Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардии ҳаво ва гармии бозори "бухории бобоӣ" дар Хатлон


Бозори фурӯши бухорӣ дар Хатлон
Бозори фурӯши бухорӣ дар Хатлон

Сард омадани ҳаво бозори бухорию дударо дар Вахшонзамин якбора гарм карда, даҳҳо нафарро дар қатори навбати дӯконҳои печкафурӯшӣ қарор дод.

Агар ду моҳ қабл як бухорӣ дар бозори Қӯрғонтеппа ба ҳисоби миёна аз 200 то 220 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз қимати он то 50 дарсад афзуда, ба 270-350 сомонӣ расидааст.

Ҳамакнун сокинони навоҳии атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа пушти дари дӯконҳои фурӯши бухорӣ соатҳо навбат мепоянд, то ба ҳар қимате бошад, онро харида, шаби сарди тӯлониро ҳамроҳи аҳли хонавода гарму роҳат рӯз кунанд.

Муҳаммад Собиров, сокини ноҳияи Вахш, мегӯяд, бо гирифтани ҳақмузди моҳонааш дар навбати аввал ба бозори печкафурӯшӣ омад ва дарёфт, ки 60 дарсади маоши инмоҳааш барои хариди бухорӣ масраф хоҳад шуд. «Хеле гарон шудааст нархи печка. Як тута 8 сомонӣ буд, ҳоло 10-12 сомонӣ талаб мекунанд. Даромади мардум он қадар зиёд набудааст, аммо харҷашон барои таъмини гармӣ, харидани ҳезум ва печка хеле афзудааст», - афзуд М. Собиров.

Фурӯшандаҳои бухорӣ дар бозори Қӯрғонтеппа намехоҳанд сабаби афзоиши қимати маҳсулоташонро шарҳ диҳанд. Аммо яке аз онҳо иқрор намуд, ки ҳоло мавсими тиҷорати печка сар омадааст ва мебояд аз он сӯйистифода кард: «Ҳаво, ки сард шуд, талабот ба печка зиёд мешавад. Қонуни бозор ҳам ҳамин аст, ки агар талабот зиёд шавад, нарх меафзояд. Мо ҳам зиндагӣ дорем, мавсими тиҷорати мо ҳамагӣ чанд моҳ аст, ки бояд даромади хуб ба даст орем. Ҳоло нархи тунука ҳам боло рафтааст, маводи сӯхт ҳам гарон…»

Бухориҳо натанҳо дар миёни сокинони деҳотҷой, балки дар миёни сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа низ харидори зиёд доранд. Зеро дар шароити бебарқӣ ва адами шабакаи гармидиҳии манзилҳо, бухорӣ ягона воситаи гармсозии манзили зист ба шумор меравад.

Салмон, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, сарфи назар аз ин ки вай дар ошёнаи чаҳоруми бинои маскунӣ зиндагӣ мекунад, бо таваҷҷуҳ ба сардии бесобиқаи соли гузашта аз ҳоло тасмим гирифтааст, ки дар хонааш бухорӣ насб кунад. Ӯ ҳам чун харидорони дигар аз қимати баланди бухорӣ шиква дорад: «Ин тунукасозон халқро фикр намекунанд. Онҳо медонанд, ки барқ нест, мардум ноилоҷ ягона воситае, ки хонаашонро гарм мекунанд, печка аст, ба ҳар нарх мехаранд. Барои як мавсими сармо мо то 1,5-2 ҳазор сомонӣ маблағ сарф мекунем. Ҳезуму ангишт ҳам қимат шудааст. Баробари ин сифати печкаҳо низ бисёр паст аст. Қариб ҳар сол бояд тутаю бухории нав харем…»

Дар ҳоле ки сокинони Вахшонзамин аз қимати баланди бухориҳо дар бозор шикоят доранд, мақомоти давлатӣ мегӯянд, агар онҳо дар фасли гармо, аз тобистону тирамоҳ ба зимистони қаҳратун омодагӣ гирифта, бухорию дудаҳояшонро қаблан харид мекарданд, имкон дошт, ки то 50 дарсади маблағашон сарфа шавад. Аммо нафароне, ки дар назди дӯкони бухорифурӯшӣ интизори навбати худ буданд, дар мавриди таъхир дар хариди бухорӣ гуфтанд, ки сабаб нокофӣ будани маблағ буд.

Суҳроби Рустам, ки бо сарфи 350 сомонӣ бухорӣ харидааст, мегӯяд "тобистон ҳам мумкин буд харидан, аммо бухорисозон танҳо дар тирамоҳу зимистон ба ин кор машғул мешаванд. Аз ин пеш кариб 2 ҳазор сомонӣ барои ангишт сарф кардем. Бо ин ҳам гуфта наметавонам, ки хонаамон бо гармӣ таъмин мешавад. Зеро хонаи мо аз 4 ҳуҷра иборат асту печкаро танҳо дар як ҳуҷра гузоштем. Маҷбур, тамоми аҳли хонавода, ки аз 9 нафар иборат аст, дар ҳамин як ҳуҷраи печкадор хоб равем…»

Бар асоси арзёбии коршиносон, барои зимистонгузаронӣ, яъне хариди бухорӣ, ангишту ҳезум ва таъмини гармӣ дар хона, фаразан, як хонаводаи иборат аз 6 нафар дар як мавсим ба ҳисоби миёна то 3 ҳазор сомонӣ, муодили 620 доллари амрикоӣ, сарф мекунад, ки баробар ба 15 маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG