Созмони амрикоии “Пантера” ба сокинони водии Бартанги вилояти Бадахшон барои сохтмони оғилҳои амн ёрӣ хоҳад кард, то чорвои худро аз ҳамлаҳои паланги барфӣ эмин нигоҳ доранд. Онҳо мехоҳанд, аз ин тариқ ҷони ин ҳайвони нодирро низ ҳифз кунанд, ки эҳтимол дар сурати талафоти зиёд ва ба хашм овардани сокинон метавонад худ шикор шавад.
Ягона сарвати мардуми водии Бартанг чорвои онҳост. Вале мардум медонанд, ки паланги барфӣ ҷонвари нодир аст ва аз ҳамин хотир кӯшиш мекунанд, ки ба он зарар нарасонанд.
Сокинони рустоҳои Ҳиҷез ва Разуҷи водии Бартанг гуфтанд, ки дар ним соли гузашта, бахусус айёми зимистон, паланги барфӣ вориди оғили онҳо шуда, дар маҷмуъ беш аз 70 бузу гӯсфандро куштааст. Ғоибназар Қурбоншоев, сокини деҳаи Хиҷез, гуфт, як ҳамсояи ӯ дар чанд моҳи гузашта панҷ бузу гӯсфанди худро пора-пора ёфтааст. Ӯ рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боми баъзе аз оғилҳо ба хотири даромадани рӯшноӣ ва ҳавои тоза тиреза доранд ва маъмулан палангҳои барфӣ аз ҳамин ҷо ба оғилҳо ҳамла мекунанд.
Ин сокини Бартанг афзуд, “ягона сарвати мардуми водии Бартанг чорвои онҳост. Вале мардум медонанд, ки паланги барфӣ ҷонвари нодир аст ва аз ҳамин хотир кӯшиш мекунанд, ки ба он зарар нарасонанд.” Қурбоншоев мегӯяд, ҳамсояи ӯ низ баробари кушодани дари оғилаш чанд чорвои худро мурда ёфт ва дар кунҷе паланги барфиро дид. “Бо вуҷуди инки медонист, ин талафоту зиёнро ба ӯ паланги барфӣ расондааст, аммо бо кумаки намояндагони созмони амрикоии “Пантера” ва сокинон палангро аз оғил берун кард, то дар табиат бимонад”, - афзуд ӯ.
Навори видео дар инҷост:
Паланги барфӣ дар Китоби сурх ворид буда, дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Дар гузашта низ ҳолатҳои ҳуҷуми ин ҷонвари нодир ба чорвои мардум дар минтақаҳои мухталифи Бадахшон сабт шуда буд, аммо зимистони имсол ҳамлаҳо бештар ба мушоҳида расидааст.
Мутахассисон гуфтанд, ки камтар шудани ғизои ҷонварон дар зимистон ва маҳдуд шудани қаламрави зисташон онҳоро ба ҳамла ба чорвои сокинон маҷбур мекунад. Нузар Ошурмамадов, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи билогоии Помир ва коршиноси созмони “Пантера”, мегӯяд, аммо то ҳол ҳамлаи ин ҷонвар ба инсонҳо дар минтақа мушоҳида нашудааст. “Бабрҳои сафед аксаран зиндагии пинҳонӣ доранд. Рӯзона ва дар тобистон кам иттифоқ меафтад, ки нафаре ин ҷонварро бибинад. Тобистон бабрҳои сафед суғур мехӯранд, вале чун дар зимистон суғурҳо ва бузҳои кӯҳӣ камёфтанд, маҷбур мешаванд, ки ба оғилҳои мардум рӯ биоранд”, - шарҳ дод ӯ.
Кормандони созмони “Пантера” то имрӯз дар озод намудани се паланги барфӣ аз оғилҳои мардум дар ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон ва Ванҷ мусоидат намудаанд. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, тибқи шумориши онҳо дар Тоҷикистон ҳоло наздики 300 паланги барфӣ зиндагӣ дорад. Афзоиши ин ҷонвари нодир дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа дар Тоҷикистон хуб арзёбӣ мешавад.
Рустам Муродов, корманди Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, “ба фарқ аз солҳои пеш, ки бабрҳои сафед шикор шуда, пӯсташон фурӯхта мешуд, ҳоло вазъият комилан тағйир кардааст. Бахусус, дар вилояти мухтори Бадахшон зиёдшавии ин ҷонвар баръало мушоҳида мешавад. Зеро низоми ҳифзи муҳити зист беҳтар гардида, назорат дар минтақаҳо сахттар шудааст ва мардум дигар палангҳои барфиро намекушанд.”
Рустам Муродов гуфт, Тоҷикистон дар баробари 13 кишвари ҷаҳон ба барномаи ҳимоят аз бабрҳои сафед шомил шудааст. Ҳадафи барнома муайян ва ҳифзи манотиқи будубоши ин ҷонварон, шадид кардани назорати ин мавзеъ ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ будааст. Қарор аст, моҳи августи имсол дар шаҳри Маскав ҳамоиши кишварҳои узви ин барнома баргузор шавад, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он иштирок хоҳанд кард.