Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми июл гурӯҳи намояндагони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мавзеи муноқишаи рӯзи 6-уми июл дар деҳоти марзии Исфара ва Бодканд рафтанд. Ин гурӯҳ тасмим дорад, ки то қабл аз оғози музокироти ҳайатҳои ду кишвар, бо ҷои ҳодиса шинос шуда ва бо марзбонони ду тараф ва ҳамчунин сокинони деҳоти марзӣ дар робита ба ҳодисаи рухдода, сӯҳбатҳо анҷом диҳад.
Қарор аст, соати 11-и имрӯз дар шаҳри Исфара мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба муноқишаи ахири марзӣ, ки бар асари он як сокини Исфара ба ҳалокат расид ва як марзбони тоҷик захмӣ шуд, оғоз шавад.
Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот Шералӣ Хайруллоев, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ раҳбарӣ мекунад. Ба гуфтаи манобеи Қирғизистон, ҷониби Бишкекро дар ин музокирот, Раимбердӣ Дуйшенбиев, раиси хадамоти марзбонии он кишвар раҳбарӣ менамояд. Дар ҳайати ду ҷониб аслан намояндагони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар ширкат шомил мебошанд ва ба гуфтаи манбаи Озодӣ, тарафҳои тасмим гирифтаанд, ки бо таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак, ҳодисаро таҳқиқ кунанд.
Ин муноқиша баъд аз зӯҳри 6 июл дар марзи миёни Исфара ва Бодканд рух дода, дар пайи он аз тири марзбонҳои қирғиз як сокини 18-солаи Исфара ҳалок ва як марзбони тоҷик захмӣ шуданд.
Вале мақомоти марзбонии Қирғизистон рӯзи душанбе бо пахши як изҳорот гуфтанд, даргирӣ баъд аз он сар задааст, ки гӯё шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз хатти марзи Қирғизистон убур карда ва ба мошинаҳое, ки ба шаҳрвандони он кишвар тааллуқ доштаанд, сангпартоӣ кардаанд.
Барои нахустин бор нест, ки дар марзи ду кишвари ҳамсоя миёни марзбонони ду ҷониб муноқиша сурат мегирад. Ҳудуди як сол қабл, дар моҳи августи соли 2014 дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа 2 нафар - як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як сокини осоишта - кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гаштанд. Аз ин пеш, 11 январи соли 2014 дар як тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар, аксаран маъмурони интизомиии Қирғизистон захмӣ шуданд.
То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, бар сари хатти сарҳад ба мувофиқа бирасанд.