Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи президенти Радиои Озодӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон


Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ
Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба аҳдаш дар бораи имкон додан ба фаъолияти бемамониати кормандони радио дар Тоҷикистон вафо накардааст. Изҳороти президенти Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ нашр шуд ва нусхаи он ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам фиристода шуд. Дар он омадааст, бо назардошти чунин вазъият, мумкин аст, Радиои Озодӣ шеваҳои дигари фаъолияташро дар Тоҷикистон баррасӣ кунад.

Ҷейми Флай номаро ба вазир баъд аз он фиристод, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ барои ҳамагӣ ним сол парвонаи кор дод. Бар асоси қонун, дар Тоҷикистон вазорат ба хабарнигорон иҷозаи кори яксола бояд бидиҳад. Айни замон 7 корманди Радиои Озодӣ аз ҳаққи кор дар дафтар маҳруманд ва 7 нафари дигар низ фақат моҳи октябри соли гузашта барои муддати маҳдуд иҷозаи фаъолият гирифтаанд.

Ҷейми Флай дар нома навиштааст, "аккредитатсияи нима ҳамроҳ бо озори хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки ҳукумати шумо барои имкон додан барои фаъолияти бемамониати Радиои Озодӣ самимӣ нест" ва "ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро барои эҳтиром ба матбуоти мустақил риоя намекунад".

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти тоҷик дархост кардааст, ки бидуни таъхир иҷозатномаи фаъолияти ҳамаи кормандони Радиои Озодиро содир кунад.

Дар оғози моҳи ноябри соли гузашта президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Швейтсария мулоқот кард ва ду тараф вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ ҳам, рӯзи 14-уми январ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Созмон дар гузорише навишт, "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр... зери фишори зиёд қарор гирифт."

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз чанд расонаи ангуштшуморе дар Тоҷикистон аст, ки ахбори дуруст ва бетарафона нашр мекунад ва бинандаву хонандаи зиёде дорад. Вебсайти Радиои Озодӣ аз вебсайтҳои асосии хабарӣ ва пурхонанда дар Тоҷикистон аст. Канали Радиои Озодӣ дар Ютуб бо тақрибан 900 ҳазор пайрав маҳбубтарин канал дар кишвар ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG