Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони бозии дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Сурия аз Русия даъват кардааст. Сардовари ин бозӣ Виталий Мешкови 32-сола, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, таъин шудааст. Вай ба ҷуз доварӣ дар мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Дмитров, инчунин дар бошгоҳи футболи «Колос»-и Новосинково ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунад. Ба Мешков ҳамватанонаш - ёварони довари ФИФА Дмитрий Мосякини 36-сола ва Максим Гаврилини 31-сола кӯмак хоҳанд кард.
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи июни соли равон шурӯъ мешавад, моҳи март бо тимҳои миллии Молдив ва Сурия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад. Бозии дӯстона бо мунтахаби Молдив 26-уми март дар меҳмонӣ ва бозии дӯстона бо Сурия 31-уми март дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказӣ, барпо мегарданд.
Дар айни ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Молдив дар ҷойи 133-юм, Тоҷикистон дар ҷойи 141-ум ва Сурия дар ҷойи 152-юм қарор доранд.
Баъди анҷоми бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия бозии лотерея баргузор мешавад, ки бурди асосиаш мошини сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» мебошад.