Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии чаҳор зани "таблиғӣ" дар Хатлон


Бинои идораи додситонии вилояти Хатлон
Бинои идораи додситонии вилояти Хатлон

Чаҳор зани гумонбар дар узвияти созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" аз муҷозот раҳо шудаанд.

Шарофат Азизова, Дилфуза Ҳошимова, Мавҷуда Сатторова ва Зебинисо Пирхонова, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мебошанд, соли гузашта бо иттиҳоми пайравӣ аз "Ҷамоати таблиғ" боздошт шуда, додситонии Хатлон алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда буд.

ЗАНОНРО АВФ КАРДАНД?

Додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро ба гумони узвият дар "Ҷамоати таблиғ" ба зиндон фиристодаанд (Акс аз бойгонӣ)
Аммо як манбаъи мӯътамад дар додситонии вилояти Хатлон ба радиои "Озодӣ" гуфт, ин афрод, ки ҳамагӣ аз 23 то 37 сол доштаанд, мавриди афв қарор гирифта, парвандаҳояшон низ лағв шудааст.

Сарчашмаи иттилоъ аз ироаи ҷузъиёт ва сабабҳои аслии "афв шудан"-и ин чаҳор зан худдорӣ кард. Вай гуфт, тафтиши парвандаи мазкур ба дӯши муфаттишони раёсати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон буд.

Аммо дар ниҳоди мазкур низ аз шарҳи ин парванда худдорӣ карданд. Ҳоло маълум нест, ки сарнавишти баъд аз раҳоии ин чаҳор зани гумонбар дар узвияти "Ҷамоати таблиғ" чӣ шудааст.

Талошҳои радиои "Озодӣ" барои дарёфти назари афроди муттаҳам ва ё вакилони мудофеи онҳо низ бенатиҷа анҷом ёфтаанд. Вале як вакили дифое, ки аз ин қазия огоҳӣ доштааст, гуфт, ба эҳтимоли қавӣ мақомот ҳамдастию иртиботи ин гурӯҳи занон бо "Ҷамоати таблиғ"-ро исбот карда натавонистаанд.

АЗ "ТАБЛИҒ" ТО "МАСТУРОТ"

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Толибҷон Азимов, корманди масъули Идораи додситонии Хатлон, афроди муттаҳам барои паҳн кардани шабномаҳо ва адабиёти зоҳиран мазҳабӣ, аммо таблиғгари ифротгароиву даъват ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон, ҳамчунин дар пайи таъсиси як созмони ғайрирасмии мавсум ба "Мастурот" боздошт шуда буданд.

Дар додситонӣ гуфтанд, ки созмоне зери ин ном дар ягон ниҳоди давлатӣ ба қайд гирифта нашуда, аммо фаъолияташ низ дар баробари созмонҳои ифротгаро мамнӯъ набудааст.
Баъзе мисолҳо ва таҳқиқотҳо ҳаст, ки аъзояшонро ҳатто аз ҷиҳати моддӣ ҳам дастгирӣ карда ва ё ба ҳамин восита ҷалб мекардаанд...


Вале ҷаноби Азимов баъйид намедонад, ки созмони занонаи “Мастурот” метавонад як шохаи ҳаракату равияҳои иртиҷоию террористии расман мамнӯъшуда аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон бошад.

Ба иддаои мақомот, ҳамсарони ин занҳо дар собиқ низ бо иттиҳоми пайравӣ ба “Ҷамоати таблиғ”, ки панҷ сол муқаддам бо ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ дониста шудааст, боздошт гардида, ҳоло дар зиндон ба сар мебаранд.

НООГОҲОНА БА "ТАБЛИҒ" РАФТААНД" Ё ОГОҲОНА?

Аммо Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа, бо истинод ба натоиҷи таҳқиқу пажӯҳишҳо мегӯяд, ин чаҳор зани муттаҳам аз ҷумлаи ононе будаанд, ки бинобар ноогоҳӣ ва сатҳи пасти донишҳои сиёсию ҳуқуқиашон шомили созмонҳои ифротгароӣ шудаанд.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид, пеш аз ҳама, одамони сатҳи зиндагиашон аз ҷиҳати иқтисодӣ паст ба чунин ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд. Баъзе мисолҳо ва таҳқиқотҳо ҳаст, ки аъзояшонро ҳатто аз ҷиҳати моддӣ ҳам дастгирӣ мекардаанд ё ба ҳамин восита ҷалб мекардаанд. Ҳамин занҳое, ки боздошт шудаанд ба гумони узвият дар “Ҷамоати таблиғ” ба сабаби камогоҳии худашон ба ин мушкил печидаанд”,-афзуд мусоҳиби мо.

Раҳоии чаҳор зани гумбонбар ба узвияти “Ҷамоати таблиғ” дар ҳолест, ки ахиран Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти боз ду зан бо иттиҳоми ширкат дар фаъолиятҳои тундгароӣ хабар дод, ки яке аз онҳо сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон будааст.

Дар маҷмӯъ, тибқи омори расмӣ, ҳудуди 30 зан дар Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористиву ифротгаро боздошт шудаанд.

"ОРӢ АЗ СИЁСАТ"

Сайраҳмон Назриев, коршинос
Бо ин ҳол, коршиносон таъкид мекунанд, ки дар вилояти Хатлон барои нахустин бор афродеро, ки дар узвият ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро муттаҳам мешаванд, аз муҷозот озод мекунанд.

Як сокини маҳаллӣ, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми пайравӣ ба "Ҷамоаи Таблиғ" парванда боз шудааст, иддао дорад, ки фаъолияти ин созмони мазҳабӣ ба қавонини кишвар муғойират надорад ва ба ҷуз таблиғу ташвиқи ислом ва мазҳаби Ҳанафия, ӯву ҳамақидаҳояш ба ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ машғул нестанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди коршиноси маҳаллӣ Сайраҳмон Назриев, бархӯрди мақомоти давлат ба созмонҳои ба истилоҳ, ифротгаро, як андоза нармтар шудааст.

Бо ин вуҷуд, бархе аз мақомоти интизомӣ ҳамоно бар ин назаранд, ки ширкатдорони фаъолиятҳои тундгароӣ ва тахрибкорона, ки дар бештари маврид бо ҳадафи таъсис додани хилофат ва тағйири сохти давлатдорӣ анҷом мешавад, бояд шадидан маҳкум ва барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гарданд.
XS
SM
MD
LG