Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми амрикоӣ Тоҷикистонро ба қазовати мунсифонаи боздоштҳои ахир даъват кард


Акс аз www.washingtonpost.com
Акс аз www.washingtonpost.com

Мақоми Департаменти Давлатии ИМА аз Тоҷикистон даъват кард, ки боздоштҳои ахири намояндагони аршади ҳизби наҳзати исломиро дар чаҳорчӯби тааҳудоти байналмилии худ пажӯҳиш кунад.

Роб Бершински, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар бахши демократия, ҳуқуқи башар ва кор ҳамчунин гуфт, ки бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон паёмадҳои манфиеро ба думбол хоҳад дошт. Бершински, ки бо хабарнигори Озодӣ дар Вашингтон сӯҳбат мекард, дар робита ба даргириҳои мусаллаҳонаи авоили мои равон дар маркази Душанбе ва ба думболи он боздошт шудани як идда раҳбарои ҳизби исломии Тоҷикистон гуфт, бастани гурӯҳе, ки дар ҷараёнҳои сулҳомези сиёсӣ иштирок мекунад, натиҷаи манфӣ ба бор меорад. "Ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани экстремизми пурхушунат хоҳад шуд". Роб Бершински афзуд, ки Амрико дар заминаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳамеша ба мақомоти ин кишвар машварат додааст, ки аз гурӯҳҳои оппозитсионӣ, ки фаъолиятҳои сиёсии сулҳомезро анҷом медиҳанд, пуштибонӣ кунад.

Ҳамзамон ин мақоми амрикоӣ аз Тоҷикистон даъват кард, боздоштҳои ахирро, ки ба думболи хушунатҳои чанде пеш анҷом шудаанд, мутобиқ бо ӯҳдадориҳои байналмилалии худ таҳқиқ кунад.

Ба думболи ҳуҷуми мусаллаҳонаи гурӯҳи таҳти назари собиқ ноиби вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба пойгоҳи низомии давлат дар маркази Душанбе ва идораи пулиси шаҳри Ваҳдат дар таърихи 4 сентябр, мақомоти Тоҷикистон дастикам 13 узви аршади Ҳизби Наҳзати Исломиро боздошт карданд. Боздошти раҳбарони ҳизб дар таърихи 16-17 сентябр ҷараён гирифт ва ба думболи ин Додситонии кулли Тоҷикистон ҳизби исломӣ ва раҳбарони онро ба даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳонаи Назарзода муттаҳам кард.

Амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода, ки беш аз 100 нафар ҳисоб шуд, 12 рӯз идома кард ва рӯзи 16 сентябр мақомот аз анҷоми амалиёт ва маҳви комили ин гурӯҳ хабар доданд. Бар пояи ин ҳодисаҳо, ҳудудан 100 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти ҲНИТ иттиҳоми даст доштан дар ташкили дастаи мусаллаҳро беасос ва баҳонаи бастани фаъолияти ин ҳизб унвон карданд.

Боздошти 13 узви аршади ҳизби исломии Тоҷикистонро созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Human Rights Watch ва Amnesty International шадидан интиқод ва аз ҳукумат даъват карданд, ки боздоштшудаҳоро оҷилан озод кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG