Сокинони шаҳри Душанбе бори охир рӯзи 11-уми октябр аз бозори маъруфи “Шоҳмансур” (Зелёный), воқеъ дар қалби пойтахти Тоҷикистон, маҳсулоти мавриди ниёзи худро хариданд. Бо як қарори шаҳрдори Душанбе бозори “Шоҳмансур”, ки ҳудуди 70 сол фаъол буд, барои ҳамеша баста шуд ва тоҷиронаш бояд дар бозорҳои дигари пойтахт ҷойгир шаванд.
Бояд муҳлат медоданд, то борҳоямонро кам мекардем. Одамон қарз гирифта буданд, қарзҳояшонро медоданд. Дар бозори нав ду метр ҷо додаанд, ки хеле танг аст
“Шоҳмансур” аз бозорҳои маъруфи пойтахти Тоҷикистон буд ва дар онҷо бештар маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту меваҷот фурӯхта мешуд. Солҳои зиёд ин бозор аз ҷумлаи маконҳои диданӣ барои сайёҳони хориҷӣ низ ба шумор мерафт.
Соҳибкорони ин бозор тибқи қарори шаҳрдорӣ бояд дар бозору нуқтаҳои дигари савдо бо ҷой таъмин шаванд. Ҳоло қисми зиёди ин соҳибкорон дар бозори "Меҳргон", маъруф ба бозори “Пойтахт 90” ҷойгир карда шудаанд. Вале на ҳамаи тоҷирон бозори навро барои тиҷорати худ муносиб медонанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Яке аз соҳибкорон рӯзи 12-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бояд муҳлат медоданд, то борҳоямонро кам мекардем. Одамон қарз гирифта буданд, қарзҳояшонро медоданд. Дар бозори нав ду метр ҷо додаанд, ки хеле танг аст”. Ба нақли соҳибкори дигар, “дар инҷо чанд оиларо мехӯрондем, дар онҷо ними оиларо хӯронда наметавонем.”
Ба мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ки рӯзи 11-уми октябр аз бозори "Шоҳмансур" дидан кард, охирин маҳсулоту ашёи дигари савдо аз бозор берун карда мешуд. Маъмурияти бозори "Меҳргон" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар се рӯзи охир ба ҷойгиркунии соҳибкорони бозори "Шоҳмансур" машғул буданд.
Дар гузашта мақомот чанд дафъа соҳибкорони бозори "Шоҳмансур"-ро тавсия дода буданд, ки ба таври ихтиёрӣ дар бозори нав фаъолияти худро идома диҳанд. Вале бо сабаби кам будани муштарӣ, шумори каме аз тоҷирон ба инҷо омаданд ва қисме аз онҳо дубора ба "Шоҳмансур" баргаштанд.
Ҳоло бо қатъи фаъолияти бозори “Шоҳмансур", тоҷирони бозори нав мегӯянд, ки савдо ба таври чашмрас беҳ шудааст. Ҷавҳарбӣ Муродова, тоҷири собиқи бозори "Шоҳмансур" ва ҳоло "Меҳргон", гуфт, "аз дирӯз хеле савдо кардам. Харидорон меоянд. Хеле одат кардаанд, дар берун ҳам савдо аст, ҳама савдо доранд."
Гулбиддин Баҳриддинов, мудири бозори "Меҳргон", гуфт, барои ҳамаи соҳибкороне, ки акнун аз бозори "Шоҳмансур" ба ин ҷо омадаанд, имтиёз дода шудааст ва қисми зиёди соҳибкорон дар бозори нав ҷойгир карда шудаанд. “Аллакай 80-90 дарсади онҳо соҳиби ҷой ҳастанд. Тавре шумо дидед, дар бозор фаъолияти хариду фурӯш оғоз ёфтааст. То 1-уми январи соли 2018 мо се моҳ ба таври имтиёз аз пардохтҳои ҳаррӯза ба мисли иҷораву чеки ҳаррӯзава дигар пардохтҳои ҳаррӯза озод карда шудаанд”, - афзуд ӯ.
Ҳоло соҳибкорон умед доранд, ки дар бозори нав харидорон ба суроғашон меоянд. Шаҳрдории Душанбе дар як соли ахир чанд хатсайри нақлиётиро то назди ин бозор роҳандозӣ кард, то расидани сокинон ба ин бозор, осон шавад.
"Маркази савдои Пойтахт-90", ки баъдан ба бозори "Меҳргон" тағйири ном кард, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар кӯчаи "Меҳнат" бунёд шудааст. Он моҳи сентябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.