Аз нигоҳи ниҳодҳои расмӣ, вазъ дар Бадахшон барои он тезутунд шуд, ки талоши боздошти як гурӯҳи қочоқбар ба тирандозӣ оид гашт ва аҳолии маҳаллиро ба шӯр овард. Аммо намояндагони ин “аҳолии маҳаллӣ” мегӯянд, воқеа сода набуд ва решаҳои амиқе дар муносибатҳои байни Марказ ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорад. Дар ин пайванд ҳам аз амалиёти ҳарбии соли 2012 ёд мешаваду ҳам аз ҷабҳагириҳои замони ҷанги дохилии солҳои 1991-97 дар Тоҷикистон ва ҳатто нуфузи имоми исмоилиён Шоҳзода Оғохони Чаҳор.
ҶУДОИҲО АЗ КУҶОСТ?
Бадахшони мавсум ба “Боми Ҷаҳон” ё “Пойи Меҳр” (Помир) ягона минтақаи мухтори Тоҷикистон аст ва вижагиҳои худро дорад. Он тақрибан 45 дарсади қаламрави кишварро ташкил медиҳанд, ҳарчанд танҳо 3 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ин кӯҳистон ба сар мебаранд. Аксарияти аҳолии Бадахшон пайрави мазҳаби шиъаи исмоилиянд, дар ҳоле ки бақияи Тоҷикистон худро суннимазҳаб меноманд.
Ҳарчанд тоҷикӣ забони расмист, мардуми Бадахшон дар зиндагии ҳамарӯзаи худ аз забонҳои помирӣ – шуғнӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, бартангӣ ва ғайра истифода мекунанд.
НООРОМИҲОИ АХИР
Тирандозии нимирӯзии 21-уми май, ки мақомот мегӯянд, ҳангоми талоши боздошти гумонбарони қочоқи маводи мухаддир ба вуқӯъ пайваст, азбаски дар маркази шаҳр ва пеши назари мардум ҷараён гирифт, даҳҳо нафарро ба мадори худ кашонд ва сабаби ошӯб гашт. Дар ин тирандозӣ, ки ба гуфтаи мақомот ҳамчунин аз сӯи сарнишинони як мошин ба амал омада буд, чандин корманди умури дохилӣ захмӣ шуда, яке аз сарнишинони мошин ба ҳалокат мерасад.
Рӯзи баъдаш ду захмии дигар – як корманди умури дохилӣ ва як сарнишини мошин низ фавтидаанд. Аммо дафъатан баъд аз даргирӣ мардуми маҳаллӣ ба биноҳои маъмурӣ ҳамла карда, онҳоро оташ задаанд. Як коромӯзи милиса дар ин ошӯб захмӣ шудаву дар бемористон фавтид.
Аз он рӯз то 25-уми май издиҳоме дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омад ва талабҳои худро ба миён гузошт.
ТАЛАБИ ТАЗОҲУРКУНАНДАГОН
Онҳо хостанд, раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ барканор ва рӯйдодҳои 21-уми май ба гунаи амиқ таҳқиқ шаванд. Издиҳом ҳамчунин талаб кард, мардуме, ки дар ошӯб даст дошт, ҳадафи муҷозот қарор нагирад. Аммо мақомот талаби “бахшидан”-и ошӯбгаронеро рад намуд, ки ба биноҳои маъмурӣ ҳамла кардаанд.
Тазоҳуркунандагон инчунин таҳқиқи рӯйдодҳои соли 2012 ва озодии афродеро, ки бо гуноҳи ширкат дар онҳо зиндонӣ шудаанд, талаб намуданд.
СОЛИ 2012 ВА ҲОЛО
Баъд аз куштори сарвари раёсати амнияти миллӣ дар Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хостори боздошти чаҳор фармондеҳи собиқ шуданд ва амалиёти низомиеро дар Хоруғ роҳандозӣ намуданд. Дар ин даргириҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, манзили одамон ва биноҳои маъмурӣ тахриб гаштанд.
Дар ҳоле ки фармондеҳони собиқро гуруҳҳои зердаст ва наздик ба онҳо ҳимоят мекарданд, шеваи баргузории амалиёт, ба гуфтаи аҳолии маҳаллӣ, тарафдорони давлатро низ аз худ норозӣ гузошт. Боздошт ва муҳокимаи афроди муайян аз шумори сокинони Хоруғ интихобӣ ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, хилофи қонун ҷараён гирифт. Ин сабаб шуда, ки тазоҳуркунандагони 21-22-юми май бознигарии он парвандаҳоро хостанд.
Аз рӯйдодҳои хунини соли 2012 ба ин сӯ байни мардум ва ҳукумат як вартаи бадгумонии тарафайн афтод. Дар ин фазо ба мақомоти калидии ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшон таъин шудани зодагони маҳалҳои дигар ва мавридҳои боздошти гумонбарону эътирози аҳолӣ ин нобовариро бештар кард.
МАРЗҲОИ БАДГУМОНИИ ТАРАФҲО
Ҳукумати марказии Тоҷикистон аз нуфузи пешвоҳои ғайрирасмии Бадахшон нигарон аст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ба “дуҳокимиятӣ”-и пеш аз соли 2012 хотима гузошта шуд, инро ҳам мебинанд, ки “2012” мардуми маҳаллиро муттаҳидтар кард. Ба мансабҳои қудратӣ ва назоратӣ таъин кардани зодагони маҳалҳои дигар ҳарчанд дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, дар Бадахшон дар пасманзари тафовутҳо ва рӯйдодҳои соли 2012 тобиши дигар ва сангинтар гирифтааст.
Ҳарчанд намояндагони Бадахшон ҳамеша таъкид мекунанд, ки касе аз онҳо дар фикри ҷудоӣ аз Тоҷикистон набуда, танҳо “мухторияти бештар” мехоҳанд ва раҳбарони минтақа бояд аз тарафи мардуми ин минтақа интихоб шаванд, дар Душанбе бештар бар инанд, ки Бадахшон метавонад, ба падидае мисли Қрими Украина табдил ёбад. Талоши бадахшониҳо ба ҳифз ва таблиғи забонҳои помирӣ низ аз тарафи баъзеҳо хуш пазируфта намешавад ва коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов мегӯянд, мардуми Бадахшон ба имом Оғохон садоқати бештар доранд, то ба Эмомалӣ Раҳмон.
РАҲМОН ВА ОҒОХОН
Дар бӯҳрони соли 2012 имоми исмолиёни ҷаҳон Шоҳзода Оғохони 4, ки бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равобити ҳасана дорад, нақши мусбат бозид ва ба ҳалли осоиштаи низоъ мусоадат намуд. Ин дар ҳолест, ки Оғохон ҳамеша талош кардааст, мудохилае ба сиёсат надошта бошад.
Оғохон аз замони истиқлолияти Тоҷикистон то ҳоло барои барномаҳои хайрия ва рушд зиёда аз 300 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки мардуми Бадахшон шикоят мекунанд, ҳукумат дар ин минтақа бояд корхонаҳои зиёде бино ва мардумро бо шуғлу даромад таъмин кунад.
Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, ҳарчанд ҳукумат ва Оғохон ҳамдигарро эҳтиром мекунанд, ҳаргиз дар байни онҳо эътимоди комил ба ҳамдигар вуҷуд надоштааст.