Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Сироҷиддин Муҳриддин ба мушкили аккредитатсияи хабарнигорони Озодӣ


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел. 10-уми декабри соли 2019
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел. 10-уми декабри соли 2019

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел ба суолҳо дар бораи мушкили аккредитатсия ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ посух дод. Ҳоло 11 хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ дар Душанбе аз ҳаққи кор маҳруманд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, “имсол ду дафъа бо Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мулоқот доштем. Моҳи октябр эътиборномаи ҳафт хабарнигор ва корманди фаннии Бахши Тоҷикии Радиои Озодиро тамдид кардем. Чаро ин вақти фарқкунанда гирифт ва шабеҳи дигар кишварҳо нест? Барои он ки муқаррароти кишвар чунин аст. Ҳар кишвар муқаррароти худро дорад."

Рӯзи 31-уми октябр, пас аз баёнияҳои бешумори созмонҳои байнулмилалӣ ва ватанӣ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 6 хабарнигор парвонаи нимсола ва ба як нафар семоҳа дод. Мудирияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дода шудани ин ҳафт парвонаи корро "назарфиребӣ" номид.

Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи суҳбаташ дар бораи аккредитатсияи хабарнигорон ба вазъи амниятӣ дахл кард ва гуфт, “Шумо медонед, мо рӯбарӯ бо Афғонистоне ҳастем, ки аз он ҷо мушкилоти зиёде таҳдид мекунад. Ва шумо медонед, ки дар муддати кӯтоҳи истиқлоли худ мо ҷанги шаҳрвандӣ доштем ва омилҳои зиёди дигаре ба амният ва суботи кишвар таъсир мекунанд. Аз ҳамин сабаб нақши васоити ахбори ом дар кишвар хеле муҳим аст. Ва журналистон ва намоянагони матбуот бояд ҳамаи фаъолиятҳои худро дар доираи қонунҳои мавҷудаи миллӣ анҷом диҳанд.”

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон нагуфт, ки кай ба хабарнигорону кормандони фаннии Радиои Озодӣ парвонаи кор дода хоҳад шуд, вале афзуд, “мо бо хабарнигорон ва намояндагони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аллакай баҳсҳо кардем ва бо онҳо бисёр ҳамкории мусбат дорем. Мо беҳтарин талошамонро барои ҳамкории беҳтари оянда бо ин радио хоҳем кард."

Дар оғози моҳи ноябри имсол президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва ду тараф вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз охирин манбаъҳои хабарии мустақил аст, ки бо гузориш додан аз воқеаҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз онҳо хабар намедиҳанд, шунаванда ва бинандаи бешумор дорад. Шабакаи Ютюби он бо тақрибан 900 000 обуначӣ ва 200 миллион биниши видеоҳояш дар як соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф аст. Сафҳаи фейсбукии он 184 000 пайрав дошта, танҳо видеоҳои он дар як сол 14 миллион бор дида шудаанд.

XS
SM
MD
LG