Ду ҳафта пеш аз пирӯзии ҳайратангези Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо имзои як қонун шартҳои беҳтар кардани робитаҳо бо Амрикоро як ба як навишт. Бо ин қонун Владимир Путин иҷрои шартномаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи коҳиши захираи плутонийуми лозим барои силоҳҳои атомиро мутаввақиф кард ва чанд шарте гузошт, ки иҷрои он дар замони Барак Обама, раиси ҷумҳур аз Ҳизби демократ мисли орзу ба назар мерасид.
Маълум нест, ки ӯ бо Владимир Путин дар кадом арса муомилае карда метавонад, вале барои муомила бо Русия аз Барак Обама мероси зиёде гирифтааст.
Дар қонун Владимир Путин мехоҳад, таҳримот ба зидди Русия бардошта шаванд, ҳузури низомии Амрико дар Аврупои Шарқӣ коҳиш ёбад. Доналд Трамп, ки зимни корзори интихоботӣ баръакси сиёсати ҳукумати Барак Обама, равияи дигареро пеш гирифт, гуфт, ки мехоҳад, ҳамкориҳо бо Русия, аз ҷумла дар мубориза бо терроризмро беҳтар кунад. Акнун, ки Доналд Трамп, рақибаш аз Ҳизби демократ, Ҳилларӣ Клинтонро шикаст дод, мақомоти Русия изҳори хушбинӣ доранд, ки раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико касест, ки метавонад, бо ӯ кор кунанд.
Доналд Трамп, ки вақти корзори интихоботӣ барои изҳори назарҳои мусбат дар бораи Владимир Путин, зери танқиди зиёд қарор гирифт, худро фарди забонёбе номидааст. Ӯ гуфтааст, метавонад, бо Русия созише бандад, ки “барои Амрико олӣ ва барои Русия ҳам хуб бошад.” Маълум нест, ки ӯ бо Владимир Путин дар кадом арса муомилае карда метавонад, вале барои муомила бо Русия аз Барак Обама мероси зиёде гирифтааст.
Таҳримоти Украина
Дар посух ба амалкардҳои Русия ғасби нимҷазираи Қрими Украинаро дар моҳи марти соли 2014 ва ҳимояти баъдӣ аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, Барак Обама ба зидди гурӯҳе аз афрод, тоҷирон ва бахшҳои иқтисодӣ Русия таҳрим эъмол кард ва иқтисоди кишварро ба рукуд андохт. Доналд Трамп гуфтааст, масъалаи даъвои Русия барои соҳибихтиёрӣ ба нимҷазираи Қрим ва бардоштани таҳримҳоро баррасӣ мекунад. Азбаски эъмоли таҳримот бар асоси фармони махсуси худи Барак Обама буд ва ҳеҷ ризоияти Конгрессро тақозо намекард, барои Доналд Трам беэътибор кардани фармон бисёр осон аст.
Раиси ҷумҳури нав метавонад, дар рӯзи нахустини кораш тамоми таҳримот ба зидди Русияро бардорад. Аммо ин кор барояш осон намешавад, зеро хашми вакилони амрикоӣ, бахусус аз худи Ҳизби ҷумҳурихоҳро бармеангезад ва ба мунтақидони Трамп як “дастаки” дигар медиҳад, ки ӯро ”лӯхтаки” Кремл ном баранд. Иборае, ки Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни корзори интихоботӣ батакрор истифода кардааст ва Доналд Трампро онро ёва номидааст. Бо назардошти қавли Трамп, ки гуфтааст, Амрико бо Путин “созиши олӣ” ба даст меорад, зоҳиран ӯ бе гузаште аз Русия наметавонад, таҳримот алайҳи Маскавро аз байн бардорад.
Доналд Трамп баъди нишастан дар курсии раиси ҷумҳур шаш ҳафта дар ихтиёр дорад, то дар робита ба таҳримоти вобаста ба Украина, қарорҳои муҳимро қабул кунад. Фармони 13660, ки расидагӣ ба масъалаи Украинаро “масъалаи изтирории миллӣ” номидааст ва асос барои эъмоли таҳримот шуд, дар ҳафтаи аввали моҳи март аз эътибор соқит мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати лағви ин фармон ва ё аз эътибор соқит шудани санад, тамоми санадҳои дигари таҳримот ба зидди Русия, беэътибор мешаванд.
Мақомоти Русия изҳори хушбинӣ доранд, ки раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико касест, ки метавонад, бо ӯ кор кунанд."
“Тамоми фармонҳои ҳукуматии вобаста ба Украина, бар асоси фармони 13660 содир шудаанд ва ё миқёси иҷрои онро васеътар кардаанд“, –мегӯяд, Эрик Феррарӣ, ҳуқуқдони амрикоӣ, ки бештар бо масоили таҳримот кор мекунад.
Питер Кик, мушовири аршади собиқи вазорати молияи Амрико дар умури таҳримот мегӯяд, сипарӣ шудани мӯҳлати эътибори фармони Обама дар март, кори “бисёр ғайриоддӣ” мешавад, чун номаълумиҳои зиёдеро дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Барак Обама ба вуҷуд меорад.
Ба гуфтаи Питер Кик, Доналд Трамп дигар роҳе надорад, ё бояд фармони нав қабул кунад, ё мӯҳлати эътибори фармони пешинаро тамдид намояд, чунки дар ҳамин ҳолат мавзеъгирии ҳукуматаш возеҳ мешавад. Агар таҳримот ба зидди Русияро бардорад, дар он сурат, ҳампаймонҳои Амрико, ки ба зидди Маскав таҳримот эъмол карданд, водор мешаванд, ин иқдомоти танбеҳиашон нисбат ба Маскавро бознигарӣ кунанд.
Санади Магнитский
Доналд Трам дар масъалаи ислоҳ ва ё бознигарии қонуни соли 2012 маъруф бо номи Санади Магнитский озодии камтар дорад, чун онро ҳарду палатаи Конгресс қабул карданд ва сипас Обама имзо гузошт. Бар асоси ин қонун, он афроде, ки дар марги Сергей Магнитский, ҳуқуқдон ва аудитори рус дар соли 2009 ва дигар нақзи ҳуқуқ нақш доштанд, аз ҳаққи сафар ба Амрико маҳрум шуданд ва мавриди таҳрими иқтисодӣ қарор гирифтанд. Сиву нӯҳ нафар ошкоро ва теъдоди номаълуми дигар дар феҳрасти таҳримшудаҳо ҳастанд.
Владимир Путин, дар қонун дар бораи коҳиши захираҳои плутониум хостааст, ки Санади Магнитский беэътибор карда шавад. Бо вуҷуди онки ҳарду палатаи Конгресси Амрико дар дасти ҷумҳурихоҳон аст, лағви ин санад барои Трамп кори осоне нест. Конгресс бояд худаш ҷараёни лағви санадро, ки бо ҳимояти ҳам демократҳову ҳам ҷумҳурихоҳон қабул шуд, шурӯъ кунад.
Агар Доналд Трамп бо талошҳои ҳамаҷониба ҳам натавонад, Санади Магнитскийро беэътибор кунад, аммо таъсирашро кам карда метавонад. Бар асоси қонун, раиси ҷумҳури Амрико метавонад, ба феҳрасти сиёҳ номи афроди дигарро ворид кунад ва ё аз изофаи ном ба феҳраст худдорӣ намояд. Қонун ба Доналд Трамп ҳақ додааст, номҳои афроди алоҳидаро аз феҳраст берун кунад, ба шарте ки дар Конгресс ваҷҳҳои дуруст нишон бидиҳад ва аз ҷумла далел биёрад, ки ин афрод дар нақзи ҳуқуқ даст надорад.
Ҳузури Амрико дар Аврупои Шарқӣ
Русия баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз густариши НАТО ба шарқи Аврупо асабоният нишон медод. Аз ин рӯ интиқодҳои батакрори Трамп аз НАТО ба гӯши мақомоти Русия форам мерасад. Владимир Путин дар қонуни нав талаб кардааст, ки теъдоди нерӯҳои НАТО дар 9 кишвари узв дар шарқи Аврупо ва аз ҷумла кишварҳои соҳили Балтик бояд ба сатҳи моҳи сентябри соли 2001 коҳиш дода шавад. Ба сатҳи замоне, ки Русияву Амрико созишнома дар бораи коҳиши захираҳои плутониум имзо карданд.
Вале берун кардани нерӯҳои НАТО аз ин кишварҳо низ кори осоне нест, зеро ризоияти тамоми кишварҳои узвро талаб мекунад ва ба гуфтаи Симон Сараджён, таҳлилгари умури амниятӣ дар Маркази Бефлер дар Донишгоҳи Кеннедӣ дар Амрико “ҳаракати бисёр баҳсбарангез” мешавад.
Комиссияи ҳамкориҳои муштарак
Дар қонуни нав, Владимир Путин аз Амрико хостааст, ки аз тамоми “сиёсатҳои ғайридӯстона” дар баробари Русия даст кашад. Дар марҳилаи аввал Доналд Трамп метавонад, барои эҳёи кори “Комиссияи дуҷонибаи президентӣ” саъй кунад, ки Барак Обама барои беҳбуди равобит бо Русия ташкил дод ва ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, коҳиши аслиҳа ва ҷомеаи маданиро беҳтар кард.
Аммо кори комиссия баъди ғасби Қрим аз тарафи Русия қатъ шуд ва то кунун фаъол нест. Барои ҳамин маълум нест, ки Трамп кори комиссияро фаъол мекунад, ё не аммо дар худаш дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар рӯзи 14-уми ноябр гуфтааст, ки алоқаманди барқарории робитаҳои зич ва пойдор бо ҳукумат ва мардуми Русия аст.