Мақомоти амниятии Русия рӯзи 26 апрел 12 нафарро дар шаҳри Калининград ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо як гурӯҳи тундрави исломӣ, боздошт кардаанд. Ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки худи ҳамон рӯз Хадамоти амниятии Русия (ФСБ) эълон кард, ки ду гумонбар ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки қасди тарҳрезии як ҳамлаи бузург дар Шарқи Дури Русияро доштанд, боздошт шудаанд.
Хадамоти федеролии амниятии Русия гуфтааст, ки 12 боздоштшуда дар шаҳри Калинингарда бо гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ- Ҷамоати Муҷоҳиддин" ҳамкорӣ дошта ва зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд. Гуфта мешавад, ки имкон дорад онҳо дар фаъолиятҳои низомӣ, даст дошта бошанд.
Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, ки дар назар аст дар ояндаи наздик афроди боздоштшуда барои муҳокима ба кишварҳояшон истирдод шаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, раҳбари ин шабака аз сӯи мақомоти Узбакистон барои ҷиноятҳои тундгароӣ, мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, ки дар назар аст дар ояндаи наздик афроди боздоштшуда барои муҳокима ба кишварҳояшон истирдод шаванд. Калининград дар марзи Лаҳистон ва Литва ҷойгир буда ва яке аз шаҳрҳои муҳими низомии Русия дар ғарби он кишвар ба шумор меравад.
Ин барои бори савум аст, ки давоми моҳи ҷорӣ мақомоти Русия шаҳрвандони Осиёи Миёнаро ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ, боздошт мекунанд. Дар таркиши бомбаи худсохт дар дохили метрои Санкт-Петербург рӯзи 3 апрел 15 нафар кушта ва ҳудуди 50 тани дигар захмӣ шудаанд.
Бомбгузори эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалилов як шаҳрванди Қирғизистон мебошад, ки ҳамакун дар боздошт ба сар мебарад. То кунун ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия дар робита ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Санкт Петербург, дувумин шаҳри бузурги кишвар, 10 нафар ва аксаран зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, боздошт карданд
Ниҳодҳои амниятии Русия мегӯянд, ки як нафар аз гумонбаршудаҳо, ки рӯзи 26 апрел дар шаҳри ҷанубии Сахалин боздошт шуд, ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" гумонбар дониста мешаванд ва зодаи Осиёи Миёна мебошад. Мақомот аз ин нафар ном набурданд. Боздоштшудаи дигар дар Сахалин, шаҳрванди Русия будааст.
Хадамоти федералии Русия мегӯяд, ки аз маҳали зисти боздоштшудаҳо дар Сахалин маводҳои таркандаи худсохт, адабиёти таблиғии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва телефонҳои дастӣ бо дастуроти сохтани бомбаҳо, дарёфт кардаанд. Ин ниҳоди амниятии Русия гуфтааст, ки ин ду нафар нақша доштанд, ки ҳамлаи террористиро дар яке аз ҷойҳои пуриздиҳом анҷом диҳанд.
Дар навори Хадамоти федеролии амнияти Русия, ки телевизиони давлатии он кишвар ба намоиш гузошт, ин ду нафар бо дастони баста ва сурати хобида бар рӯи замин, нишон дода мешаванд.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба дафтари ФСБ дар шаҳри Хабаровск дар ҳафтаи гузаштаро ба дӯш гирифта буд. Дар ин ҳамла ду нафар кушта шуданд. Аммо мақомоти Русия даст доштани гурӯҳҳои тундрав дар ин ҳамларо рад карда ва гуфтанд, ки он аз сӯи як ҷавони 17-солаи рус, ки бо гурӯҳҳои миллатгаро рабт дошт, анҷом шудааст.