Волидони Аброр Азимов, нафари муттаҳам ба ташкили бомбгузории маргбор дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, гуфтанд, ки ба фикри онҳо, Аброр ба ҳеҷ сурат наметавонист дар ин гуна амали мудҳиш даст дошта бошад. Вазира Мирзоаҳмадова, модари Аброр, рӯзи 19 апрел дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон гуфт, “ин як дасиса аст”.
Ӯ мехост ба ҷое равад, ки маоши хуб дошта бошад. Ба Корея рафт, вале онҷо кор набуд ва маошҳо низ кам буданд. Ӯ дигар интихоб надошт. Аз ин рӯ, ба Русия рафт. Вай доим дар фикри пуле буд, ки барои оилаи калонамон дарёфт кунад. Бояд пуле меёфт, ки хонаамонро таъмиру тармим кунем.Билол Азимов
Вай афзуд, “фарзандони ман ҳатто байни якдигар баҳс накардаанд. Мо фарзандонамонро хуб тарбия намудем. Ман бовар надорам. Медонам, ки хеле зуд бегуноҳии писарам собит мешавад. Ӯро ба дом андохтаанд.”
Додгоҳи ноҳияи Басманний дар Маскав рӯзи 18 апрел амр дод, ки Аброр Азимов то рӯзи 3 июни имсол дар боздоштгоҳ бимонад. Додрас Артур Карпов бо эълони ҳукм гуфт, дар ин муддат бояд айбномаи расмӣ алайҳи Аброр эълон шавад, вагарна ӯро озод мекунанд. Аброр Азимов ба ҳукм эътироз накард, вале гуфт, ки дар ин ҳамла мустақим даст надорад: "Ман дар он ҳодиса даст дорам, вале намедонистам, ки дар иҷрои як амали террористӣ кумак мекунам. Ба ман амр доданд ва ман иҷро намудам."
Муфаттишон мегӯянд, рӯзи 3 апрел дар арафаи бомбгузорӣ дар метрои Санкт-Петербург, ки ҳаёти 15 касро аз байн бурда, даҳҳо нафари дигарро маҷрӯҳ намуд, фарди муттаҳам ба ин амали террористӣ – Акбарҷон Ҷалилов маҳз бо Аброр Азимов сӯҳбати телефонӣ доштааст. Аммо бародари Аброр – Билол Азимов мегӯяд, бародараш як инсони ором буд. Вай ба ин назар аст, ки навори боздошти Аброр асл нест ва силоҳро ба ӯ бор кардаанд.
“Ӯ мехост ба ҷое равад, ки маоши хуб дошта бошад. Ба Корея рафт, вале онҷо кор набуд ва маошҳо низ кам буданд. Ӯ дигар интихоб надошт. Аз ин рӯ, ба Русия рафт. Вай доим дар фикри пуле буд, ки барои оилаи калонамон дарёфт кунад. Бояд пуле меёфт, ки хонаамонро таъмиру тармим кунем. Ӯ барои ташкили гурӯҳи муташаккилонаи ҷиноӣ ва умуман барои сӯҳбат бо касе вақти зиёд надошт”, - гуфт Билол.
Ҳамсари Аброр Азимов ба худ як лаҳза ҳам иҷозат намедиҳад, бовар кунад, ки шавҳараш пешвои даҳшатафканон будааст. Робия Азимова гуфт, “не, не шавҳари ман наметавонад чунин корро анҷом диҳад. Ӯ фақат дар бораи тарбияи духтараш фикр мекунад. Вай барои сохтани хона пул ҷамъ мекунад.”
Ҳамсояҳои ин оилаи узбактабори муқими Қирғизистон низ аз тарбияи хуби фарзандон ва муомилаи хуши оилаи Азимовҳо ҳарф заданд. Яке аз ҳамсояҳо бо номи Наргис Зокирова гуфт, “ман дар бораи ӯ ва аҳли оилаашон ягон гапи бад зада наметавонам. Ӯ ва бародаронаш инсонҳои хуб ва ҳамсояҳои хуб ҳастанд. Онҳо ба ҳамсояҳо фақат кори хуб кардаанд. Агар касе аз онҳо кумак хост, ҳама вақт ҳозиранд, ки кори аз дасташон меомадаро иҷро кунанд.”
Рӯзи 17 апрел матбуоти Русия гуфтанд, ки мақомоти интизомӣ Аброр Азимовро бо иттиҳоми тарҳрезии бомбгузории маргбор дар метрои шаҳри Санкт-Петербург дастгир кардаанд. Дар видеое, ки дафтари матбуоти ФСБ ё Хадамоти таҳқиқоти федеролии Русия нашр кард, лаҳзаи боздошти Аброр нишон дода мешавад, ки маъмурони амниятӣ ӯро ба замин мехобонанд ва аз ӯ ному насаб ва сипас сабаби боздошташро мепурсанд.
Баъд аз ин маъмурони амниятӣ аз дохили либоси ҷавон, як туфангча ва аз халтаи селофании дасташ телефони ҳамроҳ пайдо мекунанд. То кунун ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия дар робита ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Санкт Петербург, дувумин шаҳри бузурги кишвар 9 нафар ва аксаран зодагони Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Акбарҷон Ҷалилов, ки ба гуфтаи мақомоти Русия бомби худсохташро дар дохили метро тарконд, зодаи Қирғизистон буда ва баъдан шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст.