Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон чӯпонҳои Панҷакентро баъд аз 40 рӯзи боздошт раҳо кард


Баъди 40 рӯзи боздошт, мақомоти Ӯзбакистон 5 чӯпони тоҷикро, ки тасодуфан марзи он кишварро убур карда буданд, раҳо карданд. Бобоҷон Домуллоев-муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи чӯпонҳоро марзбонони ӯзбак дар ноҳияи Панҷакент ба дасти ҳамтоёни тоҷики худ супурдаанд.

Чӯпонҳои тоҷик рӯзи 15 июн нодониста аз хати марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон гузаштанд ва баъди чанде дар кишвари ҳамсоя боздошт шуданд. Раҳоии чӯпонҳо пас аз музокироти миёни ду кишвар муяссар шудааст.
XS
SM
MD
LG