Ӯ рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт: "Мавод ба Суди олӣ пешниҳод гардид, аз ҷумла сабти ҳодиса. Маълум гашт, собиқ раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нисбати сарбозе, ки санҷиши ҳуҷҷатҳоро мегузаронид, рафтори ғайриқонунӣ мекунад. Сарбозро латукӯб мекунад. Дар натиҷа сарбоз ҷароҳат бардоштааст."
Муъминзодаро рӯзи 18-уми июл ба гуноҳи латукӯби сарбози нерӯҳои марзбонӣ аз мақом ронда, аз кор дар додгоҳҳо маҳрум карданд.
Видеое, ки камераҳои назоратӣ нимашаби 8-уми июл сабт кардаанд, нишон медиҳад, ки Зоҳир Муъминзода аз мошинаш берун омада, сарбозро се мушт мезанад ва баъдан шарики ӯ ва сарбозони дигар монеи идомаи латукӯб мешаванд.
Зоҳир Муминзода рӯзи 26-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ расонаҳоро гунаҳкор кард, ки “ҳолати ба сараш омадаро сенсатсия карда, нашр карданд”.
Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи ҳаштуми август баръакс гуфт: "Коре, ки собиқ раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кард, бисёр нигаронкунанда аст. Ҳарчанд дар давоми кораш ба камбудҳои ҷиддӣ роҳ надода буд. Мавод мавриди баррасии Прокуратура қарор дорад. Ҳоло гуфта наметавонам, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ё не. Дар ҳар сурат, ин ҳодиса ба обрӯву эътибори мақомоти судӣ таъсир мерасонад."
Зоҳир Муъминзода дар соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъйин шуда буд. Пеш аз он ҳамчун додраси Додгоҳи вилояти Хатлон кор кардааст.
Ба иттилои Додгоҳи олӣ, дар шаш моҳи соли 2024 се додрасро барои рафтори нодуруст ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Аз ҷумла, раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Панҷ, ки 8 сол зиндонӣ шуд. Ҳафт додраси дигарро ҷазои интизомӣ додаанд.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас ҳаст. Мухолифони ҳукумат ва намояндагони созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста онҳоро ба мустақил набудан ҳангоми тасмимгирӣ танқид мекунанд.