Сарони ТАЛКО, корхонаи алюминсозии воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 50-километрии ғарби Душанбе, мегӯянд, барномаи навсозии сохтори ин ширкат табдил шудани он ба ҷамъияти саҳҳомиеро дар назар дорад, ки мардум ҳам тавонанд, дар он сармоягузорӣ кунанд ва аз даромадаш фоида бардоранд.
Шералӣ Кабиров, роҳбари молиявии ширкати ТАЛКО рӯзи 23 декабр дар як нишасти вижаи хабарӣ гуфт, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохторе мисли «Корхонаи воҳиди давлатӣ» (КВДё ГУП) хеле кам аст ва на ҳама моҳияти онро мефаҳманд: «Дар ҷаҳон ҳамин гуна низомеро мисли КВД чандон намефаҳманд. Ин як навъ ноу-хауи тоҷикӣ аст. Ман фикр мекунам, ки ТАЛКО ба ҷамъиятӣ саҳҳомӣ табдил ёбад, беҳтар аст. То ҷое медонам, дар доираи барномаи таҷдиди сохтори ТАЛКО ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил додани он ҳам дар назар дошта шудааст.»
Изҳороти ҷаноби Кабиров дар ҳоле садо медиҳад, ки бино бар гарон шудани ашёи хом ва поин рафтани нархи алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ вазъи молии ТАЛКО ва коршарикони он ногувор шудааст ва ҳафтае пеш масъалаи кумаки молӣ ба ин корхона ҳатто дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон матраҳ шуд.
Барои мисол, нархи гилхок ашёи аслии истеҳсоли алюминий аз 540 доллари соли 2002 то ба 1064 доллар боло рафтааст. Арзиши кокс - ашёи хоми дигар - агар дар соли 2006 танҳо 10 дарсади арзиши нархи аллюминийро дар бар мегирифт, ҳоло ба гуфтаи масъулони корхона, 22 дарсади арзиши алюминийро нархи кокс ба худ ихтисос додаст.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи Шералӣ Кабиров, ширкати ТАЛКО дар 9 моҳи фаъолияташ дар соли ҷорӣ ба ҷои фоида 20 миллион доллар зарар дидааст. Роҳбарияти ТАЛКО ин нобарориро ба рукуд дар бозори ҷаҳонии алюминий ва мавҷи дуввуми буҳрони иқтисодии ҷаҳон бастагӣ медиҳад.
Аммо бо ин вуҷуд, оқои Кабиров мегӯяд, зиёнҳои ТАЛКОдар қиёс бо ширкатҳои рақибаш, мисли РусАл, ба маротиб камтар аст. Ба гуфтаи вай, РусАл дар шаш моҳи фаъолияташ 611 миллион доллар зарар дидааст. Зимнан ҷаноби Кабиров ин ҳама истодагарии ТАЛКО дар қиболи буҳрон дар бозори алюминийро ба усули мавсум ба толлинг бастагӣ дод, ки аз шебу фарозҳои нарх дар биржаи металлҳои рангаи Ливерпули Британия чун «чатр аз борон» ҳимоят мекунад: «Сарравал дар мавриди толлинг мегуфтанд, ки ин як усули сиёҳи баровардани пул аз кишвар аст. Мо дар 9 мурофиаи додгоҳӣ ширкат доштем ва дар ягонтои ин мурофиаҳо усули толлинг зер шубҳа қарор дода нашуд. Усули толлинг барои мо як «чатр»-е аст, ки воқеан ҳам корхонаро наҷот медиҳад.»
Кабиров афзуд, коршарики толлингии ТАЛКО - «ТАЛКО менеҷмент» - танҳо дар соли гузашта 101 миллион доллар зарар дид, ки агар схемаи толлинг вуҷуд намедошт, ин зиён бар дӯши худи ТАЛКО меафтид.
Аммо коршиносон ва матбуоти Тоҷикистон борҳо усули толлингии фаъолияти ТАЛКО-ро зери тозиёнаи танқид гирифта, мегӯянд, афроди наздик ба ҳукумати Тоҷикистон бо сабти номи ширкатҳои офшорие, мисли «ТАЛКО менеҷмент» чун коршарики хориҷиву толлингии ТАЛКО кор карда, аз фаъолияти ин ширкат фоидаи бузург мегиранд. Дар ҳоле ки ин ширкат дар давраи буҳронҳои энержии Тоҷикистон дар фаслҳои зимистонҳо барқи зиёдеро истифода мекунад ва мардум дар рустоҳо ва манотиқи кишвар дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранду халос.
Ширкати «ТАЛКО менеҷмент», ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои оВирҷиния сабти ном шудааст, соли 2007 бо пирӯзӣ дар як тендери ҳукумати Тоҷикистон коршарики толлингии ТАЛКО шуд. Гуфта мешавад, 30 дарсади саҳмияҳои ин ширкат дар дасти шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Аммо дар ҳисоботи аудити ТАЛКО аз сӯи ширкати Moore Stephans навишта шудааст, ки ширкати «ТАЛКО менеҷмент» таҳти назорати ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Бархе аз афроди наздик ба роҳбарияти ТАЛКО ҳам мегӯянд, чун Узбакистон дар ҳамлу нақли молу колои ТАЛКО монеа эҷод мекард, роҳбарияти ин корхона дар минтақаҳои оффшории Британия ин ширкатро сабти ном кард, то ин ки ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба интиқоли молу колои ба ном ширкати бритониёӣ халал ворид накунад.
Усули толлинг ба ин маъност, ки як ширкати дигари хориҷӣ ба ТАЛКО ашёи хом дода, дар иваз маҳсулоти коркардшуда, яъне алюминийи аввалия мегирад. ТАЛКО аз коршарики толлингиаш танҳо ҳаққи истеҳсоли алюминийро мегирад.
Тағйири сохтори ТАЛКО шояд кори солҳои оянда аст, вале феълан ин корхона аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барояш 30 миллион доллар қарз дода шавад, то битавонад, ба фаъолияти худ идома диҳад. Чанде пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар як ҷаласа аз ҳукумат хост, то ба ТАЛКО кумаки зарурӣ расонида шавад.
Ширкати ТАЛКО, ки иқтидори тавлидотиаш тавлиди беш аз 400 000 тонна алюминий дар сол аст, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои охир, бахусус баъди қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон, тавлидоти корхона коҳиш ёфта, соли гузашта ҳамагӣ 272 000 тонна алюминийро ташкил дод.