Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корҷӯёни дипломдор дар "мардикорбозор"-ҳои Душанбе (ВИДЕО)


61 дарсади бекорони расмӣ дар Тоҷикистонро ҷавонони аз 18 то 29-сола ташкил медиҳанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аксари корҷӯён дар "мардикорбозор"-ҳои Душанбе афроди дипломдор будаанд.

Бино ба гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ шумораи афроди бекор 2, 5 дарсади аҳолии тавонмади кори ин кишварро ташкил дода ва гуфта мешавад, 61 дар сади онҳо ҷавонони синни 18 то 29-солаанд. Аммо гузоришҳои ғайрирасмӣ ин рақамро ба маротиб бештар аз арқоми расмӣ медонад.

Таҳлилгарон мегӯянд, бештар шудани афроди бекор дар ин синну сол метавонад паёмадҳои ногувори иҷтимоиро барои Тоҷикистон ба бор оварад. Шаҳло Алимова, як масъули раёсати омори демографии Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, теъдоди бекорон аз ҷониби вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ муайян шуда, инҳо нафароне ҳастанд, ки ба таври расмӣ худро чун шахси бекор сабти ном мекунанд. Аммо ба таъкиди хонум Алимова, бештар аз як миллион муҳоҷире ,ки дар Русия кору фаъолият дорад, ба ҷумлаи афроди бекор шомил намешаванд.

Аз ҳудуди 60 ҳазор нафаре, ки чун шахси бекор ба қайд гирифта шудааст, беш аз 30 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Аммо ин дар ҳолест, ки бо назардошти менталитети тоҷикона аксари аҳолии Тоҷикистон, ба хусус ҷавонон худро чун шахси бекор ба қайд намегузорад. Бештари онҳо аз дӯстонашон ҷои кореро ҷӯё мешаванд, ба Русия мераванд ваё рӯ ба “мардикорбозор”-ҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии мухталиф меоранд.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки аксари бекорон дар “мардикорбозор”-ҳои воқеъ дар маҳаллаҳои “Гипрозем” ва 82-юми пойтахт ҷамъ мешаванд. Чун аз “мардикорбозор” –и маҳаллаи Гипроземи Душанбе боздид мекардем, дар як лаҳзаи хеле кӯтоҳ ҷавонони зиёде наздамон омада мепурсиданд, ки “Чӣ кор аст? Ба куҷо равем?”

Зоиршоҳ Пирназаров, ҷавони 25-сола аз шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, се сол инҷониб дар “мардикорбозор” - и маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе рӯзашро дар интизори корфармоҳо мегузаронад.

Зоиршоҳ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишкадаи санъат мебошад. Ӯ мегӯяд, ба далели он ки кори муносиб пайдо карда натавонистааст, маҷбур аст, ҳар рӯз ягон кори сиёҳеро анҷом дода, рӯзашро пеш барад.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, се моҳи пеш хонадор шудааст ва бо далели набуди ҷои кор дар маҳали зисташон наварӯсашро танҳо гузошта, худ ба Душанбе омадааст: “Дар як моҳ ҳазор сомонӣ ва баъзан бештар аз ин кор карда, баъд ба хона меравем. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки ҳафтаҳои дароз кор пайдо карда наметавонем ё ба қавле “кидат” мешавем. Маҷбур ҳастем, ки дар ду ё се моҳ як маротиба ба дидорбинии хонаводаамон равем. Тавре дар Русия муҳоҷиронро кор мефармоянд ва ҳаққи меҳнаташонро намедиҳанд, дар Душанбе низ айнан ин амал дида мешавад. Бино бар ин то замоне ҳадди ақал ҳазор сомонӣ пул ба даст наорем, ба деҳа намеравем.”

Аксари ҷавононе, ки дар ин “мардикорбозор” буданд, мегӯянд, дорои маълумоти олӣ мебошанд. Ҳатто чанд нафари онҳо хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ, техникӣ ва миллӣ мебошанд.

