Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари аслии таркиши Санкт-Петербург зодаи Қирғизистон будааст


Як шаҳрванди қирғизтабори Русия ба гумони даст доштан дар таркиши рӯзи 3 апрел дар метрои Санкт-Петербург дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Дар таркиши метрои Санкт-Петербург 14 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хадамоти амнияти Қирғизистон рӯзи 4 апрел гуфтааст, ки гумонбари аслӣ Акбарҷон Ҷалилов -- як шаҳрванди Русия зодаи Қирғизистон мебошад. Гуфта мешавад, ки Акбарҷон Ҷалилов соли 1995 дар шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон ба дунё омадааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Хадамоти бехатарии Қазоқистон Нургалӣ Билисбеков дар маҷлиси ҳукумати он кишвар гуфтааст, ки як шаҳрванди Русия, ки аслан аз Осиёи Миёна -- аммо на аз Қазоқистон мебошад, дар ин таркиши маргбор гумонбар дониста мешавад.

Хабаргузории “Интерфакс” шаби гузашта бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои интизомии Русия гуфт, ки таркиш дар истгоҳи метрои Санкт-Петербургро як маргталаб анҷом додааст. Хабаргузорӣ гуфт, ҳуввияти гумонбар низ мушаххас шуда, бино ба иттилои муқаддамотӣ, вай зодаи 23-солаи Осиёи Миёна будааст.

Мақомоти Русия расман дар ин бора иттилоъ надодаанд. Аммо "Интерфакс" мегӯяд, гумонбари аввали ҳодиса, ки бо либоси сиёҳу риши дароз тасвир ёфта буд, ба идораи пулис ҳозир шуда ва гуфтааст, дар ин қазия даст надорад.

Метрои Санкт-Петербург пас аз таркиш
Метрои Санкт-Петербург пас аз таркиш

Александр Куренной, сухангӯи Додситонии кулл Русия аввал таркишро “амали террористӣ” номид, вале баъдан гуфт, ки дар ин бора хулоса кардан барвақт аст.

Таркиш дар метрои Санкт-Петербург беш аз 10 нафарро кушт

Дар натиҷаи таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург дар рӯзи 3 апрел дасти кам 10 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомот мегӯянд, мумкин аст, таркиш амали террористӣ буд. Георгий Полтавченко, раиси шаҳри Санкт Петербург ба хабарнигорон гуфт, 10 нафар дар таркиш кушта шудаанд ва тақрибан 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия гуфт, бар тибқи иттилои пешакӣ теъдоди қурбониён 9 нафар аст.

Александр Куренной, сухангӯи Додситонии кулл Русия аввал таркишро “амали террористӣ” номид, вале баъдан гуфт, ки дар ин бора хулоса кардан барвақт аст. Сухангӯи ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург дар Твиттер навишт, ки 50 нафар дар таркиш ҷароҳат бардоштаанд.

Раҳмон: Таркиш дар Петербург "амали ваҳшиёна аст"

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – таркиш дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербургро, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, башиддат маҳкум кард ва онро “ваҳшиёна” номид. Оқои Раҳмон шоми 3 апрел бо ирсоли номаи ҳамдардӣ ба президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Тоҷикистон аз ин хабар амиқан шигифтзада аст ва бори дигар тарафдорияш аз тақвияти мубориза бо терроризм дар ҷаҳонро баён мекунад.

“Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср - терроризм таъкид менамоем.​ Аз Шумо, Владимир Владимирович, мехоҳем, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони ҳалокшудаҳо бирасонед. Ба захмиён шифои комил орзу дорем”, - таъкид кардааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.​

Таркиш дар метрои Санкт Петербург чанд нафарро кушт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Бисёре аз маҷрӯҳон аз оҳанпораҳо захм бардоштаанд ва хабаргузории “Интерфакс” навиштааст, ки зоҳиран дар абзори тарканда пораҳои оҳан насб кардаанд, то талафот бештар шавад. Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дохили метро дида мешавад, ки пур аз дуд аст ва афроди маҷрӯҳ дар рӯи замин хобидаанд. Дар аксе ҳам дари порашудаи қатор дида мешавад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки дар Санкт-Петербург аст ва пештар нишасти хабарӣ дошт, гуфт, ки мақомот ӯро аз ҳодиса огаҳ кардаанд ва мақомот фарзияи терроризмро баррасӣ мекунанд. Ӯ қабл аз мулоқоташ бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус гуфт, “ба хешовандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунад.”

Владимир Путин: То ҳанӯз сабаби таркиш дар метро ошкор нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Владимир Путин афзуд, ки дар бораи таркиш бо раҳбарони мақомоти амниятӣ сӯҳбат кардааст, онҳо “ҳама корро мекунанд, сабабҳои ҳодисаро маълум намоянд.” Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия дар баёнияе гуфт, ки таркиш дар байни истгоҳҳои Институти Технологӣ ва Майдони Сенная дар маркази шаҳр ва соати дуву чиҳил дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.

Баъди таркиш тамоми метрои шаҳрро бастаанд. Сухангӯи кумита Андрей Пржедомский ба телевизиони давлатии Русия гуфт, дар метрои дигари марказӣ дар истгоҳи Майдони Восстания як бомби нотаркида ёфта ва “зуд безарар” кардаанд.

Додситонии кулли Русия бо нашри баёнияе гуфт, ки таҳқиқи таркиш дар метрои Санкт Петербург шурӯъ шудааст ва Сергей Литвиненко додситони шаҳр ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Ҷузъиёти дигаре гуфта нашудааст.

Виктор Озеров, раиси Кумитаи дифо ва амният дар палатаи болоии порлумони Русия гуфт, ки ғолибан таркиш “амали террористӣ” аст. Ба қавли вай насби оҳанпораҳо ба абзори тарканда, аломате аз амали террористӣ аст.

Захмиёни таркиш дар метроро чархболҳо ба шифохона интиқол доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Масъулияти ҳодисаро касе бар дӯш нагирифтааст. Аммо дар ду даҳсолаи гузашта бомбгузорони маргталаб чанд дафъа шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳои Русияро ҳадаф гирифтаанд.

Дар моҳи декабри соли 2013 дар натиҷаи ду бобмгузорӣ дар шаҳри Волгоград 30 нафар кушта шуданд. Соли 2009 дар натиҷаи таркиши як қаторе, ки аз Маскав ба Санкт-Петербург мерафт, 27 нафар кушта шуданд. Аммо то кунун дар худи Санкт-Петербург, дуввумин шаҳри бузурги Русия ҳамлаи бузурге сурат нагирифта буд. Мақомот ин бомбгузориҳоро кори дасти тундравон дар Чеченистон ва Қафқози шимолӣ хондаанд.

Ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ баъди ҳамла ба ҳукумати Русия изҳори ҳамдардӣ карданд. Аз ҷумла Жан Марк Айро, вазири умури хориҷии Фаронса ва Борис Ҷонсон аз Бритониё гуфтаанд, ҳарчанд ҳоло сабабҳои ҳодиса маълум нест, аммо ба аҳли хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Намояндагии дипломатии Амрико дар Русия ҳам бо нашри баёнияе гуфт, «Дар ҳоле, ки мақомот барои кӯмак ба осебдидагон ва маълум кардани сабабҳои ҳодиса кор мекунанд, мо ғамшарики осебдидагон ва хонаводаҳои онҳо ҳастем.»

Дар шаҳри Санкт Петербург ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам кору зиндагӣ мекунанд ва ҳоло маълум нест, ки касе аз онҳо дар ин таркиш осеб дидааст, ё не.

XS
SM
MD
LG