Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро «РусАл» мехоҳад «Талко» аз кор бозмонад?


Бузургтарин корхонаи истеҳсоли аллюминиум дар Тоҷикистон «Талко» дар баробари коҳиши истеҳсолот ба далели поён рафтани қимати алюминиум дар бозори ҷаҳонӣ ба монеаҳое рӯбарӯст, ки ба гуфтаи манобеи ин корхона аз сӯи рақибаш «РусАл» эҷод шудаанд.

Масъулони "Талко" дар бораи ин рақобат ва мушкиле, ки "Русал" барои "Талко" эҷод кардааст, ошкоро сӯҳбат намекунанд, аммо як манбаъи огоҳ аз вазъи корхона гуфт, ки ба мушкилоти моливу фишорҳои зистмуҳитии Ӯзбакистон монеаҳои нав ба нав аз сӯи "РусАл" эҷод мешаванд, ки мехоҳад корхонаи арзизи Тоҷикистонро муфлис кунад.

Игор Сатторов, сухангӯи «Талко», дар сӯҳбат бо «Озодӣ» мавҷудияти ҳамчунин монеаҳоро рад накард, аммо гуфт, ин иттилои махфӣ аст ва танҳо дар ҳолати пеш омадани зарурат он ҳам дар майдони ҳуқуқӣ ва миёни раҳбарияти ширкатҳо баррасӣ мешавад:

«Сиёсати асосии мо зарар наовардан ба муносибатҳои ду кишвар аст. Мо намехоҳем, ки нишонаҳои носолимро ба муносибатҳои ду кишвар ворид кунем. Мо ба ин зарурат надорем»

Аммо манбаи мо гуфт, ҳоли ин корхона, ки ба тавтеаҳои "РусАл" дар арсаи байналмиллалӣ гирифтор шудааст, хуб нест. Барои намуна, қаторҳои ҳомили алюминийи «Талко», ки дар гузашта аз марзи Озарбойҷон дар се рӯз мегузаштанд, ҳоло ин фосиларо 45 рӯз тай мекунанд. «РусАл» ба хотири бозгардонидани миллионҳо доллар қарзаш аз «Талко», ба бандари Потии Гурҷистон ва ҳам Glencore, ширкати амрикоӣ фишор меорад, то бо ин ширкати тоҷикӣ ҳамкорӣ накунанд. Дар гузашта «РусАл» мекӯшид, ки хариди гилхок ва дигар масолеҳи барои истеҳсоли алюминиум муҳимро барои «Талко» дар Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ғайриимкон кунад, танҳо бо як роҳ - ҳар куҷо ширкати тоҷикӣ барои харидории масолеҳ мерафт, он ҷо кормандони «РусАл» пайдо мешуданд ва онро бо нархи гаронтар харидорӣ мекарданд.

«РусАл» барои «Талко» ширкати бегона нест. Соли 2004 ин ширкат ба Тоҷикистон омад ва эълон дошт, ки сохтмони неругоҳи Роғун ва ҳам як як корхонаи дигари алюминиумро ба зимма мегирад. Соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон созишномаҳояш бо «РусАл»-ро лағв кард.

Аммо ин рақобаташ бо «Талко» аз «рашк» аст, «қасос» ё сиёсати дуруст андешидашудаи ширкат?

Коршиносон мегӯянд, «РусАл» мехост ва ҳоло ҳам мехоҳад корхонаи алюминиуми Тоҷикистонро аз худ карда, дар ҳолати даркорӣ аз кор мононад ва ё фаъол кунад. Ба қавли коршиносон, дар шароити имрӯза аз кор мондани «Талко» қимати моли «РусАл»-ро аз 5 то 15 дарсад боло мебарад. Бино ба иттилои сомонаи "РусАл", ширкати русӣ танҳо тайи моҳҳои август ба декабри соли равон 4 корхонаи худро баста, истеҳсолоташро ҳудуди 340 ҳазор тон кам кардааст ва зарари софи молиявиаш ба 10,2 миллиард доллар расида, арзиши имрӯзааш 6, 3 миллиард доллар мебошад.

Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, ин нишондиҳандаҳо сабаби муфлис шудани корхона метавонанд бошанд, аз ин хотир, зарурати ҷуброни он аз ҳисоби аз худ кардани дигар корхонаҳо пеш омадааст:

«Он бозиҳое, ки "РусАл" идома медиҳад, ба манзури расидан ба ҳамон ҳадаф аст, ки аз аввал пеш гирифта буд. «Талко» яке аз даҳ ширкати бузурги алюминиуми дунёст, ки иқтидораш аз 500 ҳазор тон беш аст. "РусАл" дар ҷаҳон дар мақоми сеюм аст. Дар баробари ду ширкати дигар, ки пеш аз "РусАл" меистанд, ба даст овардани «Талко» нақшу таъсири "РусАл"-ро ҳам бамаротиб боло мебарад», гуфт Давлат Усмон.

Зимнан, таҷрибаи "РусАл" дар мавриди маҳор кардани рақибон сипас дар Озарбойҷон «кор» дод. «РусАл» ширкати «Fondel»-ро, ки дар офшори Ҳолланд сабти ном шуда, дар асл ба вазири иқтисоди Озарбойҷон Фарҳод Алиев тааллуқ дошт, аз бозӣ баровардааст. «Fondel» тендереро, ки соли 2000 барои ба даст овардани «Озаралюминиум», ки се ширкат – Корхонаи алюминиуми Сумгаит, Корхонаи гилхоки Ганҷа ва Раёсати анулити Загликро муттаҳид мекард, бурида буд. Яке аз ширкатдорони ин тендер «РусАл» буд. Соли 2005 Фарҳод Алиев, ки соҳаи алюминиюми Озарбойҷонро қавӣ нигаҳ медошт, бо иттиҳоми табаддулоти давлатӣ боздошт шуд. «Озаралюминиум» таҳти назорати раиси Кумитаи идораи амволи давлатии Озарбойҷон - Карамбой Гасанов, нафари наздик ба Илҳом Алиев гузашт. Соли 2006 "РусАл" боз вориди Озарбойҷон шуд ва тавре, ки дар Тоҷикистон кард, 1 миллиард доллар ваъдаи сармоя барои сохтмони як корхонаи ҷадиди алюминиумро дод. Ба умеди ваъдаи «РусАл» озариҳо «Озаралюминиум»-ро аз даст доданд – соли 2008 ҳам Корхонаи гилхоки Ганҷа ва ҳам Корхонаи алюминиуми Сумгаит аз кор монданд.

Шамсиддин Раҷабов, як рӯзноманигори тоҷик, ки дар Маскав ба сар мебарад, мегӯяд, дар сӯҳбат бо ӯ кормандони "РусАл" гуфтаанд, ки оқибат «Талко»-ро ба зону хоҳанд шинонд. Вай муҳосираи транзити ашёи хом барои «Талко» аз сӯи Ӯзбакистон, баромадани ин кишвар аз низоми ягонаи энержӣ, иҷоза надоданаш барои интиқоли барқу гази Туркманистон, қатъи газ барои Тоҷикистон ва ҳам мурофиаҳои дарозмуддати Лондонро тадобири қаблие алайҳи «Талко» номбар кард, ки дар ҳамдастӣ бо "РусАл" роҳандозӣ шуданд. Вай афзуд, ин ҳама, ки аз соли 2006 то ба имрӯз идома дорад, «Талко»-ро аз по наафтонд.

Ширкати «Талко» то соли 2005 536 миллион қарз ва 7 баҳси судӣ дошт. Пас аз мурофиаҳои судӣ дар Бритониё ва Шветсария қарзаш 310 миллион коҳиш ёфта, ҳоло ба 220 миллион доллар баробар аст.

Мурофиаи охирине, ки ҳанӯз идома дорад, бо Hamer, як ширкати марбут ба "РусАл" аст. Бино ба иттилои сомонаи "РусАл", додгоҳи Шветсария «Талко»-ро муваззаф кард, ки ба Hamer 275 миллион доллар ҷуброн пардохт кунад. Аммо Игор Сатторов мегӯянд, далелҳои кофӣ дар дасти «Талко» вуҷуд доранд, ки беш аз 275 миллион долларро ташкил медиҳанд ва ин як баҳси алоҳидаи судӣ аст.

«Талко», дар ибтидо Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (ТадАЗ) - бузургтарин ширкати алюминиуми Осиёи Марказӣ бо иқтидори 517 ҳазор тон солҳои 70 – уми асри 20 сохта шуда, имрӯз истеҳсолаш ба 272 ҳазор тон дар соли 2012 коҳиш ёфтааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири дастгирии ширкат қарор кард, ки онро пуштибонии молӣ кунад.

«Талко» саддар сад моликияти ҳукумати Тоҷикистон аст. 70 дарсади саҳмияи ҳамкори он – ширкати бритониёии «Талко менеҷмент» ҳам аз ҳукумати Тоҷикистон ва 30 дарсади дигар ҳам аз шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд.
XS
SM
MD
LG