раиси ҳизби коммунист ва он ҳам тариқи руйхати ягонаи ҳизбӣ вориди порлумон шуданд.

Вале Исмоил Талбаков мӯътақид аст, ки таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки ҳизби коммунист миёни мардум аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст ва интихобкунандагон низ аз барномаи пешазинтихоботи ҳизб ва номзадҳои он пуштибонӣ хоҳанд кард. Ҳоло тибқи иттилои масъулонаш, ҳизби коммунист дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо созмонҳои ҳизбӣ дорад ва теъдоди аъзояш ба 45 ҳазор нафар мерасад. Барои муқоиса, ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки дар порлумони кунунӣ 55 курсӣ дорад, шумори аъзояшро беш аз 200 000 нафар мегӯяд.

Ба гуфтаи коршиносон, аксари аъзои ҳизби коммунист афроди собиқадор аз замони Шӯравианд, ки "ширинӣ"-ҳои он давронро бо ҳасрат ёфд мекунанд. Аммо як чолиши аслии истода дар назди ин ташаккули сиёсӣ, ба ақидаи аҳли назар, ҷалби нирӯи наву ҷавон аз ҳисоби онҳоест, ки даврони Шӯравиро ёд надоранд. Онҳо мегӯянд, агар ҳизби коммунист ба ин чолиш натавонад расидагӣ бикунад, коҳиши нуфузаш дар ҷомиаи Тоҷикистон ҳамчунон идома хоҳад ёфт ва дигар гумон аст, ки ҳатто мавқеи феълиаш дар порлумонро нигоҳ бидорад, чӣ расад ба касби 6 курсӣ ва ташкили фраксияи алоҳида.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, мегӯяд, дар нишасти навбатии Шӯрои сиёсӣ, номзадҳои ин ҳизб аз ҳавзаҳои якмандата мушаххас шудаанд. Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҲНИТ дар 20 ҳавзаи якмандта дар навоҳии вилояти Суғд, минтақаи Кӯлоб ва дар навоҳии тобеи марказ, номзадҳои худро таъин кардаанд ва дар анҷумани қабл аз интихоботӣ, ному насаби онҳо эълон хоҳанд шуд. Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 16 декабри соли равон баргузор мешавад.

То интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳудуди чаҳор моҳи дигар мондааст ва то кунун ба ҷуз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягон гурӯҳ ва ё ҳизби сиёсии дигар аз пешниҳоди номзадҳои худ хабар надодааст.

Зимнан, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҳоло омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон шурӯъ шудааст. Абдураҳмон Додоев, сардори дастгоҳи КМИР рӯзи 20 октябри ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нахустин интихобот аст, ки номзадҳои ҳавзаҳои якмандата ва аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ 4 ҳазор сомонӣ гаравпулӣ месупоранд. Вай афзуд, ки дар гузашта номзадҳо 8 ҳазор сомонӣ пардохт мекарданд.

Ба гуфтаи ин мақоми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ин иқдом пас аз пешиниҳоду баррасии аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байналмиаллалии масоили интихобот, гирифта шудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир дар парлумони кишвар ду вакил -- Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ва муовини ӯ Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ мекунанд. Дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 8 фоизи ороро нисбат доданд, ҳарчанд раҳбарони ҳизб мегуфтанд, ки дар асл беш аз 30 дарсад раъй гирифтаанд. ҲКТ низ дар ҳайати феълии порлумон ду узв дорад -- раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов ва ноиби ӯ Исмоил Талбаков.

XS
SM
MD
LG