Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар пайи бӯҳрони молӣ 20 коргари пойгоҳи 201-ро "ҷавоб" дод


Кормандони маҳалли пойгоҳи 201-и Русия дар Кӯлоб.
Кормандони маҳалли пойгоҳи 201-и Русия дар Кӯлоб.

Ҳудуди 20 тан аз кормандони маҳаллии пойгоҳи низомии Русия ба нишони эътироз ба иқдоми аз кор озод карданашон мегӯянд, ки маҷбуранд бо шиору овезаҳо дар рӯ ба рӯи ин пойгоҳ дар шаҳри Кӯлоб, тазоҳурот кунанд.

Субҳи рӯзи сешанбеи 5 май ҳудуди 20 тан аз кормандони маҳаллии пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб, ки моҳонаи беш аз ҳафтмоҳаашонро дарёфт накардаанд, хабари аз кор озод шуданашонро аз масъулони ин пойгоҳ шуниданд.

Саид Зувайдов, яке аз кормандони маҳаллӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб, ки 24 сол боз ба ҳайси машинист кор кардааст, сешанбеи 5 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт,ин бори дувум аст, ки бо нишони эътироз дар назди ин пойгоҳ ҷамъ омадаанд. Ба гуфтаи Зувайдов, агар маоши онҳо пардохт нашвад, онҳо ҳафтаи оянда бо шиору овезаҳо дар назди пойгоҳи 201 Русия дар Кӯлоб хоҳанд рехт. Ӯ мегӯяд, муроҷиату талошҳои онҳо ба масъулони пойгоҳ ва вазорати дифои Русия ва ҳамин тавр ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон барои пардохти моҳонаи қариб ҳаштмоҳаамон натиҷаи муассире надодааст.

«Ваъдаи хушку холӣ медиҳанд, мо низ дар ин росто дигар эътироз накардем. Ҳоло омода шуда истодаем, то шиору овезаҳо гирифта, дар назди пойгоҳ эътироз баён кунем, то маоши мо пардохт шавад. Мо аз инҳо танҳо ҳақи ҳалоли худро талаб дорем, на чизи дигар. Корро талаб мекунанд, аммо аз додани маош даст мекашанд»,-гуфт Саид Зубайдов.

Ба гуфтаи кормандони маҳаллӣ ширкате, ки кормандонро барои кор дар пойгоҳи Русия дар шаҳри Кӯлоб истихдом карда буд, акнун онҳоро озод карда нафарони дигарро ба кор гирифтааст. Онҳо мегӯянд, ки касе аз мақомоти пойгоҳ бо онҳо сӯҳбат кардан намехоҳад

Аз 20 нафаре, ки ахиран корро дар пойгоҳи Русия аз даст додаанд, чаҳор нафар занон будаанд. Онҳо мегӯянд, ки то ҳалли мушкили қарзи пойгоҳ дар назди онҳо даст аз даъво намекашанд.

Русия дар пайи бӯҳрони молӣ 20 коргари пойгоҳи 201-ро "ҷавоб" дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Барканории иддае аз кормандони маҳаллии пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки ҳудуди се ҳафтаи пеш 30 тан аз ин кормандони он ба нишони эътироз нисбати пардохт нашудани маоши шашмоҳаашон дар дохил ва беруни пойгоҳ гирдиҳамоӣ карда буданд.

"100 ДОЛЛАР БИЁР, БОЗ БА КОР МЕГИРЕМ"

Махтумбӣ Абдулоева, яке аз коргарони маҳаллӣ, ки пойгоҳи низомии Русия фаррош буд, ба Озодӣ гуфт, ӯ зани танҳоест, ки ду кӯдакро аз ятимхона бузург мекунад ва ҳоло бепулу бекор намедонад чӣ кор кунад. Абдуллоева мегӯяд, ки ӯро бе асос аз кор берун карданд: «Ман шавҳар надорам, зиндагиямро ба як мушкилӣ пушти сар мекунам. Маро аз кор ронданд ва боз даъват карданд, ки 100 доллар биёр боз ба кор мегирем. Он нафаре, ки дар вақташ маро ба ивази 100 доллар ба кор гирифта буд, ҳоло ба ҷойи ман одами дигарро гирифтаст."

Ин 20 нафар мегӯянд, ки агар маоши 7 моҳи худро талаб намекарданд ва ба истилоҳ бо сари хам кор мекарданд, эҳтимол онҳоро аз кор ҷавоб намедоданд.

Маоши кормандони маҳаллӣ пойгоҳи 201 Русия дар Кӯлоб сар аз аввали моҳи октябри соли 2014 то кунун пардохт нашудааст. Марзия Умарова, як коргари дигари пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб гуфт,“вақте кас дар мавриди маош лаб мекушояд, ба ӯ таҳдид мекунанд, ки дар ин бора гап назан.»

Ҳоло шумораи кормандони маҳаллӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб наздик ба 100 нафар аст. Ба сурати умум, дар бахшҳои ин пойгоҳ дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони маҳаллӣ бо корҳои тармиму поккорӣ машғуланд ва моҳонаи онҳо аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад. Бархе аз ин кормандон мегӯянд, барояшон гуфта шудааст, ки дар гирифтани дастмузд онҳо бояд то хатми низоъ дар Украина сабр кунанд.

ПОСУХИ МАСЪУЛОН

Аммо масъулони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта гуфта буданд, ки пардохт нашудани маоши кормандони маҳаллӣ ба бӯҳрони Украина рабт надорад ва ҳеҷ корманди пойгоҳ ҳам чунин нагуфтааст, зеро пойгоҳ бо ширкати русии “Бит Сервис-плюс” шартнома дорад ва ин ширкат масъули пардохти музди кормандон аст. Ҳоло ширкати «Бит Сервис-плуюс» табдили ном карда, ҶДММ «УК СТРОЙИНТЕГРАЛ»номгузорӣ шудааст.

Фатҳуллоҳ Тилоев, директории ширкати “Бит Сервис-плюс”ва ҳоло ҶДММ «УК СТРОЙИНТЕГРАЛ» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар пардохт накардани маоши кормандони маҳаллӣ, кори онҳо ба додгоҳ расидааст. Ӯ мегӯяд, ҳатто корхона аз худи ӯ низ қарздор аст ва маблағашро то кунун пардохт накардаанд.

Гулнора Муҳиддинова, сардори шуъбаи кадрҳои ширкати ҶДММ «УК СТРОЙИНТЕГРАЛ» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, онҳо то кнун ягон коргаро хориҷ аз кор накардаанд. Ба гуфтаи Муҳиддинова шарномаи онҳо бо пойгоҳ то 30 апрел буд ва ҳоло худи дигар кормандон низ интизори маош ва шартномаи наванд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ягон нафарро ба қор онҳо ҷалб накарданд ва аз ин кор низ хабаре надорад.

«Мо ягон касро аз кор пеш накардем. Ҳамаи ин асос надорад. Ҳатто худи ман низ маоши ҳафтмоҳаи худро нагирифтам ва дар хона нишастаам. Сабаби пардохт нашудани пул ин интиқол наёфтани он аз Русия аст.. Агар пул шуд ҳатман мо онро пардохт хоҳем кард. Иллати пардохт нашудани маош Русия ба буҳрони молӣ дучор шудани он мебашад, барои ин мо низ хап карда нишастаем»,-гуфт мусоҳиби мо.

МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ

Мақомоти маҳаллӣ то ҳол ба ин қазия дахолат накардаанд ва ба назар мерасад, ин масъаларо мушкили кордиҳанда ва коргар баррасӣ мекунанд.

Баҳси маоши кормандони ғайринизомии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аз охири соли гузашта ба ин сӯ идома дорад. Ҳоло кормандони ин маҳаллӣ маҷбур шудаанд, ки расман ба президенти Русия Владимир Путин мактуб нависанд, то мушкилашон ҳал шавад. Ба гуфта кормандон, ҳафтае қабл боз як мактуби дигар ба вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу навиштаанд ва интизори ҷавоби он номаанд.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи ду ҷониба бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

ВИДЕО аз 15 апрел: Эътирози кормандони маҳаллии пойгоҳи 201

Эътирози кормандони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

XS
SM
MD
LG