Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти бозори "Деҳқон"-ро "Редлайн" ба дӯш гирифт


Бозори "Деҳқон"-и пойтахт ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли рух додани ҳаводиси харобкорӣ дар дохили бозор бо ширкати муҳофизатии “Редлайн” (Redline) шартнома баст.

Саидмаҳмуд Мӯъминов, раиси бозори “Деҳқон” воқеъ дар маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе, рӯзи 13 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти ҳодисаҳои харобкорӣ дар бозорҳои кишварҳои дигар вабарои таъмини амнияти шабонарӯзии мардум, бо ширкати муҳофизатии хусусии “Редлайн” шартнома бастаанд. Ба гуфтаи ӯ, шабакаҳои телевизионӣ ҳамарӯза дар бораи ҳамлаҳои террористӣ ва дигар харобкориҳо дар бозорҳо гузориш медиҳанд, ки аксар вақт мунҷар ба ҳалокати одамони бегуноҳ мешавнд. Аз ин рӯ онҳо, тасмим гирифтанд, ки бо бастани шартнома бо ширкати "Редлайн" аз ин гуна ҳодисаҳои номатлуб ҷилавгирӣ кунанд.

Саидмаҳмуд Мӯъминов меафзояд, “ду нафари онҳо 24 соат дар назди дарвозаҳои бозор меистанд ва чанд нафари дигарашон дар дохили бозор назорат мебаранд, мо ҳамаи пардохти ҳаққи хизмати онҳоро ба дӯши худ гирифтаем ва танҳо мехоҳем, дар бозор, ки ҷои серодам аст, мабодо ҳодисаи нохуше сар назанад.”

Масъулони бозори "Деҳқон" мегӯянд, ҳар аробае, ки аз берун ба дохили бозор ворид мешавад, назорат карда хоҳад шуд ва ба маводе, ки дар дохили он аст, таваҷҷӯҳ мешавад. Ба гуфтаи Саидмаҳмуд Мӯъминов, таъмини тартибу низом ва амният дар бозорҳои пойтахт аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста дар ҷаласаҳои ҳукумати пойтахт таъкид карда мешавад.

Амнияти бозори "Деҳқон"-ро "Редлайн" ба дӯш гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Шараф Ҳабибов, раиси ширкати Редлайн.
Шараф Ҳабибов, раиси ширкати Редлайн.

Шараф Ҳабибов, раиси ширкати "Редлайн" ҳам, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 13 январ гуфт, ки ҳаводиси хунин дар бархе кишварҳо, ба вижа, дар ҷойҳои серодаме чун бозор масъулинро маҷбур месозад, ки барои таъмини амният аз хизмати ширктаҳои ботаҷрибаи муҳофизатӣ истифода баранд. Ӯ меафзояд, "бозор воқеъан ҳам ҷойи "вазнин" аст, зеро одамони зиёду гуногун даровубаро мекунанд ва бештари онҳо барои дарёфти нафъе ба он ҷо сар мезананд, манзурам, албатта, тоҷиронест, ки молу колои худро ба фурӯш мебароранд. Бо ҳар нафари онҳо "сар ба сар" шудан душвор аст, аз ин рӯ кормандони мо қабл аз ҳама бо онҳо сӯҳбат мекунанд ва мефаҳмонанд, ки аз ин ба баъд ба қавонини амниятӣ риоя кунанд". Аз нигоҳи Шараф Ҳабибов, "ҳамаи одамон дар як рӯз ҷорӣ шудани тартиботи навро қабул надоранд ва аммо оҳиста-оҳиста ҳама ба маҷрои оддии худ ворид мешавад".

Ба гуфтаи раҳбари "Редлайн", барои таъмини амнияти бозор таҷҳизоти зиёд зарур нест, муҳим аз ҳама, кормандон бо таҷҳизоти замонавии мухобиротӣ муҷаҳҳазанд ва пайваста бо ҳам дар робитаанд, яъне дар сурати сар задани мушкиле дар назди ягон дарвоза ҳамаи кормандон хело зуд ҷамъ мешаванд.

Кормандони ширкати "Редлайн"
Кормандони ширкати "Редлайн"

"Аммо барои ҳифзи дигар ширкату муассисаҳо ваё чорабиниҳои оммавӣ мо таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, сканерҳо дорем, то аз вуруди силоҳу норинҷак ҷилавгирӣ шавад", меафзояд Шараф Ҳабибов.

Ширкати "Редлайн" нӯҳ сол пеш таъсис шудааст ва ҳоло, бар пояи созишҳои дарозмуддат, ҳифзи биноҳои "Вефа-Сентр", коргоҳу манозили зисти кормандони ширкатҳои арабӣ, чиноӣ, ҷопонӣ ва ҳиндӣ дар шаҳри Душанберо бар ӯҳда дорад.

Бозори "Деҳқон" аз калонтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки мардум ва тоҷирон аз он ҷо маҳсулоти мавриди ниёзро аз дасти аввал ва бо нархи арзонтар аз дигар бозорҳо мехаранд. .

XS
SM
MD
LG