Сатҳи бекорӣ дар "минтақаи евро" баланд боқӣ мемонад. Евростат, бунгоҳи омори Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки бекорӣ дар 17 кишвари узв моҳи ноябри соли гузашта дар сатҳи каме бештар аз 12 дар сад буд, яъне, 19 миллиону 200 ҳазор нафар дар минтақаи евро шуғле надоранд. Дар 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бекорӣ дар сатҳи тақрибан 11 дар сад аст.
Евростат хабар дод, ки бекорӣ ба вижа миёни ҷавонони аз 16 то 25 сола болост ва дар минтақаи евро дар сатҳи 24,2 дар сад боқӣ мемонад.
Сатҳи аз ҳама баланди бекорӣ дар Юнон – 27, 4 дар сад ва сатҳи аз ҳамаи пойинтарин дар Австрия – 4,8 дар сад мебошад.