Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Боздошти аъзои ҲНИТ ба фаъолияти сиёсии онҳо марбут аст


Дар изҳороти созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон аз таҳдиди шиканҷаву мавриди бадрафторӣ қарор гирифтани фаъолони ҳизби сиёсӣ изҳори нигаронӣ шудааст.

Дар изҳороти созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо шудааст, ки раҳбарони боздоштшудаи ҳизби мухолифи ҳукуматро озод кунанд, ваё ин ки далели гунаҳгор будани онҳоро ба намоиш гузоранд.

Созмонҳои мӯътабари мудофеи ҳуқуқи инсон –Афви байнулмилал (Amnesty International), Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Кумитаи Ҳелсинкӣ дар Норвегия ва Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳорот аз боздошти якбора 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Аъзои раёсат ва фаъолони ҳизб, аз ҷумла, ҳама муовинони раиси ҳизб – Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадлии Ҳайит, Воҳидхон Қосиддинов ва дигарон, аз ҷумла як хонум – ҳуқуқшинос Зарафо Раҳмонӣ дар рӯзҳои 16-17 сентябр боздошт шуданд.

Додситонии кулл ҲНИТ-ро дар ташкили ошӯбҳои мусаллаҳонаи шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дар рӯзи 4 сентябр гунаҳгор эълон кард. Созмонҳои мудофеи озодии баён мегӯянд, мақомоти тоҷик бояд ки ин боздоштшудаҳоро дафъатан озод кунанд ва ё далели раднопазири даст доштани онҳоро дар ҷиноят намоиш диҳанд, ки барои боздошти онҳо сабаб шавад. Ин созмонҳо тақозо мекунанд, ки боздоштшудаҳо бояд ҳатман ба вакили дифоъ бояд дастрасӣ дошта бошанд. Дидбони ҳуқуқи башар ва Афви байнулмилал менависанд, ки ҳарос доранд, боздоштшудаҳо бо таҳдиди шиканҷа ва ё бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Дар изҳороти онҳо гуфта мешавад, ки ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳама шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ба ҳукумат фишор оваранд, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ пойбанд бошанд ва озодии баён, маҷлис ва динро риоя кунад. Афви байнулмилал мегӯяд, аъзои ҳизби мухолифини ҲНИТ солҳои охир пайваста мавриди фишору таҳдиди мақомот қарор доштанд.

Дар паи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи марти имсол, ин ҳизб аз ду курсии парлумониаш маҳрум шуд ва охири моҳи август аз ҷониби вазорати адлия ҳушдор гирифт, ки дигар ҳаққи фаъолият дошта наметавонад. Ин созмон мегӯяд, ки боздошти аъзои ин ҳизб ба фаъолияти сиёсии онҳо рабт дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон қарор аст бо гузашти се шабонарӯз аз боздошти фаъолони ҲНИТ дар робита бо сарнавишти онҳо қарори худро нашр кунад - агар онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шаванд, пас бояд иттиҳом ва мӯҳлати боздошти онҳо эълон шавад, вагарна онҳо бояд озод шаванд.

Раиси ҳизб - Муҳиддин Кабирӣ, ки ним соли охир дар хориҷа ба сар мебарад, тамоми иттиҳоми болои ин ҳизб ва аъзоёнаш боршуда дар мавриди даст доштани онҳо дар низои мусаллаҳонаи генерал Назарзодаро рад кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG