Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ бозори “Шоҳмансур”-ро барҳам дод


Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе

Рустами Эмомалӣ – раиси шаҳри Душанбе – бозори Шоҳмансур, маъруф ба “Зелёный”-и пойтахтро расман барҳам дод. Ин қарор рӯзи 11-уми октябри имсол содир шуда, барои тасвиб ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳод гардид.

Чанд ҳафта боз сарусадо дар бораи гӯё кӯчондани тоҷирони бозори “Шоҳмансур” ба бозорҳои дигари пойтахт вуҷуд дошт ва ин қарори шаҳрдори Душанбе масъаларо ниҳоӣ кард. Худи тоҷирон мегӯянд, ки дар як ҳолати номуайянӣ дармондаанд. Бархе аз онҳо гуфтанд, дар ҷои дигар ба роҳ мондани тиҷорат ва пайдо кардани муштарӣ вақти зиёдро хоҳад гирифт.

Қаблан савдогарони меваҳои хушк ва донагиҳо аз бозори "Шоҳмансур" ба маҷмааи тиҷоратии "Пойтахт-90" кӯч дода шуда буданд, аммо онҳо ба далели набуди муштариён, дубора ба ҷои худ дар бозори “Шоҳмансур” бозгаштанд.

Дар баҳори соли 2015, дар пайи як дастури раиси собиқи шаҳри Душанбе барои ба танзим даровардани бозори "Шоҳмансур" ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо, чанде аз дӯкони атрофи он баста шуданд. Ин тасмим норозигии даҳҳо тоҷири канори бозорро ба бор овард ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки ба ҳарфашон гӯш дода шавад. Ин гурӯҳи тоҷирон то ба идораи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рафтанд, то ҳарфи дилашонро тариқи оинаи нилгун изҳор доранд.

XS
SM
MD
LG