Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқобила бо тағйирёбии иқлим. Қарзҳои БАБР барои занҳои рустоӣ


Ҳудуди 30 дарсади беш аз ду ҳазор гирандагони қарзҳои барномаи “CLIMADAPT” ё тарҳи мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон, ки аз сӯи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд сармоягузорӣ мешавад, занҳои рустоӣ будаанд. Ин нуқта рӯзи 24-уми октябр дар маросими натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ин барнома дар шаҳри Душанбе, эълон шуд.

Ба гуфтаи Ник Маккейн, мудири минтақавии БАБР дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳадафи ин барнома, ҷалби сокинон ба истифода аз фанновариҳои ҷадиди коркарди замин ва сарфаи захираҳои обу энержӣ мебошад. Вай афзуд, ки то ҳол 2250 хоҷагии деҳқонӣ ва соҳибкорӣ аз қарзҳои боимтиёзи ин барнома барои таҷдиди воситаҳои фаннии истеҳсолии худ истифода кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Маккейн, қарзҳои ин барнома бо имтиёз буда, тавассути чаҳор муассисаи молии Тоҷикистон, назири бонки “Эсхата”, созмонҳои қарзии “Арванд”, “Имон Интернешнл” ва “Ҳумо” бо пули миллии сомонӣ ба муштариён дода мешавад.

Қарз барои обёрии қатрагӣ

Абдуҳаким Комилов, кишоварз аз ноҳияи Ёвон мегӯяд, ки дар аввали соли ҷорӣ барои обёрии қатрагии 4 гектар боғаш аз ин барнома қарз гирифта, мехоҳад соли оянда барои обёрии боз се гектар боғи наваш аз ин тарҳ истифода кунад. Вай афзуд: "Аз қарзи гирифтаам хушҳолам, зеро барои мо хеле қулай аст. Бо таҷҳизоти қатрагӣ ниҳолҳои боғ соли оянда аллакай мева медиҳанд. Фикр мекунам, боз аз ин барнома қарз гирифта, 3 гектар боғи навро низ тавассути таҷҳизоти қатрагӣ обод мекунам. Аз фоидаи боғи аввала қарзи боғу дувумро метавонам пардохт кунам."

Зимнан, БАБР барои иҷрои ин барнома дар Тоҷикистон 6 миллион доллар сармоя ихтисос дода ва бонкҳои коршарикаш ба муштариён онро бо пули сомонӣ ва бо фоизи камтар, яъне ҳудуди 25 дарсади солона медиҳад. Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қарзҳо ба пули сомониро бо баҳраи беш аз 30 дарсади солона пешниҳод мекунанд.

"Захираҳо беохир нестанд..."

Умед Шарипов, яке аз мушовирони барномаи “CLIMADAPT” мегӯяд, ки бо ин тарҳ соли дувум ҳамкорӣ мекунад ва ба куллияи муштариён машваратҳои фаннӣ мерасонад. Вай дар судовар будани ин барнома барои Тоҷикистон муътақид аст ва гуфт: "Ман ба унвони як соҳибкор мегӯям, ки истифодаи самаранок аз захираҳои обиву энержӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон муфид аст. Аз ин раванд дар тамоми ҷаҳон истифода мекунанд, зеро медонанд, ки захираҳо беохир нестанд."

Умед Шарифов дар идома гуфт, ки онҳо дар шимоли Тоҷикистон нахустин лоиҳаи боғҳои ба усули чакрагӣ обёришавандаро озмоиш карданд ва ҳоло ин таҷрибаро дар ҳамаи минтақаҳои кишвар медиҳанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Умед Шарифов, тавлиди таҷҳизоти обёрии чакрагиро дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ карда, онро бо нархҳои дастрас ба ҳамаи алоқамандон пешниҳод менамоянд.

Дар сӯҳбат бо масъулони ин тарҳ рӯшан шуд, ки ин барнома се ҳадафи аслӣ дорад. Яке аз онҳо ҷилавгирӣ аз шӯра задани замин ва сарфаи захираҳои обиву энержӣ мебошад. Гузашта аз ин, ин барнома насби батареяҳои хуршедӣ дар манзилу коргоҳҳои кишоварзону соҳибкорон ва бунёди сардхонаҳои бо нерӯи хуршедӣ фаъолият доштаро ҳадаф доштааст. Сафири Бритониё Хю Филпотт дар суханрониаш дар ҳузури ширкаткунандаҳо гуфт, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар қиболи тағйироти иқлим мебошад ва кишвараш алоқаманд аст, ки минбаъд сармоягузории ин тарҳро афзоиш диҳад.

Нигаронии президент аз паёмадҳои тағйирёбии иқлим

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳамоиши об, ки рӯзи 28 ноябри соли гузашта дар пойтахти Маҷористон - шаҳри Будапешт гуфта буд, ки дар қаламрави Тоҷикистон 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.

Аммо ба гуфтаи раиси ҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, бар асари тағйироти иқлим дар давоми 20 соли охир, "аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, зиёда аз 1 ҳазор пирях об шуда аз байн рафт". Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти соли 2015, ба гуфтаи ӯ, ба иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расидааст.

XS
SM
MD
LG