Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон соли ҷорӣ бунёди 4 шаҳру шаҳраки нав - Сайҳун дар наздикии Хуҷанд, Маҳпарӣ дар Исфара, Баҳористон дар Истаравшан ва Меҳробод дар Мастчоҳ - оғоз шуд. Ин минтақаҳои навбунёд бо гунҷоиши аз 200 то 300 ҳазор аҳолӣ, ба бовари ҳукумат, "сокинони эҳтиёҷмандро бо шароити беҳтари зист таъмин ва соҳиби замину манзил" хоҳанд кард.
Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси вилояти Суғд 24 ноябр дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ҳарчанд бунёди ин шаҳракҳо дар давраи вазнини буҳрони молӣ оғоз ёфтаанд, вале сокинон ба бунёди манзилҳо дар шаҳрҳои нав таваҷҷуҳ ва алоқамандии зиёд нишон медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, 10 ширкати маҳаллии сохтмонӣ ва соҳибкорон омодагии худро ба сохтани беш аз 100 манзили 2-3-ошёна ёба истилоҳ коттеҷҳо ва 2 бинои 9-12-ошёна ба ҳукумат изҳори омодагӣ кардаанд ва бархе ҳам алакай ба сохтмон шурӯъ намудаанд.
Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ба бунёди чунин шаҳрҳои дорои биноҳову иншоот ва инфрасохтори муосир бори аввал даст мезанад. 93 дарсади замини кишвар кӯҳистон аст ва таъмини сокинон бо замини наздиҳавлигӣ, манзил ва ҷойҳои корӣ аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад. Вале аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта то тақрибан 5 соли пеш ҳукумат аз тақсими замин ба сокинон барои бунёди манзил худдорӣ мекард ва ҳазорон нафар оила дар манзилҳои танг дар шароити ногуворе зиндагӣ доштанд.
Билохира, ҳукумати Тоҷикистон соли 2009 бо дастури раисиҷумҳур дар бораи додани замин барои сохтани манзил ба сокинон қарор кард. Бино ба омори расмӣ, дар 5 соли охир ҳудуди 85 ҳазор сокини Суғд соҳиби қитъаҳои замин барои бунёди манзили шахсӣ шуданд.
Ҳоло ҳукумат умдатан бунёди инфрасохтор барои 4 шаҳри нав, ҳамвор кардани замин, кашидани хатҳои барқ ва обу ташноб ва бархе иншооти муҳими иҷтимоиро бар уҳда гирифта, дар сохтмони манзилҳо бештар ба сармояи худи сокинони умед бастааст.
Икром Комилов, як марди 60-сола аз ноҳияи Истаравшан, ки дар шаҳраки Баҳористон писараш соҳиби 6 сотих қитъаи замин шудааст, мегӯяд, 15 сол боз бо ду писари оиладораш дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд. Мусоҳиби мо афзуд, ки аз замин гирифтани писараш хеле хурсанданд, чунки мушкили асосиашон поён ёфт ва дар дилашон умеди рӯзе соҳиби хонаву дари худ гардондани фарзандаш ҷо шуд.
Писари ин хонадон ба ҳайси устои одии шабакаи барқ кор мекардааст ва Икром Комилов мегӯяд, онҳо солҳо ба умеди харидани хона маблағ пасандоз мекарданд, акнун онро ба сохтани манзил сарф хоҳанд кард. Мусоҳиби дигари мо, Саид аз ноҳияи Мастчоҳ, ки аз сокинони оянди шаҳраки нави Меҳробод хоҳад буд, мегӯяд, дар мактаб ба ҳайси муаллим кор мекунад. Ӯ фарзанди калонии хонавода аст ва бо ҳамсару ду кӯдакаш дар хонаи падараш зиндагӣ дорад.
Вале Муҳаббат ном модари танҳое, мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ аз шаҳри Қайроққум мегӯяд, ҳарчанд ба ҳайси ҳисобдори коргоҳе кор мекунад, ҳама пулҳояш сарфи се фарзандаш шуда, барои сохтани хона дар заминаш дар шаҳри Сайҳун маблағи кофӣ надорад. Вай мегӯяд, бонкеро ҷустуҷӯ дорад, ки ба вай қарзи дарозмуддат диҳад ё ширкате, ки хона созаду пулашро дертар бигирад.
Яҳё Баҳодуров, раҳбари як ширкати сохтмонӣ дар Хуҷанд, лоиҳаи бунёди 3 бинои 12-ошёна дар шаҳраки Сайҳунро рӯи даст гирифтааст. Ширкати ӯ мехост барои фурӯш ба сокинон биноҳои дорои манзилҳои як ва дуҳуҷраии то ҳадди имкон арзон бисозад. Вай рӯзи 24 ноябр дар гуфт, вале буҳрони молӣ ба фаъолияти ширкати онҳо таъсири манфӣ гузошта, корашонро ақиб андохтааст.
Ҳамин тавр, оғози бунёди шаҳрҳои нав дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳазорон нафарро соҳиби замин намуда, мушкили умдаи безаминии онҳоро поён дод ва дар дилашон умеди соҳиби манзили шахсии худ шуданро бедор кард. Вале роҳ то сӯи бунёди манзили худ ё харидани манзил дар шаҳрҳои нав барои бисёрии онҳо осону наздик ба назар намерасад.