Додситонии вилояти Новосибирск, воқеъ дар тақрибан 3350-километрии шаҳри Маскав, пойтахти Русия, рӯзи 15 июн хабар дод, ки таҳқиқи парвандаи алайҳи 16 тан аз зодагони Осиёи Марказӣ, бо шумули як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро, ки ба таъсиси шӯъбаи созмони мамнӯи “Ҷамоати Таблиғ” дар ин вилоят айбдор мешаванд, анҷом додаааст. Интизор меравад, ин парвандаи пурсарусадо аз сӯи додгоҳи ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Новосибирск баррасӣ шавад.
Дмитрий Лямкин, ёвари додситони вилояти Новосибирск рӯзи 15 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин парванда барои шиносоӣ ба дасти айбдоршавандагон дода шудааст ва баъди анҷоми ин марҳала ба додгоҳ хоҳад рафт. Дмитрий Лямкин гуфт, аз 16 айбдоршаванда якеаш – Иброҳим Ҷӯрахӯҷаев – шаҳрванди Тоҷикистон, якеи дигар шаҳрванди Қирғизистион ва 14 тани дигар низ зодагони Қирғизистонанд, ки ҳоло шаҳрвандии Русияро доранд.”
Ин 16 нафар ҳанӯз моҳи ноябри соли 2013 аз тарафи ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар як манзил дар шаҳри Новосибирск дастгир шуданд. Гуфта мешуд, аз ин манзил як теъдод адабиёти мазҳабии мамнӯъ ва ҳам наворҳо бо маводи ифротгароёна ёфт ва мусодира шудааст.
Ибтидо гуфта мешуд, ин гурӯҳи тундрави исломиро дар Новосибирск шаҳрванди Тоҷикистон Камолиддин Раҳмонов таъсис додааст. Ин нафар, ба гуфтаи мақомоти амниятии Русия, 10 сол дар урдугоҳҳои исломгароён дар Покистон таълиму тамрин гирифта, дар соли 2012 низ ба далели ҳамкорӣ бо созмони ифротӣ аз қаламрави Русия берун карда шуда буд. Вале ӯ дар ибтидои соли 2013 бо шиносномаи қалбакӣ ба номи Иброҳим Ҷӯрахӯҷаев ба Новосибирск баргаштааст.
Аммо Дмитрий Лямкин ба Озодӣ гуфт, “тақрибан ҳамаи ин 16 нафар дар фаъолияти шӯъбаи маҳаллии “Ҷамоати Таблиғ” нақши баробар доштаанд ва то судури ҳукми додгоҳ мушкил аст гуфтан, ки кадоми онҳо “амир” буду кадомаш – зердаст.”
Ҳоло Иброҳим Ҷӯрахӯҷаев (Камолиддин Раҳмонов), Нурлан Борбиеви 42-сола аз Қирғизистон ва боз 14 узви дигари ин “шӯъба” бар асоси қисми дуюми моддаи 282-юми Кодекси ҷиноии Русия (ширкат дар фаъолияти созмони диние, ки фаъолияташ ба далели ифротгароӣ манъ шудааст) ба додгоҳ кашонда мешаванд. Хулосаи айбдоркунӣ дар мавриди ин 16 нафар бо чунин иттиҳомро додситони вилояти Новосибирск Владимир Фалилеев рӯзи 15 июн имзо кардааст ва тибқи қонунҳои Русия, ба аъзои ин гурӯҳ то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мақомоти амниятии Новосибирск мегӯянд, пайравони “Ҷамоати Таблиғ” дар Новосибирск аз соли 2005 амал мекард ва ба сурати пинҳонкорона ақидаҳои ин созмонро таблиғ ва аъзои навро ба ҳайаташ ҷалб мекард. Гуфта мешавад, онҳо таблиғоти худро бар асоси адабиёти ифротие, ки нашру таблиғи онҳо дар Русия қонунан манъ шудааст, аз ҷумла “Арзишҳои Таблиғ” ва “Ҳадисҳои мунтахаб”-и Шайх Кондеҳлавӣ ва “Фазоили аъмол”-и Шайх Закариё, ба роҳ монда буданд.
Додситонии Новосибирск мегӯяд, “ҳадафи “Ҷамоати Таблиғ” таъсиси давлати воҳиди исломӣ бо номи “Хилофати ҷаҳонӣ” дар заминаи минтақаҳои суннатан мусулмоннишин буда, ин созмон мехоҳад аз тариқи таблиғи шаклҳои тундравонаи Ислом ба ин ҳадаф бирасад.”
Бино ба гуфтаи тафтишот, аъзои “шӯъба”-и ин созмон таҳти раҳбарии Ҷӯрахӯҷаев ва Борбиев дар вилояти Новосибирск ақидаҳои “Ҷамоати Таблиғ”-ро таблиғ мекарданд, аъзои навро ба ин созмон ҷалб мекарданд ва дар нишастҳои пайравони “Ҷамоати Таблиғ” ширкат мекарданд.
Фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Русия расман манъ шудааст. Додгоҳи олии Русия ҳанӯз 6 сол пеш бо қарораш аз 7 майи соли 2009, ин созмонро ифротӣ эътироф карда, фаъолияташро дар Русия қонунан манъ карда буд.
Пайравони “Ҷамоати Таблиғ” тақрибан дар миёнаи солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон низ пайдо шуда, тавассути “панҷгона”-ҳое, ки аз сӯи “амир” раҳбарӣ” мешуд, ба таблиғи ақидаҳои динӣ машғул буданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2006 ин созмонро ба “рӯйхати сиёҳ”-и созмонҳои ифротиву террористии мамнӯъ шомил кард. Баъди он даҳҳо нафар дар ин кишвар бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мазҳабии манъшуда боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд.
Охирин хабари марбут ба аъзои ин гурӯҳ рӯзи 28 апрели соли равон аз додгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанду Исфара омад, ки се сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро ҷурми қасди "аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти қонунии Тоҷикистон" 3-солӣ аз озодӣ маҳрум карданд. Ба қавли масъулони додгоҳ, Абдулло Исҳоқов (38-сола), Зариф Нуриддинов (34-сола) ва Пайравҷон Ашӯров (32-сола), ки моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуданд, аз соли 2007 шомили "Ҷамоати Таблиғ" буда, дар дар ҳудуди Исфара, Б.Ғафуров ва Чкалови Тоҷикистон ва Бодканду Бишкеки Қирғизистон ақидаҳои ин гурӯҳро таблиғ мекарданд. Бар асоси тафтишот, ҳарсеи онҳо дар солҳои 2008-2009 семоҳӣ дар Деҳлии Ҳиндустон низ таълим гирифтаанд.
“Ҷамоати Таблиғ”, бино ба манобеи интернетӣ, дар соли 1926 дар Ҳиндустон аз тарафи Мавлоно Муҳаммад Илёс ном рӯҳонӣ таъсис ёфтааст. Бисёре аз рӯҳониёни суннатгаро ақидаҳои ин созмонро наздик ба равияи динии Ваҳҳобия мешуморанд.