Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "Симиганҷ"-ро дубора фаъол мекунад


Дар пайи заминларзаҳои ахир дар Тоҷикистон мақомоти Академияи илмҳо гуфтанд, ки ба зудӣ пойгоҳи зилзилашиносии Симиганҷро низ фаъол хоҳанд кард.

Баъд аз 25 сол пойгоҳи зилизиласанҷии Симиганҷ дар Тоҷикистон барқарор хоҳад шуд. Олимон бовар доранд, ки бо дубора фаъол шудани ин пойгоҳ, имкони пешгӯии заминларзаҳо дар Тоҷикистон низ бештар мешавад.

Фарҳод Раҳимов, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 12 апрел дар маросими таҷлил аз Рӯзи илм, аз дубора фаъол шудани ин маркази замоне маъруф хабар дод. Ӯ гуфт, баъд аз барқарорсозии расадхонаи Санглох, ки дар замони даргириҳои дохилии Тоҷикистон хароб шуда буд, Академияи илмҳо ба азнавсозии пойгоҳи зилзилашиносии Симиганҷ шурӯъ кардааст.

Раҳимов гуфт, "ҳоло таҷҳизоти лозимии муосир ба кишвар ворид шудааст. Симиганҷ яке аз марказҳои пурқуввати зилзилашиносӣ аст ва инҷо дастгоҳҳои бисёр ҳассос ба заминларзаро,дар чуқуриҳои қаблан омодашуда васл мекунем ва ҳамарӯза 24 соат дастгоҳҳо кор мекунанду мо метавонем минбаъд дар ин самт таҳқиқоти муҳими илмиро ба роҳ монем".

Пойгоҳи зилзилашиносӣ барқарор мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Ба қавли раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, пойгоҳи зилзилашиносии Симиганҷ, ки дар 25-километрии Душанбе ҷойгир аст, ба таври шабонарӯзӣ дар шакли онлайн аз тағйироти гардиши замин ба маркази зилзиласанҷии пойтахт иттилоъ ирсол хоҳад кард.

Пойгоҳи зилзилашиносии Симиганҷ 25 соли ахир фаъолият намекард ва он ҳам мисли дигар пойгоҳу марказҳои илмии кишвар замони даргириҳои дохилӣ дар солҳои 90-ум аз кор бозмонда буд. Тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои ин пойгоҳ ҳам он замон нобуд карда шудаанд.

Фарҳод Раҳимов
Фарҳод Раҳимов

Ҳадаф аз барқарорсозии дубораи Пойгоҳи зилзилашиносии Симиганҷро олимони тоҷик ба роҳ мондани силсилаи корҳои илмӣ ва бо ин роҳ пешгӯйии заминларза дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Қарор аст, ин пойгоҳ нимаҳои моҳи майи соли 2016 ба истифода дода шавад. Ҳамчунин, дар пайи ифтитоҳи ин пойгоҳ як симпозиуми байналмиллалии илмӣ ҳам дар масъалаи заминларза ва роҳҳои пешгириву бартарафсозии оқибатҳои он дар назар гирифта шудааст.

Барқарорсозии Пойгоҳи зилзилашиносии Симиганҷ дар ҳоле шурӯъ шудааст, ки заминларзаҳои пайиҳаму пуршиддат дар кишвар тайи як соли охир мардуми зиёдеро нигарон кардааст. Аммо масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон чунин заминларзаҳоро хатарбор намедонанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар даҳҳо заминларзаи шиддаташон мухталиф сабт мешавад.

Охирин заминларзаи шадид, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро такон дод, нимарӯзии 10­-уми апрел рух дод. Ин ҳодисаи табиӣ, ки шиддаташ ба 6-дараҷаӣ баровард шуд, дар Тоҷикистон ҳисороте дар пай надошт. Аммо дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабр, ки низ Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаашро такон дод, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон, бештар аз ҳама дар водии Бартанг тахриб шуд.

XS
SM
MD
LG