Ташхиси рӯҳии Иван Шербаков, афсари пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли Шоира Ҷобирова - сокини 22-солаи Душанбе муттаҳам мешавад, дар бемористони Екатеринбург анҷом шудааст. Бино ба хулосаи табибон, Шербаков аз нигоҳи равонӣ ҳеч мушкил надоштааст ва ҳадди ақал то 10 феврал барои идомаи мурофиаи додгоҳияш ба Тоҷикистон оварда хоҳад шуд.
Як манбаи наздик ба Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми пойгоҳи Русия рӯзи 2 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ин хулосаи табибон дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ пешниҳод шудааст. Ба қавли ӯ, "бар асоси ин хулоса маълум мешавад, ки Иван Шербаков аз қабл медонистааст, амали куштор чӣ паёмад дорад ва даст ба куштор задааст. Ин муҷозоти ӯро сахттар мекунад."
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло як гурӯҳ аз намояндагони Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми пойгоҳи Русия барои овардани Иван Шербков ба Екатеринбург рафтаанд ва мурофиаи додгоҳии ӯ ба зудӣ аз сар гирифта хоҳад шуд.
Бо ин ҳол хонаводаи Шоира Ҷобирова мегӯянд, ки ҳанӯз барои маҳкумияти ҳаққонии ӯ бовар надоранд ва мехоҳанд, дар пеши чашми онҳо Иван Шербаков ба зиндон фиристода шавад. Онҳо мегӯянд, ки маҳкумияти Шербаков ба онҳо Шоираро барнамегардонад, аммо ҳадди ақалл метавонад ба оташи дилашон як каме об бипошад.
Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, охирҳои моҳи ноябри соли гузашта ба бемористони касалиҳои рӯҳии Екатеринбург фиристода шуд. Ӯ ба гумони қатли зани 22-солаи тоҷик Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябр дастгир гардид ва то замони интиқолаш ба Екатеринбург дар боздоштгоҳи муваққати рақами яки Душанбе нигоҳдорӣ мешуд.
Додгоҳи рақами 109-и пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон нисбат ба афсари ҳамин пойгоҳ Иван Шербаков бар асоси моддаи 105, қисми 1-и қонуни ҷиноии Русия - "куштори барқасдона" - айби пешакӣ эълон кардааст.
Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябри соли 2015 аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира паи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Дар пайи ин хабар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов ёддошти расмӣ супурд, ки дар он аз ҷониби Маскав хоста шудааст, аз такрори чунин амали сарбозонаш дар кишвар ҷилавгирӣ намояд.
Дар ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шудааст, "ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои лозим андешида шаванд". Бар асоси қарордоди Тоҷикистону Русия пойгоҳи 201 бо ҳафт ҳазор сарбозу афсараш то соли 2042 дар кишвар боқӣ хоҳад монд.
Дар тӯли як соли ахир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба латту кӯб, талоши дуздии мол ва қатли шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, додгоҳи гарнизони ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли гузашта бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳкор эълон карда ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.
Дигар сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Дмитрий Толстой, ба гуфтаи тафтишот, рӯзи 21 август ба сару гардан ва пою шиками таксирони тоҷик Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст.