Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте фирориён бармегарданд... ВИДЕО


Ҳазорҳо афғони фирорӣ аз Покистон дубора ба кишварашон бармегарданд. Баъди беш аз се даҳаи ҷанг дар Афғонистон, дар Покистон расман якуним миллион гурезаи афғон сабт шуда, беш аз 1 миллиони дигар бидуни қайд зиндагӣ доштаанд. Аз рӯйи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид ин яке аз бузургтарин паноҳандагон ба ҳисоб меравад.

Созмони Милали Муттаҳид барои ҳар як фирории бозгашта ба Афғонистон дар ҳолатҳои фавқуллода 400 доллар ихтисос дода, инчунин, кумаки тиббӣ мерасонад. Вале бештари бозгаштаҳо намедонанд, ки дар оянда дар ватан онҳоро чӣ интизор аст.

Исломобод соли гузашта нақшаашро дар бораи баргардондани гурезаҳо эълон кард ва фишорҳоро дар ин замина зиёд намуд. Бахусус, баъди онки чанд моҳи ахир муносибати Афғонистону Ҳиндустон таҳким ёфта, равобити Ҳиндустону Покистон бад шуд, ҷараёни бозгардондани фирориён якбора шиддат гирифт.

Самеъуллоҳи 32-сола мегӯяд, дар Покистон тоҷир буд ва дӯкон дошт. “Пас аз он ки пулиси Покистон фишор оварданро шурӯъ кард, ба хона баргаштем. Онҳо шабу рӯз моро безобита мекарданд ва маҷбур шудем, ки ба ватан баргардем. Онҳо манзилои афғонҳоро тафтиш менамуданд ва барои тарк кардан аз 10 то 20 рӯз мӯҳлат медоданд. Моро ба шӯъбаи пулис мебурданд ва бояд аз 4 ҳазор то 5 ҳазор рупия пардохт мекардем”, - афзуд ӯ.

Афғонҳои бозгаштаро дар ватан чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Самеъуллоҳ дар хонаводаи фирориҳо дар шарқи Покистон дар шаҳри Мансеҳра ба дунё омадааст. Ӯ ҳаргиз шаҳрвандии Покистонро надошт ва ҳамеша афғон ҳисобида мешуд. Баъди он ки муносибати Афғонистон бо Ҳиндустон беҳбуд ёфт, афғон будан бар зарараш анҷом шудааст. Бо вуҷуди ин, Самеъуллоҳ ва фирориёни дигари афғон аз баргаштани худ ба ватан хушҳолӣ мекунанд, ҳарчанд сардиҳои зимистон дар пеш аст ва онҳо ба ғизову хона эҳтиёҷ доранд.

Шоирабону Аҳмадзай, бурқапӯши 32-сола, манзилашонро дар шарқи Бағлон замони хурдсолӣ тарк карда буд. Ӯ мегӯяд, “пулиси Покистон ҳар рӯз ба фирориён мушкил эҷод мекунад. Дар онҷо барои кӯдакони мо мактаб нест. Кӯдакони ман калонанд, вале ба макатб нарафтанд. Мо шароити бад доштем.”

Маркази фирориёне, ки аз Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд
Маркази фирориёне, ки аз Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд

Мақомоти Покистон расман истифодаи фишорро нисбат ба афғонҳо дар ин кишвар рад карда, мегӯянд, бо вуҷуди онки Покистон гирифтори мушкили иқтисодист, вале теъдоди зиёди фирориҳоро қабул кард. Ахтар Мунир, сухангӯи сафорати Покистон дар Кобул гуфт, пулиси Покистон дастурамале дорад, ки тибқи он фирориёни расман сабтшударо ташвиш намедиҳанд.

Созмони Милали Муттаҳид барои ҳар як фирории бозгашта ба Афғонистон дар ҳолатҳои фавқуллода 400 доллар ихтисос дода, инчунин, кумаки тиббӣ мерасонад. Вале бештари бозгаштаҳо намедонанд, ки дар оянда дар ватан онҳоро чӣ интизор аст.

Майя Амератун, раҳбари бахши кор бо гурезаҳои Созмони Милал дар Кобул мегӯяд, “албатта, чолишҳои зиёд пешорӯи онҳост. Онҳо баъд аз се даҳаи ҳиҷрат ба ватан бармегарданд. Ин ба он маъност, ки гузаштагонашон зодагони Афғонистонанд, вале худи онҳо аз Афғонистон чун ватан шинохт надоранд.” Ба гуфтаи Майя, яке аз мушкилоти асосӣ пайдо кардани ҷои зист аст. Зеро аксари онҳо имкони зиндагӣ бо хешовандонро надоранд.

Мавҷи бозгашти фирориён баъд аз шиддат гирифтани танишҳо миёни Афғонистону Покистон, дар пайи даргириҳо дар гузаргоҳи Торхам дар моҳи июни имсол афзоиш ёфт. Дар баробари ин, имзои як қатор созишномаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Ҳиндустон дар моҳҳои ахир ва хушҳолӣ аз анҷоми сохтмони сарбанди Салмон дар шарқи Афғонистон рӯйи муносибатҳо таъсир гузошт. Самеъуллоҳ мегӯяд, “аз ин пештар афғонҳоро дар Покистон кобулӣ мегуфтанд, аммо ҳоло “ҳиндӣ” ном мебаранд, чун бо Ҳиндустон чанд қарордоди иқтисодиро имзо намудем”.

Бино ба маълумоти Созмони Милал шумораи фирориёни баргашта агар дар моҳи июн 1 ҳазору 433 нафар буд, дар моҳи июл 11 ҳазору 416 нафар ва дар моҳи август ба беш аз 60 ҳазор нафар расид. Зиёда аз 90 ҳазор нафар аз Покистон ба Афғонистон омаданд ва эҳтимол то охири сол теъдоди онҳо ба 220 ҳазор нафар бирасад.

XS
SM
MD
LG