Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба нирӯҳои Тоҷикистон беш аз 8 млн доллар кумак кард. ВИДЕО


Амрико ба мақомоти амниятӣ ва нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба маблағи беш аз ҳашт миллион доллар таҷҳизот дод ва гуфт, ки ин техникаҳо дар мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир истифода хоҳанд шуд. Маросими тақдими таҷҳизоти низомӣ рӯзи 5-уми октябр дар як қисми ҳарбӣ, воқеъ дар маҳаллаи "Полтехникум"-и пойтахт, сурат гирифт.

Тоҷикистон, чун бахше аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташабуссҳои ҳукумати Амрикоро барои шадид сохтани мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирӣ мекунад

Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, гуфт, Иёлоти Муттаҳида бовар дорад, ки амният дар Тоҷикистон боис ба субот дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

"Таҷҳизоте, ки имрӯз ба ҷониби Тоҷикистон тақдим шуд ва беш 8 миллион доллар арзиш дорад, бозгӯи шарикии наздик бо Тоҷикистон аст. Мо ҳамеша барои таъмини амнияти Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи тулонӣ дорад, ҳамкорӣ мекунем", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Амрико ба нирӯҳои Тоҷикистон беш аз 8 миллион доллар кумак кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Аз вуҷуди ҷангҷӯҳо то озмоишгоҳи маводи мухаддир

Мақомоти сафорати Амрико гуфтанд, ки ин таҷҳизотро ба хотири ёрӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ тақдим карданд. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, гуфт, ҳукумати Амрико ҳар сол ба тамоми соҳаҳои Тоҷикистон то 70 миллион доллар кумаки бебозгашт мекунад.

Кевин Коверт
Кевин Коверт

Мақомоти Тоҷикистон низ ҳамкорӣ ва кумакҳои техникиву низомии ҳукумати Амрикоро барои субот дар минтақа муҳим шумориданд. Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, ин ҳамкорӣ метавонад дар таъмину таҳкими амният ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ мусоидат кунад. Ятимов гуфт, вуҷуди ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ва "Толибон" дар минтақаи шимолии Афғонистон ва таъсиси лабораторияҳои тавлиди маводи мухаддир "ҳушёриву талош ва муборизаи бештарро талаб мекунад".

"Тоҷикистон ташаббусҳои Амрикоро датсгирӣ мекунад"

"Раванди шаклгирии нерӯҳои мусаллаҳ ва сарҳадии Тоҷикистон тақрибан ба анҷом расидааст. Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи байналмилалӣ талош мекунем, ки бо таҷҳизоти нави фароҳамшуда ва усулҳои нави байналмилалӣ амнияти минтақаи сарҳадиро таъмин кунем", - афзуд ӯ.

Саймуъмин Ятимов
Саймуъмин Ятимов

Саймуъмин Ятимов, ки дар маросими эҳдои таҷҳизоти техникӣ аз ҷониби сафорати Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сухан мекард, таҳдид ба марзи Тоҷикистонро таҳдид ба Осиёи Марказӣ донист. Аз ин рӯ, талошҳои ҳукумати Амрико барои мустаҳкамсозии марзи Тоҷикистон аз дидгоҳи роҳбари нерӯҳои амниятӣ тавсиф ёфт.

"Ҳукумати Амрико барои сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон, муқобилият бо радикализм ва экстремизм, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир бисёр талош меварзад. Барои мустаҳкам гардондани идораҳои давлатии Афғонистон қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Тоҷикистон, чун бахше аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташабуссҳои ҳукумати Амрикоро барои шадид сохтани мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирӣ мекунад", - изҳор дошт Ятимов.

Марзи тӯлонӣ ва хатарноки Тоҷикистон бо Афғонистон

Парчами Тоҷикистон ва Амрико
Парчами Тоҷикистон ва Амрико

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва бештари он кӯҳистонӣ ва душворгузар аст. Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, моҳҳои охир маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳоест, ки ба қавли мақомоти Кобул, аз тундгароёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ иборатанд.

Моҳи апрели имсол Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар нишасти минтақавие дар бораи таъмини амнияти марзҳо гуфта буд, ки Толибон дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангҷӯ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд.

Амрико дар 26 соли ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG