Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Тоҷикистон ҳастанд." Шарҳи расмӣ дар бораи фаъолони "гумшуда"


Насимҷон Шарифов (чап) ва Сӯҳроб Зафар (рост)
Насимҷон Шарифов (чап) ва Сӯҳроб Зафар (рост)

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумат, ки моҳи марти имсол ба таври мармуз дар шаҳри Истанбули Туркия нопадид шуда буд, дар Душанбе аст ва таҳқиқи парвандааш ҷараён дорад.

Юсуф Раҳмон рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар ин бора ибрози назар кард. Бино бар суханони ӯ, Насимҷон Шарифов, узви фаъоли "Гурӯҳи 24", ки низ дар Истанбул бедарак шуда буд, дар Тоҷикистон аст.

"Тафтиши парвандаи онҳо дар рӯзҳои наздик ба анҷом расида, ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд," – гуфт Юсуф Раҳмон. Ин шарҳи нахустини мақомоти Тоҷикистон баъд аз тақрибан ним соли бедарак шудани фаъолони "Гурӯҳи 24" аст, аммо додситони кул иттиҳоми зидди онҳо ва тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашонро нагуфт.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, фаъоли "Гурӯҳи 24", ба зидди ҳардуи онҳо бо иттиҳоми “Даъват барои ба зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз Интернет” парванда боз шудааст. "Дар ин бора манбаъҳои созмон дар дохили ҷумҳурӣ хабар доданд, вале ростӣ намедонем, ки онҳо дар чӣ шароит ҳастанд ва бо онҳо чӣ тарз бархӯрд мешавад," -- гуфт ӯ рӯзи 9-уми август ба Радиои Озодӣ.

Насимҷон Шарифов дар моҳи феврал ва Сӯҳроб Зафар дар моҳи марти имсол дар Туркия нопадид шуданд. Масъулони “Гурӯҳи 24” бовар доранд, ки эҳтимол ин ду нафар “рабуда шудаанд”. Мақомоти Туркия дар ин маврид чизе нагуфтанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳарчанд будани онҳоро дар Душанбе тасдиқ кард, тафсилот надод.

“Гурӯҳи 24” рӯзи 5-уми август, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ҳарфҳои додситони кул, дар эъломияе навишт: "Дар ҳоле ки ин афрод зери ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид қарор доштанд, дуздӣ ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон як амалкарди бераҳмона ва хилоф ба ҳама гуна қонунҳои байнулмилалист. Дар ҳоле ки ҷаҳон ба ин ҳодисаи даҳшатнок хомӯш аст, режими Раҳмон бепарвоёна ба нақзи ҳуқуқи инсон идома медиҳад ва нишон медиҳад, ки ба адолати байнулмилалӣ ва ҳуқуқи башар ҳеч аҳамияте намедиҳад.”

Пештар созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузорише гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти қудрат мухолифонашро дар хориҷа ҳам ором намегузорад ва ҳадаф гирифта, саркӯб мекунад.

Фаъолияти “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи ҳукумат, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ”-ст. Ҳарчанд масъулонаш созмонро сиёсӣ ва фаъолияти онро дурусту қонунӣ медонанд, то ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз “Гурӯҳи 24” даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG