Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як қазоқистониро барои гуфтани "Шараф ба Украина" ҳабс кард


Маскав, 27-уми марти 2024
Маскав, 27-уми марти 2024

Додгоҳе дар вилояти Свердлови Русия шаҳрванди Қазоқистон Андрей Хохловро, ки дар шуъбаи пулис "Шараф ба Украина" гуфта буд, 13 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Додрас сухани қазоқистониро намоиши рамзи ифротгароӣ донист.

Ба иттилои "Медиазона", шаҳрванди Қазоқистон 4-уми июн барои дашном додан боздошт ва ба шуъбаи пулис бурда шуда буд. Ӯ дар шуъбаи пулис, фарёд задааст, ки "Шараф ба Украина".

Вайро нахуст барои дашном додан дар ҷойи иҷтимоӣ 500 рубли русӣ ҷарима баста, барои "Шараф бар Украина" гуфтан 13 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардаанд. Додрас гуфтааст, "Шараф бар Украина" шиори созмони ифротгарои Ассамблеяи миллии Украина - "Дифоъ аз мардуми Украина ва "Ҷабҳаи рост" мебошад.

Хохлов "гуноҳ"-и худро эътироф карда, гуфтааст, замони "Шараф бар Украина" гуфтан маст буд.

XS
SM
MD
LG