Ин ҷавонон дар посух ба ин суол, ки “Набуди ҷойи кор ба ҷавонон ва ҷомеаи тоҷик чӣ таъсир дорад?” гуфтанд, ки бештар аз 80 дарсади ҷинояткорӣ миёни мардум аз набуди ҷой кор аст.

Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири ҳафтаноми “Самак” бар ин назар аст, ки камбуд ё набуди ҷой кор дар Тоҷикистон метавонад, хатари ҷиддиеро ба миён орад. Ба таъкиди ин рӯзноманигори тоҷик, ҳама гуна инқилобу ошӯбҳо дар кишварҳо аз мушкилоти иҷтимоӣ, ба хусус набуди ҷой кор сар мезананд: “Бекорӣ пеш аз ҳама таъсири бади худро ба ҷавонон мерасонад. Зеро ҷавонон барои бароварда кардани ниёзҳои худ ҳамеша дар талоши он ҳастанд, ки маблағ ба даст оранд. Бинобар ин ҳангоме онҳо наметавонанд эҳтиёҷи худро бароварда созанд ба ҳама кор даст мезананд. Рӯ меоранд ба ҳиҷрат, ба дӯздиву куштор, ҳатто ба гирдиҳамоӣ ва ошӯб даст мезананд.”

Ба қавли Ҷасур, гуфтан хело душвор аст, ки имрӯз барои ҷавони тоҷик кадом кор дастрас аст. Аммо агар гӯянд, ки ҷавони тоҷик аз кадом макон имкони барои худ кор пайдо карданро дорад?, метавон аз бозор ном бурд. Чун ба гуфтаи Ҷасур, дар бозор онҳо ҳам ба савдо машғул мешаванд ва ҳам ба аробакашӣ ва ба дуздиву киссабурӣ.

Ҷавони дигари 28-сола дар “мардикорбозор”, ки худро Нодирҷон Исмоилов муаррифӣ кард ва дар маҳаллаи 82 барои худ кор меҷуст, мегӯяд, аз субҳ интизор аст, ки кӣ омада, барояш пешниҳоди кор мекунад. Нодирҷон, ки се фарзанд дорад, мегӯяд, қаблан ба муҳоҷират мерафт, аммо ҳоло дигар ҳаққи вуруд ба хоки Русияро надорад. Зеро пулиси рус ба далели патент надоштанаш ӯро ҷарима ва ихроҷ кардааст. Нодирҷон гуфт, онҳо моҳона даромади аниқ надоранд. Зеро гоҳо дар як рӯз 50 то 100 сомонӣ маблағ ба даст меоранд ва гоҳи дигар ҳафтаҳо бекор мегарданд.

Ҷомеашиносон паёмади афзоиши бекорӣ миёни ҷавонони синни 18 то 29 соли тоҷикро ногувор мехонанд ва мегӯянд, ки ин вазъ метавонад “таркиши иҷтимоӣ” –ро ба вуҷуд биорад. Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, ҷомеашиноси тоҷик бар он аст, ки то кунун омилҳои бекории ҷавонон дар Тоҷикистон аз сӯи муҳақиққин омӯхта ва мушаххас нашудааст. Ба андешаи ӯ, маҳз мушаххас набудани омилҳои бекории ҷавонон ин қишри ҷомеаро дар лобало қарор додааст.

Нозирони умур низ мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахир дар ҷаҳон ва минтақа, ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, барномаҳои амалиеро рӯи даст гирад, то битавонад ҷавононро бо ҷои кор таъмин кунад.

Ин нозирон барномаҳои феълии ҳукумат барои ташкили ҷойҳои корӣ, ки солона беш аз сад ҳазор гузориш дода мешавад, ҷиҳати рафъи мизони бекорӣ дар Тоҷикистон муассир намедонанд. Чун ба таъкиди онҳо, ин ҷойҳои корӣ бо маоши ночизе ки доранд, ниёзи ҷавонони бекорро бароварда наметавонад.

XS
SM
MD
LG