Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нимирӯзи 4 август изҳороте нашр намуда гуфт, ки дар пайи тирпаронӣ ва партоби "коктейлҳои Молотов" аз сӯи сокинони маҳаллаи Кок-Тоши Қирғизистон шаш сокини Исфара захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса соати 12:30-и рӯзи сешанбе дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ рух додааст. Ба қавли мақомот, айни ҳол ду тан аз ин захмиён бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони маҳаллаи Наймани шаҳри Исфара бистарӣ шудаанд.
Дар ин изҳороти худ Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Роза Усарова -- вакили мардумӣ аз ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистонро ҳамчун "таҳрикдиҳандаи муноқишаи ахир" ном бурдааст. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ҳоло як гурӯҳи кории иборат аз фармондеҳони ин ниҳод ва мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон "барои ошноӣ бо вазъ ва ҳалли муноқиша" ба Суғд рафтаанд.
СӮҲБАТИ РАҲБАРОНИ ХАДАМОТИ МАРЗБОНӢ
Раҳбарони Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Раимбердӣ Дуйшенбиев дар як гуфтугӯи телефонӣ вазъи марзи байни ду кишварро дар пасманзари хабарҳои захмӣ шудани шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон баррасӣ карданд. Ҷаноби Дуйшенбиев гуфт, муовинаш, раиси ситоди нерӯҳои марзбонии Қирғизистон Искандар Мамбеталиевро ба Бодканд фиристодааст, то амният ва оромиро барқарор намояд.
Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи тирандозӣ аз тарафи деҳаи қирғизнишини Кӯктош шаш сокини деҳаи Сомониён -- Бобо Улмасов, Алишер Эгамов ва чор нафари дигар захмӣ шудаанд. Шарифов гуфт, зоҳиран, тирандозӣ аз силоҳи шикорӣ ба вуқӯъ пайвастааст, зеро захми сокинон аз тири "чошма" ба миён омадааст.
ОБ, ГӮРИСТОН...
Тирандозӣ дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки сокинони деҳаи Сомониён мехостаанд, ба киштзорҳои беобмондаи худ хатти об дуруст кунанд. Марзбонони қирғиз онҳоро ҳушдор доданд, ки беҳтараш сабр кунанд ва бо ҳалли пурраи масъала баъд ба ин кор машғул шаванд. Вале мардум бо ором шудани вазъ хостанд, ба кори худ идома диҳанд.
Аммо издиҳоми сокинони деҳаи Кӯктош ба онҳо ҳамла кард ва аз милтиқи шикорӣ тир кушоданд ва ба тарафи сокинони Сомониён шишаҳои оташгирифта партофтанд. Абдухалил Шарифов меафзояд, феълан муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва талош мекунад, мардумро ором намояд.
Муноқишаи нав дар ҳоле сар зад, ки дар натиҷаи сангандозиҳои шоми 3 август дар назди деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара зиёда аз 10 нафар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шудаанд. Тарафи Қирғизистон мегӯяд, 4 нафар ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар ҳоли ҳозир сокинон, бахусус занон ва кӯдакони ҷамоати Кӯктоши Қирғизистон дар ҳоли кӯчидан аз ин минтақа ҳастанд.
МУНОҚИШАИ 3 АВГУСТ
Низои сокинони ду кишварро намояндагони раёсатҳои корҳои дохилии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар соати 10-шаби гузашта қатъ ва гирдомадагонро пароканда карданд. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин низоъ аз ду ҷониб наздик ба 200 нафар ширкат кардаанд.
“Дар сангандозиҳои дирӯза 7 сокини деҳаи Сомониён захмӣ шуданд. Аз ин миён устои телевизор Ҷамшед бар асари бархурдани санг сараш кафида хуншор шуд, Абдуқуддус -- як сокини дигари ҳамин деҳаро санг ба даҳонаш зад ва дандонҳояш шикастанд ва ҳамин хел чанд сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон ҳам захмӣ шуданд,” -- мегӯяд Абдухалил.
Вай меафзояд ҳоло бо ором шудани вазъ сокинони деҳаи Сомониён барои кашидани хатти об аз дарёи Исфара кӯшиш доранд заминҳои ду моҳ боз беобмондаи худро обёрӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар муноқишаи дируза намебуд, аллакай ба ин киштзорҳо об мерасид. Сокинони Сомониёни Чоркӯҳ хостаанд, барои рафъи беобие, ки бо баста шудани канали об аз тарафи қирғизҳо сар зада буд, лулаеро ба рӯдхона андозанд ва бо насос барои заминҳои худ об бароранд.
Низоъ, ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, замоне сар зад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон роҳи мошингарди аҳли деҳаи Куктоши Қирғизистонро ба сӯи қабристони умумии ду тараф бастаанд. Ин роҳ аз байни деҳаи “Майское” мегузарад, ки дар он хонаводаҳои тоҷик ба сар мебаранд. Ба нишони эътироз, мегӯяд ин манбаъ, қирғизҳо канали оби тоҷикҳоро ба самти Чоркӯҳ бастаанд. Абдухалил Шарифов мегӯяд, қирғизҳо роҳи обро ба деҳоти тоҷикнишин баста, талаб карданд, роҳи онҳо ба қабристони муштараки ду тараф боз карда шавад.
Изҳороти он ки тоҷикон роҳи қабристонро бастаанд, бори аввал рӯзи 27 июл аз забони намояндаи вижаи давлати Қирғизистон дар масъалаи марзбандӣ Қурбонбой Искандаров садо дода буд. Дар ҳоле ки мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин изҳорот посух надоданд, ду рӯз баъдаш сокинони Чоркӯҳ ин хабарро рад карданд.
Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, даъвои Бишкек дар мавриди он ки шаҳрванди Тоҷикистон дар ин маҳалли марзӣ роҳи қирғизҳоро ба қабристонашон бастааст, воқеият надорад.
Вай рӯзи 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт: “Он қабристон роҳе дорад, ки бо он мошини “Камаз” ҳам бемалол меравад. Дарвозаи калони оҳанин дорад. Раиси нави деҳаи Оқсой ҳам омада дид, ки чи хел роҳи васеъ дорад. Қабристон чӣ хел бе роҳ мешавад, кадом инсон роҳи гӯристонро мебандад? Аммо баъзеҳо даъво кардаанд, ки хонаи як тоҷики паҳлуи қабристонро канда, барои онҳо як роҳи нави қабристон кушоянд. Ҳол он ки дар он замини бобоии канори қабристон беш аз 100 сол наслҳои як авлоди чоркӯҳӣ зиндагӣ мекунанд.”
Ба гуфтаи сокинони Чоркӯҳ, қабристони маҳаллаи ҳоло марзии Сомониён қадимӣ буда, онро аслан тоҷикон бунёд карда, давраи шӯравӣ ва омадани қирғизҳо ба канори Чоркӯҳ, аз рӯи суннати мусалмонон, тоҷикону қирғизҳо мурдаҳои худро дар он якҷоя дафн мекарданд. Баъд шумораи сокинони қирғиз зиёд шуда, чоркӯҳиён он қабристонро дар ихтиёри сокинони Куктоши Бодканд гузоштаанд. Ва барои маҳалли худ қабристони дигаре сохтаанд. Бархе сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, ин муомила дар чорчӯби ивази 17 гектар замини ин маҳалҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта буд.
Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, вале байни сокинони Бодканд касоне пайдо шудаанд, ки бо сохтани чунин даъвоҳои бепоя ва паҳн кардани онҳо мехоҳанд, байни сокинони ин минтақаи марзӣ муноқиша ангезанд. Ин минтақа дар се соли охир шоҳиди чандин низоъи марзиву тирпаррониҳо шуда буд, ки дар онҳо як сокини Ворух куштаву наздик ба 20 сокинони осоиштаву низомии тоҷику қирғиз маҷрӯҳ шуданд.
Пас аз низои рӯзи 3 август намояндаи Қирғизистон дар Бодканд бо намояндагони Хадамоти марзбонии Тоҷикистон дар Исфара вориди гуфтушунид шуд. Дар ҷараёни мулоқот қарор шуд, ки вазъият дар минтақаҳои марзӣ дидбонӣ шавад ва дар ҳолатҳои бӯҳронӣ тарафҳо муштаракан амал кунанд.