Ҳанӯз тифл буд ва чизе аз хонадорӣ ва номзадӣ намедонист, ки ба никоҳи марде бо номи Идигул даромад ва тамоми орзуҳои кӯдаконааш ба боди фано рафт. Вай ҳамагӣ 9-сола буд ва ба ҷои рафтан ба мактаб ва бозиҳои кӯдакона, роҳии хонаи шавҳар шуд ва рӯзгори сиёҳаш дар хонае, ки қарор буд умри худро сипарӣ кунад, дар зери зулм ва шиканҷа оғоз шуд.
Аъзои хонаводаи ин тифл дар минтақаи Дулинаи вилояти Ғур, ки ӯро ба унвони сунҳор ё келини худ ба хона бурда буданд, баъд аз шиканҷаҳои зиёд, бар ноҳияи шармгоҳаш чӯб дохил намудаанд. Ин духтар, ки акнун дар яке аз дармонгоҳҳои маркази вилояти Ғур муолиҷа мешавад, мегӯяд, ки шиканҷаи зиёд шуд ва хусураш доимо ғизоҳои боқимондаи сагашро барои ӯ мехӯронд. Ин духтар бо номи мустаъори Рӯъё бо чеҳраи варамида ва бадани пур аз захме, ки дорад, имрӯз аз сӯи яке аз наздиконаш ба яке аз марказҳои хусусии тиббӣ оварда шудааст.
Ба гуфтаи Рӯъё, вай бисёре шабҳоро, ки барои маводи сӯхт ва ҳезум фиристода мешуд, дар кӯҳ сипарӣ мекард ва акнун аз ҳукумат мехоҳад то адолатро дар қазияи вай барқарор намояд.
Ин духтари 12-сола ки дар хонаи шавҳараш чуз таҳқир чизе надидааст, бо рӯҳияи пур аз ваҳшат мегӯяд, хусураш, ки Солеҳ ном дорад, рӯзона вайро барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ мефиристод ва баъди баргашт, вайро маҷбур ба хӯрдани хӯрокҳои боқимондаи сагашон мекард.
Ӯ мегӯяд, "як халта ба дастам медоданд, ки биравам ҳезум ё маводи сӯхт биёрам ва мерафтам. Вақте меомадам, мегуфтанд, бирав хӯрокҳои боқимондаи сагро бихӯр. Вақте намехӯрдам, мегуфтанд, дигар хӯрок намедиҳем, бигузор бимирӣ, боз ҳамсояҳо ба таври пинҳонӣ бароям ба таври махфӣ хӯрок меоварданд."
Сахидод, яке аз хешовандони ин духтар бо нигаронӣ аз вазъияти Рӯъё мегӯяд, ки дар баробари ҳама зулму шиканҷаҳое, ки ин духтар дидааст, дар олати таносулии вай чӯб задаанд. Ба гуфтаи Сахидод, дар вуҷуди ин духтар 150 асари латукӯб ва сӯхтагӣ, ки тавассути сихи оҳан сурат гирифтааст, ба назар мерасад.
Вай мегӯяд, “падари ин духтар дар ҳоли ҳозир дар Эрон мебошад. Вай духтарашро дар бадали зан додааст ва ба худ зан гирифтааст. Ба ин духтарак бисёр зулм шудааст. Сихҳоро гарм карданд ва ба танаш часпонданд, ки 150 доғ дорад ва шарм набошад, ба модарзод (шармгоҳ) аз пасу пеш чӯб заданд.”
Аз сӯи дигар, табибон дар бемористони хусусӣ бо таъйиди озори ҷинсӣ тавассути чӯб бар ин духтар мегӯянд, ҷисми ин тифл аз асари латукӯб ва шиканҷа, ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Шимо, яке аз табибон мегӯяд, “аз нигоҳи тиббӣ, ин духтарак зиёд осеб дидааст ва шиканҷа шудааст. Аммо аз ноҳияи доман зиёд осеб дидааст, ки аслан қобили тасаввур нест.”
Аз сӯи дигар, Бисмиллоҳ Сиддиқӣ, сарпарасти фармондеҳии амният дар минтақаи Дулинаи Ғур рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар робита ба ин қазия, хусур, хушдоман ва шавҳари ин духтарро боздошт карда ва ба маркази ин вилоят фиристодаанд.
Оқои Сиддиқӣ гуфт, “мо омилини қазияро дастгир кардем, ки шомили хусур, хушдоман ва шавҳар ва хоҳари шавҳари ин духтар мебошанд ва имрӯз ба тарафи марказ фиристодем. Инҳо ба корҳое, ки ба духтар сурат гирифтааст, иқрор намудаанд.”
Ба гуфтаи Рӯъё, вай бисёре шабҳоро, ки барои маводи сӯхт ва ҳезум фиристода мешуд, дар кӯҳ сипарӣ мекард ва акнун аз ҳукумат мехоҳад то адолатро дар қазияи вай барқарор намояд.