Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангандозии миёни тоҷикону қирғизҳо дар марз


Зиёда аз 200 нафар дар ду тарафи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон гирд омада, аз вазъи феълӣ изҳори норозигӣ мекунанд. Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, дар деҳаи Сомониён даҳҳо сокинони Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистон ҷамъ шудаанд ва бар сари об баҳс доранд. Ба гуфтаи ӯ, қирғизҳо роҳи обро ба деҳоти тоҷикнишин бастаанд ва талаб доранд, роҳи онҳо ба қабристони муштараки ду тараф боз карда шавад. Ин хабарро Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ тасдиқ кард ва гуфт, наздик ба 120 нафар аз тарафи Тоҷикистон ва 80 нафар аз тарафи Қирғизистон ҷамъ омада, ҳамдигарро сангборон кардаанд. Аз Бодканд ба ин минтақа нерӯ фиристода шуда, ҳоло вазъият таҳти назорат аст ва мақомоти маҳаллӣ талош доранд, баҳсро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG